Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус ба беш аз 20 коргари ширкати Тоҷикистону Чин сироят кардааст


Матбуоти Чин гузориш дод, ки дар давоми як ҳафта 23 коргари "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" дар вилояти Суғд ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Нашрияи "Фазои Шарқ" навишт, ҳабдаҳ нафари онҳо шаҳрвандони Чин ва шаш бемори дигар аз Тоҷикистон ҳастанд. Гирифтории онҳо дар рӯзҳои 28-уми май ва 2-юми июн тасдиқ шудааст.

Ба навиштаи нашрия, яке аз беморон муовини раиси "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" аст, вале мақомот ҳанӯз хабарро расман тасдиқ ё рад накардаанд. Коргарони чинӣ ба нашрия гуфтаанд, яке аз ошпазҳои корхона ҳам гирифтори вирус шудааст ва онҳо бо ҳадафи эҳтиёт ва пешгирӣ аз густариши беморӣ дари ошхонаро муваққатан бастаанд.

"Феълан ҷамъияти 3000-нафарии корхона интизори ҷавоби ташхисҳои худ ҳастанд", - навиштааст нашрияи "Фазои Шарқ"-и Чин.

Дар "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" 3000 кас фаъолият доранд ва аз ин шумора 1100 нафар чинӣ ҳастанд.

Аз ин пеш, рӯзи 8-уми май, дар бораи фавти як коргари "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" аз музофоти Ҳенан дар гузориш шуда буд. Он вақт пизишкони тоҷик сабаби даргузашти ӯро на бемории ҳамагир, балки дарди меъда ташхис доданд.

Охири моҳи май як гурӯҳ аз табибон аз музофоти Шенсии Чин, ки иттифоқан аксари коргарони "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" низ аз ин минтақа ҳастанд, барои кумак ба ҳамкасбони худ ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо дар оғоз аксар коргарони чинии ширкати муштаракро аз ташхис гузарондаанд.

Коргарони чинии "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" ба хабарнигорон гуфтаанд, ҳарчанд дар худ нишонаҳои вирусро медиданд, ташхисҳои пизишкони тоҷик ҳамвора онҳоро солим нишон медод.

Ба навиштаи "Фазои Шарқ", баъд аз нашри мақолаҳо дар бораи эътирози коргарони чинӣ мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон субҳи 24-уми май бо онҳо дар тамос шуда, "то ҷое ба мушкилашон расидагӣ сурат гирифтааст". Мақомот дар ин бора расман чизе нагуфтаанд. Ба қавли коргарони чинӣ, қисми зиёди маоши худро гирифтаанд ва ҳоло танҳо интизори бозгашт ба ватан ҳастанд.

Коргарони чинии "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" дар охири моҳи майи имсол барои, ба гуфтаи онҳо, нагирифтани маоши ҳаштмоҳаи худ эътироз карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, коргарони чинӣ ба корхона бо сангу чӯб ҳамла кардаанд ва нирӯҳои милиса барои пароканда кардани онҳо ба ҳаво тири огоҳкунанда холӣ намудаанд. Мақомот гуфтанд, "коргарони чинӣ ба хотири дарёфти маош аз раҳбарони худ, ки низ чинӣ ҳастанд, эътироз намуданд."

Дертар бархе аз коргарони чинӣ ба матбуоти Чин гуфтанд, "аз густариши COVID-19 нигаронанд ва мехоҳанд, ба ватани худ баргарданд", вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, роҳҳо бастааст ва феълан имкони баргаштани онҳо вуҷуд надорад.

Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" моҳи июни соли 2007 дар шаҳраки Зарнисори Гулистон, Қайроққуми собиқ, ба кор оғоз кардааст. Дар ин корхона асосан ба коркарди металҳои ранга ва рӯҳ машғуланд.

Корхонаи мазкур қодир аст соле 1 миллион тонна маъдани сурбу рӯҳро коркард кунад. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин"-ро дар баробари корхонаи муштараки тилои “Зарафшон” бузургтарин ширкатҳои андоздиҳандаи Тоҷикистон ном бурда буд, вале соли гузашта даромади ширкат 17 дарсад кам шудааст.

Аз идора: Бахше аз хабарро аз чинӣ ба тоҷикӣ рӯзноманигор Фарзон Муҳаммадӣ баргардон кардааст

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG