Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссияи экологӣ: "Ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ муҳим аст"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон созмонҳои ғайридавлатиро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.

Мағфират Хидирова, вакили мардумӣ, ҳадаф аз ҳамкории парлумон бо созмонҳои ғайридавлатиро дар ҳалли масоили экологӣ чунин тавзеҳ дод: "Як мақомоти алоҳидаи давлатӣ дар танҳоӣ наметавонад, ба ҳама масоили экологӣ расидагӣ кунад ва дар ин самт робитаи мақомоти давлат бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим аст. Ба ин далел, ки фаъолияти ин созмонҳо аз ташаббусҳои шаҳрвандони одӣ маншаъ мегирад ва ин созмонҳо ба мардум робитаи қавӣ доранд.”

МУШКИЛИ БИОЛОГӢ Ё СИЁСӢ?

Рустам Латифов, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси Намояндагон

Рустам Латифов, раиси Комиссияи экологии парлумон, гуфт, ба ҳамин далел онҳо ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатиро дар авлавияти кори комиссия қарор додаанд.

Вай афзуд, “комиссия тасмим гирифтааст, бо созмонҳои ғайридавлатии экологӣ ҳамкориҳои густарда ба роҳ монда, ин созмонҳоро ба таҳияи қонунҳо низ ҷалб бикунад.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, узви Комиссияи экологии парлумон, масоили экологӣ имрӯз ба мушкили биологӣ, табиӣ ва зистмуҳитӣ хулоса нашуда, балки ба мушкилоти глобалӣ ё ҷаҳонӣ гиреҳ хӯрда, ҷанбаи сиёсӣ касб кардааст.

Алихон Латифӣ, раҳбари созмони ғайридавлатии “Барқ консалтинг” мегӯяд, созмонҳои ғайридавлатӣ Комиссияи экологии парлумонро дар ҷараёни мушкилоти экологии ҷумҳурӣ минтақа ва ҷаҳон қарор додаанд.

Ҷаноби Латифӣ, масъалаи доғи экологӣ дар ҷумҳуриро чунин шарҳ дод: “Масъалаи об, биёбонзудоӣ ва аз байн рафтани гуногунии биологӣ аз мавзӯоти муҳим аст. Барои мисол, агар аз як сӯ, дар Тоҷикистон норасоии об бошад, аз сӯи дигар бисёре аз заминҳо ба ботлоқ табдил шудааст. Масъалаи биёбонзудоӣ ва аз байн рафтани гуногунии биологӣ ин пеш аз ҳама бераҳмона нобуд кардани ҷангалзорҳо дар Тоҷикистон аст, ки ба дунболаш обхезӣ, сел ва биёбоншавиву аз байн рафтани намудҳои набототу ҳайвонотро дорад.”

АЛАЙҲИ ҶУНБИШИ ЭКОЛОГИИ УЗБАКИСТОН?

Вай мушкили дигарро иддаоҳои экологии Узбакистон ба Тоҷикистон дар мавриди нерӯгоҳи Роғун хонд.

Дар ҳамин ҳол, Муаззама Бурҳонова, раиси созмони ғайридавлатии экологӣ, аз Комиссияи экологии парлумон даъват кард, ки ба иддаоҳои аз як сӯ беасос ва аз сӯи дигар фармоишии Ҷунбиши экологии Узбакистон, ки ангезаи сиёсӣ дорад, посух бидиҳад.

Хонум Бурҳонова афзуд, “бояд иттилооти дақиқеро дар робита ба тарҳи сохтмони Роғун дар дасти мардум ва Ҷунбиши экологии Узбакистон қарор диҳем. Парлумон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатии экологӣ ҳамин матолиби чопиро омода ва ба дасти мардум бирасонанд. То мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бидонад, ки иддаои Ҷунбиши экологии Узбакистон ҷуз сиёсат чизи дигаре нест.”

Бархе аз коршиносон ба ҳамкорӣ хондани созмонҳои экологии ғайридавлатӣ аз сӯи парлумонро як навъ муқобила ба Ҷунбиши экологии Узбакистон дониста мегӯянд, ин талошҳо ҷуз афзоиши мухолифат ба натиҷае дар ҳалли масоили экологӣ нахоҳад расид.

ҲАМКОРӢ ДАР МАСОИЛИ ДОҒИ ЭКОЛОГӢ

Аммо Татяна Алихонова, коршиноси мустақил, ба ин назар розӣ нест. Вай мегӯяд, "созмонҳои ғайридавлатии экологӣ дар баҳсу мунозираҳои сиёсӣ шарик намешаванд. Балки натиҷаи пажӯҳишҳои худро ба унвони шаҳрванде, ки барои манфиатҳои миллии ҷумҳурии худ талош дорад, ироа мекунанд. Аз ин лиҳоз, ба назари ман, ҳамкорӣ бо парлумон судманд аст. Аз тарафи дигар, созмонҳои ғайридавлатиянд, ки аз камбуди ҷомеа ҳарф мезананд ва давлатро барои ҳалли ин масоил ва мушкилоти глобалӣ водор месозанд."

Дар ин гуфтугӯи Комиссияи экологии парлумон ва созмонҳои ғайридавлатӣ, комиссия ба хулосае омад, ки аз ин ба баъд дар масоили доғи экологӣ ва таҳияи қонунҳо бо созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ кунад.

Зеро ба гуфтаи Рустам Латифов, ҳалли масоили экологӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа бидуни ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ, ки ба мардум ва афкори мардум наздиканд, ғайримумкин аст.

XS
SM
MD
LG