Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон рӯзи 30 декабр бо аксарияти оро Қубат Оторбоевро ҳақиқатчӣ ё омбудсмен (ваколатдори ҳуқуқи инсон)-и ин кишвари пасошӯравӣ интихоб кард. Қубат Оторбоев, ки аз сӯи фирқаҳои ду ҳизби сотсиал-демократ ва “Қирғизистон” ба ин мақом пешбарӣ шуда буд, вада дод, ки дар фаъолияти худ рӯи масоили доғи ҳуқуқи башар, ба мисли шиканҷа тамаркуз карда, мустақилона аз мақомот амал хоҳад кард.
Аммо мухолифон то кадом ҳад шаффофу одилона будани интихоби омбудсмени навро ба чолиш кашида, ба мустақилияти ӯ низ шак доранд.
Барои дарёфти мақоми ҳақиқатчӣ 7 нафар довталаб буданд, вале дар рӯзи овоздиҳӣ 4 тани онҳо номзадии худро пас кашиданд. Бархе номзадии худро ба фоидаи номзадҳои дигар гирифтанд ва бархе ҳам ба далели шаккашон ба одилона сурат гирифтани интихоби омбудсмен.
Яке аз ин номзадҳо Мавлон Аскарбеков аст, ки мегӯяд, дар ҷараёни овоздиҳӣ манфиатҳои ҳизбӣ дар мадди аввал гузошта шудааст: “Инҷо бӯе аз манфиатҳои мардуму давлат намекунад. Дар интихоботи ҳақиқатчӣ ба мадди аввал манфиатҳои ҳизбӣ гузошта шудааст. Ман барои ҳамин номзадиамро пас гирифтам, чунки беҳуда будани идомаи муборизаро фаҳмидам.”
Дар натиҷа Қубат Оторбоев бо касби 63 овоз ҳақиқатчии нави Қирғизистон интихоб шуд. Рақибони ӯ Алишер Мамасолиев ва Рита Қарасартова 26 овозӣ гирифтанд.
Интихобот бояд махфӣ мегузашт. Вале дида мешуд, ки ҷараёни овоздиҳӣ назорат мешавад. 4 вакил аз 4 ҳизби сотсиал-демократ, Қирғизистон, Республика – Ота-Журт чигуна овоз додани ҳамкасбони худро назорат мебурданд. Вакилон баъди пур кардани баргаи овоздиҳӣ қабл аз онки баргаҳоро ба сандуқ биандозанд, ба ин 4 вакил нишон медоданд, ки ба кӣ овоз додаанд.
Намояндагони мухолифин исрор мекарданд, ки омбудсмен бояд нафари мустақиле бошад, ки аз манфиатҳо тарафи мақомот намояндагӣ накунад.
Рита Қарасартова баъди шикасташ дар овоздиҳӣ аз он изҳори таассуф кард, ки эътилофи ҳоким, яъне аксарият барои ба дӯши намояндаи ақалият гузоштани ҳатто умури дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҷуръат накард. Ӯ гуфт: “Ҳукумат ноил шуд, то одами худашро ба мақоми ҳомии асосии ҳуқуқи инсон таъин кунад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳуқуқи шаҳрвандон асосан аз сӯи мақомот поймол карда мешавад. Акнун ҳуқуқи шаҳрвандеро, ки таҳти фишори мақомот қарор мегирад ваё милиса шиканҷааш медиҳад, кӣ ҳимоят хоҳад кард? Чигуна омбудсмени намояндаи мақомот метавонад онҳоеро, ки ӯро ба ин курсӣ шинондаанд, танқид кунад?”
Аммо Қубат Оторбоев ваъда дод, ки дар мақоми нав мустақилона аз мақомот амал хоҳад кард ва масоили доғе, чун шиканҷаву қонуншиканиҳо ва поймол шудани ҳуқуқи мардумро беибо доман хоҳад зад: “Аз кадом ҳизб ё фирқа будани ҳақиқатчӣ муҳим нест. Ӯ аз замони интихобаш ба ин мақом бояд ба манфиати тамоми мардум кор кунад. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба далели қарорҳои нодурусти мансабдорону ниҳодҳои давлатӣ пайваста зери по мешавад. Мехоҳем мо инро ё намехоҳем, ҳақиқатчӣ бояд дар бораи ҳама чиз ҳарф занад. Ксе шояд ӯро барои ин эҳтиром кунад ва касе ҳам шояд бад бинад, вале ин кори ҳомии асосии ҳуқуқи инсон аст.”
Оторбоев аммо аз тарҳи қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ”, ки назорати бештари давлат ба фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро дар назар дорад, пуштибонӣ кард. Ӯ гуфт, ҳамаи пулҳое, ки аз хориҷ меоянд, бояд шаффофу боз бошанд.
Қубат Оторбоеви 43-сола аз рӯи касб журналист аст. Ӯ собиқаи хабарнигориашро соли 1994 оғоз карда, солҳои 2000 – 2001 хабарнигори Пажӯҳишгоҳи ҷарнг ва сулҳ, аз соли 2002 хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва солҳои 2005-2010 мудири дафтари Озодӣ дар Бишкек буд. 7 апрели соли 2010, баъди суқути ҳукумати президенти собиқ Қурмонбек Боқиев раҳбари ширкати ҷамъиятии телевизион ва радиои Қирғизистон интихоб шуд ва то моҳи августи соли 2014 дар ин мақом кор кард.