Аз даҳ нафар дар рӯз танҳо 1 нафар ё телефон мехарад ё ангуштарии тилло, вале нӯҳ нафари дигар барои харидории маҳсулоти мавриди назар ё пули кофӣ надорад ва ё аслан пул надорад.
Набуди маблағ телефонҳои замонавӣ ва ҷавоҳиротро барои бисёриҳо орзуи дастнорас мекунад, аммо онҳо ин имконро ҳам доранд, ки орзуи худро дар даст бигирад, дар ангушт бисанҷанд, ба гардан овезанд ва баъди чанде ба соҳибаш баргардонанд. Ин вазъиятро бисёри инсонҳо дар тӯли умри худ борҳо таҷруба мекунанд. Баъзеҳо зарра-зарра пул ҷамъ мекунанд ва орзуи худро мешикананд. Баъзеи дигар ба сӯи орзуи худ даст меафшонанд ва аз паи хоҳише мешаванд, ки ба ҷайбашон муносиб бошад. Хабарнигори Озодӣ Муъмин Аҳмадӣ бо харидорони воқеӣ ва тамошогарони витринаҳои мағозаҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шуд.