Пайвандҳои дастрасӣ

Мониторинг асрори ширкати "Барқи тоҷик"-ро фош кард


Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон тақсими барқ ба аҳолиро танқид кард.

Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ширкати “Барқи Тоҷик”-ро дар вайрон кардани ҷадвали маҳдудияти нерӯи барқ ва ҳамчунин “лимити худсарона” айбдор кард. Ин созмони ҷамъиятӣ мегӯяд, дар деҳоти кишвар алорағми ҷорӣ шудани лимити даҳсоатаи бебарқӣ, амалан дар як шабонарӯз 15 соат маҳдудияти нирӯи барқ мушоҳида мешавад.

Баҳодур Ҳабибов, раиси Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон мегӯяд, ин бенизомиҳо дар натиҷаи мушоҳидаи шабонарӯзии вазъи воқеии таъмини манотиқи кишвар бо барқ ифшо шудаанд. Вай афзуд, мониторинг ё фаронигарии вазъи интиқоли нерӯи барқ дар 36 ноҳияи кишвар, ба истиснои ноҳияҳои саноатӣ, аз ҷониби ихтиёриёне анҷом меёбад, ки дар ин манотиқи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Маълумоте, ки онҳо ҳар шабонарӯз медиҳанд, дар торнамои махсуси «barknest.tj» ҷой дода мешавад.

Баҳодур Ҳабибов
Баҳодур Ҳабибов
Ҷаноби Ҳабибов дар шарҳи роҳандозии чунин як мониторинг гуфт, ки шикоятҳо аз афзоиши маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ то рафт афзоиш меёбад.

  • Бо ин мониторинг мо мехоҳем ба ҳукумат ва созмонҳои назоратӣ, ки метавонанд барқтаъминкунандаҳоро назорат баранд ва агар чунин нобаробарӣ бо айби кадом нафаре сурат гирифта шуда бошад, ҷарима карда шаванд.
  • Яъне ҳадафи асосии мо равшан кардани вазъии аслӣ дар ҳамин сохтор ва бахши иқтисодиёт аст, - гуфт ӯ.
Назорати шабонарӯзии вазъи интиқоли барқ ба манотиқи Тоҷикистон ин манзараро ҳам рӯшан кард, ки маҳдудияти барқ дар бархе аз шаҳрҳо расман вуҷуд надорад, аммо дар асл мавҷуд аст. Чунончи, ба гуфтаи ҷаноби Ҳабибов, мақомоти расмӣ мавҷудияти маҳдудиятро дар ин шаҳрҳо рад мекунанд, аммо нозирони Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар бораи то 15 соат аз нерӯи барқ маҳрум будани шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва Табошар хабар додаанд. Дар Кӯлоб лимити барқ бар хилофи 10 соати эълоншуда, 12 соатро ташкил додааст.

Аммо сӯхангӯи «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, ин ширкат натиҷаҳои мониторинги Иттиҳодияи истеъмолгарони Тоҷикистонро ба инобат намегирад, зеро онро беасос медонанд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин масъули ширкати арзакунандаи нирӯи барқ гуфт:

  • Ин иттиҳодия иддао дорад, ки гӯё “Барқи Тоҷик” худсарона лимит ҷорӣ кардааст ва қарори ҳукумат дар ин бора набаромадааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар мавриди лимити барқ ягон қарори ҳукумати Тоҷикистон намебарояд. Барқи Тоҷик мувофиқи имконияту захираҳои обии худ лимити интиқоли барқро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва ҳукумат онро тасдиқ мекунад. Ҳамчунин, ин иттиҳодия мегӯяд, вақте ҳуқуқи истеъмолкунанда вайрон мешавад, ӯ метавонад ширкатро ба додгоҳ бикашад. Вале вақте истеъмолкунанда пули барқро пардохт намекунад, дар ин сурат чӣ бояд кард? Онҳо ин тарафи масъаларо намебинанд, - гуфт вай.

Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, «Барқи Тоҷик» маҳдудияти барқро на аз рӯи соат балки тариқи “киловатт дар соат” муайян мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, соли ҷорӣ Рашид Гулов , муовини сармуҳандиси "Барқи Тоҷик” гуфта буд, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон, дар манотиқи кишвар аз соати 11-и шаб то 5-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад. Дар ин изҳороти расмӣ аз киловатт чизе гуфта намешуд.

Иқтисодшиноси тоҷик Давлатмурод Ҷумъаев бар ин аст, ки дар ин авохир ширкати «Барқи Тоҷик» ба як ниҳоди дастнорас табдил шудааст ва ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аҳамият намедиҳад. Дар чунин сурат, мегӯд вай, Иттиҳодияи истеъмолгарони Тоҷикистон метавонад “дар асоси ҳамин мониторинг ва бо ҷамъ намудани аризаҳои сокинони ноҳияҳое, ки лимит барзиёд истифода мешавад, маводро мукаммал намояд ва ин ширкатро ба додгоҳ кашад. Мумкин натиҷа ҳам надиҳад, аммо ин як ҳодисаи беназир мешавад, ки ин ниҳодро ба додгоҳ кашонидан мумкин будааст”. Оқои Ҷумъаев мегӯяд, шояд дар ин сурат масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” “такон хӯранд”.

Аз рӯи иттилои радиои Озодӣ, ҳарчанд ширкати «Барқи Тоҷик» дар мавриди расман ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ дар деҳоти кишвар ба расонаҳо 7-уми октябр эълон кардааст, сокинони рустоҳои дурдаст хеле пештар аз ин эълони расмӣ шикоят кардаанд, ки ногаҳон аз барқ маҳрум шудаанд.

Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ наздик ба 20 сол аст, идома дорад ва ҳар сол аз октябр то апрел идома мекунад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин маҳдудият ба коҳиши тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳо бастагӣ дорад, аммо интиқоли нерӯ ба корхонаҳои бузурге чун корхонаи истеҳсоли алюминии ТалКо дар ин фасл низ қатъ намешавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG