Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НИГАРОНӢ. Аз сафҳаҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ


Кушодани саҳфаҳои қалбакӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз номи афроди саршинос ва раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, мояи нигаронии маҳофили коршиносӣ шудааст.

Раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ахиран дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон саҳфаи қалбакӣ боз шуда буд, ки пас аз муроҷиати ин созмон, он поккорӣ шудааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 9 апрел зимни муаррифии маҷмӯаи “Амнияти рақамӣ” дар шаҳри Душанбе гуфт, мавориди шикастани рамзи сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамин тавр гӯш кардани зангҳои телефонӣ дар ин авохир мояи нигаронии амиқ буда ва ин амр хатари ҷиддӣ барои озодии баён ва матбуот дорад.

Ба таъкиди ҷаноби Қаршибоев, раванди шикастани рамзи сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гӯш кардани занги телефонҳо ва дуздидани маълумотҳои шахсии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳадде расид, ки ҳатто аз номи президент сафҳаи қалбакӣ боз шуд ва дар он хабару мақолаҳо ва дигар мавод гузошта мешуд.

Ҷаноби Қаршибоев гуфт, танҳо пас аз муроҷиати созмони онҳо сафҳаи қалбакии президент поккорӣ шуд. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, ҳатто дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз номи баъзе раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Шодӣ Шабдолов, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар шахсиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ, сафҳаи қалбакӣ пайдо шуд.

Аз назари раиси НАНСМИТ, дар аввал дар рӯ задани ҳамчунин маворид, бархе аз ниҳодҳои амниятӣ даст доштанд ва ҳоло “Фейсбук” ба майдоне барои гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфтааст, ки пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил аст.

Ба ин далел, Нуриддин Қаршибоев гуфт, дар ҳоле, ки бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони амният зери контроли ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд, мутаассифона ҷомеаи шаҳрвандӣ зери контроли ин ниҳодҳо рафтааст.

Раиси НАНСМИТ аз ҳозирон дар ин нишаст даъват кард, ки бояд ба ин мавзӯъ дар саҳифаҳои расонаҳои хеш таваҷҷӯҳи ҷиддӣ диҳанд ва ҳар чӣ бештар онро бозтоб намоянд.

Зимнан, маҷмӯа “Амнияти рақамӣ”, раҳнамоест барои журналистону намояндагони ҷомеа, то тавонанд амнияти фаъолияти ҳирфаии худро аз ин гуна зуҳуроти номатлуб ҳифз кунанд. Ин маҷмӯа бо ҳимояти молии созмони “International Media Support” чоп шудааст.

Муаррифии маҷмӯаи “Амнияти рақамӣ”
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

XS
SM
MD
LG