Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои компютерӣ - василае барои амнияти кӯдакони тоҷик


Дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёди кӯдаконро ба бозиҳои компютерӣ, барои тарбияи зиракӣ ва таъмини амнияти онҳо дар ҳаёти рӯзмарра истифода мекунанд.

Акнун мактаббачаҳои тоҷик ба шеваи бозии компютерии "Марио" аз хона то мактаб мераванд ва бармегарданд. Шарт ин аст, ки бояд дар ин масир ба ҳамаи қоидаҳои роҳ риоя кунанд. Ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки ҳангоми ҳаракат воқеаҳои ғайричашмдошт рӯй диҳанд ва писараку духтарак, ки ҳамроҳ ба мактаб мераванд, бояд кӯшиш кунанд, ки дар фосилаи байни мактабу хона ҷони худро ба хатар нагузоранд.

Наимҷон Мирзораҳимов, раҳбари созмони ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон”, ки баргузории машғулиятҳои мултимедиявии омӯзиши қоидаҳои роҳ идеияи онҳост, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «имрӯз аксарияти кӯдакон бозиҳои компютериро дӯст медоранд ва ин, ки онҳо бевосита худро қаҳрамони бозӣ ҳис мекунанд, барои беҳтар аз худ кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат мекунад. Зеро чуноне, ки аллакай исбот шудааст, вақте шахс тариқи мултимедиа маълумотро мебинад, имконияти дар хотир нигоҳ доштани ин маълумот 40 дарсад бештар аст.»

Ҷаноби Мирзораҳимов, мегӯяд, муаллифони барнома мехоҳанд, бо чораҳои замонавӣ аз ҳалокат ва маъюб шудани кӯдакон дар садамаҳои нақлиётӣ ҷилавгирӣ кунанд, зеро солҳои охир ин фоҷиаҳо ба маротиб бештар шудаанд.

Ба ин нукта Шерафган Латифов, сухангӯи Бозрасии Давлатии Автомобилии шаҳри Душанбе низ таъкид мекунад ва мегӯяд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар 68 ҳодисаи роҳу нақлиёт, 9 кӯдак ба ҳалокат расида, 61 нафари дигар маъюб шудаанд:«65 фисади фалокатҳо дар роҳ, ин зер кардани пиёдагардон мебошад. Омилҳои зиёд шудани чунин ҳодисаҳо қабл аз ҳама надонистани оддитарин қоидаҳои ҳаракат мебошад,яъне роҳро аз ҳар куҷое хоҳанд убур мекунанд ва дар натиҷа зери чархи мошини воситаҳои нақлиёт мемонанд. Ҳоло дар ҳамаи мактабҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳ омӯзонида мешаванд, аммо боз ҳам чунин ҳодисаҳо зиёд рух медиҳанд. Ин ҷо омилҳои зиёд таъсир мегузоранд, аз ҷумла зиёд шудани шумораи нақлиёт дар роҳҳо. »

Бархе аз соҳибназарон бар инанд, ки як сабаби зиёд зери чархи мошин мондани кӯдакон, ин дар назди роҳҳои калони мошингард воқеъ будани макабҳост ва ҳатто дар чунин роҳҳои пурхатар аксаран чароғакҳои роҳ кор намекунанд.

Ясмин, ки дар синфи 3-юми яке аз мактабҳои пойтахт таҳсил мекунад, мегӯяд, ҳарчанд қоидаҳои ҳаракати роҳро ба хубӣ медонад, аммо аз убури роҳ дар танҳоӣ метарсад: «Мактаби мо дар лаби роҳ ҳаст ва мошинҳо тез -тез мегузаранд. Ман медонам, ки вақте ранги чароғак сабз шуд бояд мошинҳо истанд ва мо гузарем , лекин баъзе мошинҳо сабз ҳам бошад мегузаранд. Барои ҳамин муаллимаамон мегӯяд ҳеҷ вақт танҳо аз роҳ нагузарем. Бисёре аз ҳамсинфонам ба ин гапи муаллимаамон гӯш намекунаанд. Ман интизор мешавам, ки кай ягон нафаре аз калонсолон роҳро мегузарад ва хоҳиш мекунам ки дасти маро низ бигирад. »

Ҳарчанд дар аксари ҳолатҳо зери мошин мондани пиёдагардон ва аз ҷумла кӯдаконро нозирони роҳ, айби худи роҳгузарон медонанд, гуфта мешавад, дар ин авохир ҳолатҳое низ ба чашм мерасанд, ки ронандагони камтаҷриба ва ё сархуш кӯдаконро пахш мекунанд.

Шерафган Латифов, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, дар ин робита мегӯяд, «ҳодисаҳое, ки бо айби ронандагон рух медиҳанд, кам нестанд. Масалан, дар ранги сурхи чароғак мегузаранд ва ҳатто далелҳое ҳам ҳаст, ки дар роҳи пиёдагард кӯдакону наврасонро зер мекунанд.»

Бо таваҷҷуҳ ба ин, Наимҷон Мирзораҳимов, раҳбари созмони ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон”, бар ин аст, ки кӯдакон на танҳо аз қоидаҳои ҳаркати роҳ огоҳ бошанд, балки беҳтар аст, аз эҳтиёт кор бигиранд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Зимнан дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз ҳазор садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки дар пайи он 344 нафар ба ҳалокат расида, наздики 1200 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG