Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи тафтишот шеваи истирдоди Иброҳимовро таҳқиқ мекунад


Мақсуд Иброҳимов
Мақсуд Иброҳимов

Николай Николаев, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вакили дифоъ дар Русия дар мавриди аз сӯи афроди номаълум рабуда шудани Мақсуд Иброҳимов, ба Кумитаи тафтишоти Русия шикоят бурдааст.

Николаев Николаев, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Русия, ки дар мавриди аз сӯи афроди номаълум рабуда шудани яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон шикоят бурда буд, посухи Кумитаи тафтишоти Русияро ба ин шикояташ рӯзи 6-уми феврал дар саҳифаи "Твиттер"-и худ нашр карда ва навиштааст, “умедворем Кумитаи тафтишот парда аз ҳодисаи рабуда шудани Мақсудов бармедорад.”

Дар посухи расмии Кумитаи тафтишоти Русия, ки Николаев дар саҳифаи "Твитер"-и худ нашр кард, омадааст, ки ин кумитаи ба шуъбаи худ дар шаҳри Маскав дастур додааст, ки шеваи рабуда шудани Мақсудов таҳқиқ кунад. Ин посухи Кумита зери имзои Бородин М.нозири шӯъбаи назорати мурофиавӣ аз болои мақомоти тафтишотӣ омода шудааст.

Дар мавриди рабуда шудани Мақсудов, ҳампаймонҳояш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 21−уми январ хабар доданд. Тарафдоронаш мегӯянд, бино ба иттилои манобеи ба гуфтаи онҳо, “мӯътамад”

Иброҳимовро шаби 20 ба 21 январ аз тариқи фурудгоҳи низомии Чкаловск, воқеъ дар вилояти Маскав, ба Душанбе бурдаанд. Рӯзи 30-уми январ зимни нишасти хабарӣ мақомоти Додситонии кул тасдиқ карданд, ки Мақсудов ба Тоҷикистон истирдод шудааст, аммо аз гуфтани макони нигоҳдориаш худдорӣ варзиданд.

Номи Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” ва узви раёсати эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” дар ду моҳи пеш баъди як сӯиқасд ба ҷонаш дар пойтахти Русия вирди забонҳо шуд. Ба қавли наздиконаш, ин ҳамла шаби 26 ба 27 ноябр дар назди манзили иқомати ӯ дар кӯчаи Бокуи шаҳри Маскав сурат гирифта, ӯро бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол доданд. Ӯ қариб як моҳро дар бемористон ба сар бурд, вале баъди ҷавоб шуданаш ҳам, ба гуфтаи ёрони ӯ, таҳти назорати мақомоти амниятӣ қарор дошт.

Мақомоти Русия ҳанӯз дар рӯзи нашри хабари сӯиқасд ба ҷони Иброҳимов гуфта буданд, ки баъди табобаташ Иброҳимов ба ҳабс гирифта хоҳад шуд, чунки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Наздикони Иброҳимов мегӯянд, дар Душанбе алайҳи Мақсуд Иброҳимов ва 11 нафари дигар аз аъзои созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ (ташкили иттиҳоди ифротӣ, ташкили фаъолияти чунин созмонҳо ва даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои экстремистӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

XS
SM
MD
LG