Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коммунистҳои Қӯрғонтеппа: "Ҷое барои рафтан надорем"


Масъулони Донишкадаи энергетикии Қӯрғонтеппа мегӯянд, ки Ҳизби коммунистро огаҳ кардаанд, то дафтари худ дар бинои хобгоҳи ин донишгоҳро холӣ намояд. Аммо коммунистон мегӯянд, ки ҷое барои рафтан надоранд.

Масъулини Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, ки ба хотири бартараф намудани мушкили ҷойи хоби донишҷӯён, маҷбур шудаанд утоқи кории Ҳизби коммунистро, ки дар бинои онҳост, холӣ кунанд. Ба гуфтаи ин масъулин, коммунистҳо бидуни ҳеҷ шартнома ва иҷорапулӣ солҳост, ки як ҳуҷраи бузурги хобгоҳи онҳоро банд кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, бо холӣ шудани ин ҳуҷра, то 10 нафар донишҷӯёни ноҳияҳои дурдаст, ки ба хобгоҳ ниёз дорад, бо ҷойи хоб таъмин хоҳанд шуд. Коммунистҳои минтақаи Қӯрғонтеппа соли 2006 ба бинои Донишкадаи энергетикии шаҳри Кӯрғонтеппа кӯч дода дода шуда буданд. Қаблан онҳо дар бинои ҳукумати Хатлон ва дертар дар таҳхонаи ҳукумат утоқи корӣ доштанд.

Зеваршоҳ Воҳидов, ҳуқуқшиноси Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз масъулин дастур гирифтааст, ки агар коммунистҳо рӯзҳои наздик ин ҳуҷраи хобгоҳро холӣ накунанд, бо роҳи қонунӣ, яъне муроҷиат ба мақомоти судӣ, утоқро аз онҳо мегиранд.

Ҷаноби Воҳидов гуфт, ки вазифаи онҳо пеш аз ҳама муҳайё кардани шароити хуб барои донишҷӯён аст: "Ба хотири арҷ гузоштан ба коммунистон, ки аз замони Шӯравӣ мондаанд, онҳоро гуфтем, ки бидуни

муроҷиат ба додгоҳ, шумо инҷоро тарк кунед. Боз гуфтем, ки агар ба суд муроҷиат кунем, ба шаъни ҳизбатон хуб намешавад. Инҳо ба мо ҳеҷ шартномае надорад, дар навбати худ дари онҳоро шикаста ва чизҳои онҳоро дар берун партофта наметавонем, маҷбур ҳастем, ки ба суд муроҷиат кунем, ки бинои моро озод кунад."

Хайрулло Назаров, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ мегӯяд, ки онҳо тасмим дорад, ки ин корро зудтар анҷом диҳад, то шароити муносибро барои донишҷӯён мусоид созанд.

Дафтари Ҳизби комунистони Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа, ки ягона нишоне аз Шӯравӣ дар ин шаҳр боқӣ мондааст, бояд ҳарчӣ зудтар ба ҷойи дигаре кӯч дода шавад. Аммо коммунистон, ки танҳо дар ҳудуди шаҳр 128 нафар будаанд, мегӯянд, ки барои худ дафтари дигаре пайдо накардаанд.

Баҳриқул Қушев, раҳбари коммунистони шаҳри Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз тасмими Донишкадаи энергетикии Қӯрғонтеппа огаҳ ҳастанд, аммо ҷойи рафтан надоранд. Ҷаноби Қушев мегӯяд, ки дар ин ҳуҷра тамоми дороиҳои коммунистон боқӣ мондааст, ки меъроси Шӯравӣ аст ва намедонанд онҳоро ба куҷо бубаранд: "Дар нақша дорем, ки ба ҳукумат сӯҳбат кунем, ки барои мо ягон ҷой ёбанд. Ба ҳукумати шаҳр на хаттӣ, балки шифоҳӣ муроҷиат кардем."

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки як муддат масъулияти роҳбарии созмони ҳизбашро дар минтақаи Қӯрғонтеппа бар ӯҳда дошт, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз мушкили дафтари ҳизбаш, ки бояд аз Донишкадаи энергетикӣ берун равад, огоҳ аст.

Ҷаноби Талбаков гуфт, ки ин масъала набояд аз тариқи додгоҳӣ ҳал шавад, чун онҳо дар гузашта дар ҳукумати вилоят буданд ва бо мувофиқа ба ин бино кӯч бастанд: "Ҳизби минтақавии Қӯрғонтеппа дар ҳукумати вилоят буд ва бо мувофиқа ба Донишкадаи энергетикӣ бурда шуд. Ин роҳи судӣ надорад, ҳамон бинои ҳукумати вилоят бинои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буд. Чун фармони президент дар бораи милликунонии моликияти ҳизб шуд, ҳизби мо ҳамонҷо қарор дошт, аммо баъди маслиҳат, ба донишкада рафтем."

Тасмими масъулини Донишкадаи энергетика дар шаҳри Қӯрғонтеппа коммунистои бознишастаро низ нигарон кардааст. Онҳо, ки мегӯянд, "наход барои як ҳизбе, ки замоне аксарияти мансабдорон аъзои он буданд, дигар ҷойе намонда бошад."

Тибқи омори ахири Ҳизби коммунист, феълан шумораи аъзои он дар минтақаи Қӯрғонтеппа 6 ҳазору 530 нафар ва дар ҳудуди вилояти Хатлон 13 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар миёни онҳо ҷавонон низ ҳастанд.

Аз суқути Шӯравӣ беш аз ду даҳсола сипарӣ мешавад ва нуфузи ҳизбе, ки замоне маҳбубият дошт, камранг шуд ва ҳайкалу нимпайкараҳои чеҳраҳои коммунистӣ ҳам аз марказҳои шаҳру вилоят барчида шуданд. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳайкали доҳии коммунистҳо Ленинро аз парку хиёбонҳо ба осорхонаҳо кӯч доданд. Насли ҷавони тоҷик, ки дар замони истиқлолият ба дунё омадааст, ҳамакнун дар бораи Ҳизби коммунист ва асосгузорони он хеле кам медонад.

XS
SM
MD
LG