Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Гамбуски Колорадо” дар саҳроҳои Тоҷикобод


 “Гамбуски Колорадо”
“Гамбуски Колорадо”

Кишоварзон дар водии Рашт шикоят доранд, ки дар майдонҳои картошкаи ин минтақа "гамбуски Колорадо" тохтутоз мекунад, вале дигар ягон дору ин ҳашароти зараррасонро намегирад.

Кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод мегӯянд, “гамбуски Колорадо”, як навъ ҳашароти зиёнрасон ба кишти картошка, худро ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардааст ва онро дигар тақрибан ягон дору намегирад.

Набимуҳаммад, як картошкапарвар аз ноҳияи Тоҷикобод ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳоло намедонад, ки барои нобуд кардани “гамбуски Колорадо” ("колорадский жук") аз кадом навъи зархимикат истифода кунад. Ӯ мегӯяд, соли гузашта ин навъи ҳашарот дар киштзорҳо кам ба назар мерасид ва онро бо заҳрхимикатҳои маъмулӣ куштан мумкин буд, аммо ҳоло заҳрхимикатҳои оддӣ ин ҳашаротро нобуд намекунад.

“Заҳрхимикат ҳеҷ таъсир намерасонад. Соли гузашта камтар буд ва бо заҳрхимикатҳои оддӣ онҳоро куштан мумкин буд. Ҳоло хело зиёд шудааст ва дар вақти гули картошка сахт зарар мерасонад,” - гуфт ин кишоварз.

Ин навъи ҳашарот баргу гули картошкаро истеъмол мекунад, ки сабаби хушк шудани бехи ин навъи зироати полезӣ ва ҳосил надодани он мешавад. Қурбон Талбонов, раиси идораи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд “гамбуски колорадоӣ” тавассути тухмии картошкае вориди Тоҷикистон шудааст, ки аз Русия дастрас гардидааст. “Дар ҳақиқат ин ҳашарот дар як сол се бор мезояд ва зиёд мешавад. Лекин ҳоло кишоварзони мо роҳҳои мубориза ба онро медонанд. Ба киштзорҳо зарар мерасонад, аммо он қадар зиёд не,” - гуфт ӯ.

Фармондеҳи собиқи Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов низ ҳоло картошка мепарварад
Фармондеҳи собиқи Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов низ ҳоло картошка мепарварад

Тоҷикобод яке аз навоҳии картошкапарвар дар Тоҷикистон аст. Кишоварзони ноҳия дар наздики ҳазор гектар замин картошка кишт кардаанд. Картошка аз ҷумлаи серистеъмолтарин маҳсулоти полезӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Соли гузашта арзиши як килои картошка дар бозорҳои кишвар то 5 сомонӣ, баробари 1 доллари амрикоӣ боло рафта буд. Ин ҳол боиси интиқоди шадид аз вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва вазираш Қосими Раҳбар шуд, ки қабл аз боло рафтани нархи ин маҳсулот аз ҷамъоварӣ шудани ҳосили "рекордӣ"-и беш аз 1 миллион тонна картошка дар соли 2013 гузориш дода буд.

XS
SM
MD
LG