Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори сарди мошинфурӯшӣ дар Тоҷикистон


Тоҷирон мегӯянд, ба ин ҳад сард шудани бозори мошин дар кишварро ёд надоранд. Аммо мақомот ба ин боваранд, ки ҳоло ҳама соҳиби мошин шудаву ниёз ба харидории бештари нақлиёт намондааст.

Фурӯши мошинҳои сабукрав дар мошинбозорҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа коҳиш ёфтааст. Аксар тоҷирони мошинҳои сабукрав мегӯянд, дар таҷрибаи кориашон ба ин ҳад бозори сарди фурӯши мошинро ёд надоранд.

Нуриддин Раҷабов -- як сокини шаҳри Душанбе 15 сол боз ба тиҷорати мошинҳои сабукрав машғул аст ва ӯ мегӯяд, то панҷ моҳи пеш тақрибан ҳар ҳафта як ё ду мошини сабукраве, ки аз хориҷи кишвар ворид мекард, ба савдо мегузошт. Аммо ҳоло, мегӯяд Раҷабов, 1 моҳ боз аз даҳ мошини ба бозор воридкардааш ягонтоашро фурӯхта натавонист. Ба қавли ин тоҷир, дар мошинбозори Душанбе, ки охири ҳар ҳафта беш аз ҳазор мошин ба фурӯш бароварда мешуд, ҳоло ба мушоҳидаи ӯ, на бештар аз даҳ мошин ба фурӯш меравад.

"Савдо нест"

Мусоҳиби мо мегӯяд, солҳои пеш тирамоҳу зимистон бозори фурӯши мошинҳо гарм буд, чун муҳоҷирон аз Русия бармегаштанд ва аксаран барои худ мошин мехариданд. “Тамоман савдо нест гӯем мешавад. Курси пулҳо бозӣ доранд. Бубинед, мардак аз Русия агар 150 ҳазор рубли русӣ меовард, 5 ҳазор доллари амрикоӣ мешуд ва як мошини хуб мехарид. Ҳоло 150 ҳазор 3 ҳазор доллар ҳам намешавад. Дигар савдо нест ва мошинҳо хобанд”,-афзуд Нуриддин Раҷабов.

Нуриддин Маҳмадов (дар байн)
Нуриддин Маҳмадов (дар байн)

Нигаронии тоҷиронро аз бозори сарди фурӯши мошинҳо Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ тасдиқ кард ва гуфт, воридоти мошин дар соли гузашта ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст. Аммо баръакси тоҷирон Нуриддин Маҳмадов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки 14-уми январ дар нишасти матбуотии ин ниҳод сӯҳбат мекард, сабаби коҳиш ёфтани воридоти мошинҳои сабукравро ба қонеъ шудани талаботи сокинон марбут донист. Яъне, ба гуфтаи ӯ, ҳар касе, ки мехост мошин бихарад, аллакай соҳиби мошин шудааст.

"Ҳама соҳиби мошин шуд"

Ӯ гуфт: “Воқеан, раванди камшавӣ соли гузашта ба назар расид. Дар соли 2013 аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 63 ҳазор воситаи нақлиёти сабукрав ба маблағи беш аз 244 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ворид шуда буд, аммо соли 2014 46 ҳазору 300 воситаи нақлиёт бо маблағи беш аз 10 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.”

Аммо Самандар, тоҷири дигари мошинҳо, мегӯяд, аз мушоҳидаҳояш ба ин натиҷа расидааст, ки хоҳишмандони хариди мошин зиёд ҳастанд, аммо зоҳиран қудрати харидорӣ надоранд. Ӯ мегӯяд, шаҳрвандони зиёд бо ҳавас нарх мепурсанд, аммо маълум аст, пул надоранд ва аз рӯи ҳавас нарх мепурсанд. “Меоянд, мепурсанд ва як мошинро тамошо карда мераванд. Мо ҳам дигар ба ин одат кардаем. Мо барои нигоҳ доштани мошинҳои фурӯшӣ иҷорапулӣ медиҳем. Ба фикрам, дар чунин шароит мо аз ин мошинҳо дигар фоидаи хуб гирифита наметавонем”,- гуфт Самандар.

Айби рубли русӣ?

Дар солҳои гузашта, ба эътирофи тоҷирон, харидорони аслии бозори мошин муҳоҷирон буданд, ки тирамоҳ аз муҳоҷират бармегаштанд ва аксаран барои истифодаи шахсӣ ва ё мусофиркашонӣ мошини сабукрав харидорӣ мекарданд. Ба шиддат поин рафтани қурби рубли русӣ ба ҷайби муҳоҷирони кории тоҷик зарба зада онҳоро дигар дар харидории ашёи гаронбаҳое мисли мошин дасткӯтоҳ кардааст.

Далер Иброҳимов, як муҳоҷири меҳнатӣ, ки ним моҳи пеш аз Русия баргаштааст, мегӯяд, тасмим дошт, ин бор барои худ як мошини сабукрав харад ва то фарорасии мавсими сафари Русия ба мусофиркашонӣ машғул шавад. Аммо ӯ мегӯяд, бо 75 ҳазор рубле, ки дар даст дорад, мошин харида намешавад. Аз ин рӯ, Далер ба умеде, ки рӯзе дубора қурби рубл боло меравад, харидани мошинро ба таъхир гузоштааст.

Бар асоси омори расмии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳоло беш аз 300 ҳазор мошини сабукрав дар саросари кишвар дар ҳаракат аст. Тоҷирони тоҷик мошинҳои дасти ду ва серо маъмулан аз кишварҳои аврпуоӣ харидорӣ мекунанд ва баъди каме тармим барои фурӯш ба муштарии тоҷик ба бозор мебароранд. Ҳоло маълум нест, ки коҳиши рубли русӣ чӣ қадар давом мекунад ва сарнавишти кори муҳоҷирон дар ин кишвар чӣ гуна мешавад. Ин аст, ки аксари тоҷирони мошин тасмим доранд, то фарорасии рӯзҳои беҳтар бизнесҳои дигарро низ таҷруба намоянд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба гуфтаи тоҷирон аз харидорони аслии бозори мошинфурӯшӣ буданд, ҳоло даста-даста ба ватан бармегарданд. Онҳое, ки то ҳол баргаштаанд, пайваста аз қурби асъор дар саррофиҳо маълумот мегиранд, то рублеро, ки аз Русия овардаанд битавонанд ба фоидаи худ иваз кунанд.

XS
SM
MD
LG