Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Миллӣ: "Тангаҳоро дар хона захира накунед" ВИДЕО


Бонки Миллии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост, ки танга ё дирамҳои филизии худро дар хона захира накарда, ба муомилот бароранд. Мақомот мегӯянд, дар хона нигоҳ доштани тангаҳо боис ба коҳиши шадиди пулҳои ба истилоҳ "майда" дар муомилот ва мушкили баргардонидани бақия дар бозору нақлиёт шудааст.

Пули филизӣ дар дасти мардум моли онҳост. Агар хостанд, ба муомилот мебароранд, агар не захира мекунанд. Ин кори шахсии онҳост. Бигзор, Бонки Миллӣ миқдори зиёдтари тангаҳоро ба муомилот барорад.

Фуруғ ва Яъқуб Назарзодаҳо, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамъ овардани дираму сомонии филизиро дӯст медоранд. Онҳо мегӯянд, ки тақрибан чаҳор моҳ пеш ҷамъ овардани тангаро шуруъ карданд ва ҳоло ҳар кадом дар ҳаҷми тақрибан 300 сомонӣ танга дорад.

"Ҳар бегоҳӣ тангаҳои боқимондаашро ба мо медиҳад. Ин тангаҳоро ҷамъ карда, баъдан дар мағоза ба сомонӣ иваз мекунем”, - гуфт Фурӯғ Назарзода рӯзи 8-уми январ. Фарзонаи Вафоӣ, сокини хурдсоли шаҳри Душанбе, ҳам мегӯяд, "вақте танга зиёд шуд, лавозимоти хониш мехарем."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дираму сомониҳои филизӣ куҷо шудаанд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:17 0:00

"Танга нест, ки бақияи пули мардумро диҳем"

Ҷамъоварии тангаҳо, ки ҳатто калонсолон ҳам ин хислатро доранд, боис ба коҳиши пулҳои хурди филизӣ дар муомилот шудааст. Оятуллоҳ Қамаров, ронандаи мусофирбар мегӯяд, қимати роҳкиро барои як нафар 1 сомониву 60 дирам аст ва бисёриҳо ба ӯ ду сомонӣ додаву чиҳил дирам бақия талаб мекунанд. "Аммо танга нест, ки бақияи онҳоро диҳем. Танқисӣ мекашем", - гуфт ӯ.

Ин ронанда афзуд, бештари вақт тангаҳоро аз фурӯшандаи мағозаҳо мехаранд. Барои мисол, даҳ сомонӣ дода, дар иваз ба маблағи 9 сомонӣ танга мегиранд.

Мушкили камчини танга дар тиҷорати маҳсулоти гароннарх зиёд мушоҳида намешавад. Ё дар бозорҳо баъзан бар ивази бақия чанд грамм зиёдтар маҳсулот медиҳанд ва дар мағозаҳо сақичу қанд.

Илҳомиддин Содиқов, тоҷири як дӯкон дар Душанбе, гуфт, "агар бист дирам бақия додан зарур бошад, ду сақич медиҳем. Ба қавле ҳам онҳо хурсанд ва ҳам мо хурсанд."

Роҳи ҳал кадом аст?

Ба бовари Меҳрубон Бурҳонов, коршиноси масоили молия дар Тоҷикистон, чунин тарзи ҳалли мушкили камбуди танга дар муомилот роҳи ҳалли қазия нест. "Пули филизӣ дар дасти мардум моли онҳост. Агар хостанд, ба муомилот мебароранд, агар не захира мекунанд. Ин кори шахсии онҳост. Бигзор Бонки Миллӣ миқдори зиёдтари тангаҳоро ба муомилот барорад”,-афзуд ӯ.

Меҳрубон Бурҳонов
Меҳрубон Бурҳонов

Аз сӯи дигар Меҳрубон Бурҳонов мегӯяд, роҳи муосири ҳалли мушкил "ба роҳандозии пардохтҳои ғайринақдӣ рабт мегирад".

Тақрибан якуним сол пеш масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки бо манзури фарсуда шудани пулҳои хурд дар муомилот тангаҳои филизии навро ба муомилот мебароранд. Онҳо мутмаин буданд, ки ин иқдом мушкили пули майда ва ҳисобарорабаркунӣ дар муомилоти пулро ҳал мекунад.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, гуфта буд, "ин имконият медиҳад, ки фарсудашавии худи асъор камтар шавад ва тангаҳои филизӣ, тавре Шумо медонед, истифодабарии он нисбат ба пулҳои коғазӣ бештар аст."

Дар Тоҷикистон тангаҳои филизӣ дар солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017 ба муомилот бароварда шудааст. Ҳамчунин моҳи июни соли 2018 тангаҳои филизии 1, 3, 5 сомонӣ ва 10, 20 ва 50 дирам омода шуданд.

Бонки Миллӣ ҳаҷми пулҳои филизӣ танҳо то соли 2015-ро нашр кардааст, ки ба беш аз 31 миллион сомонӣ баробар буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG