Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаномаи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ маҳрум шуд. ВИДЕО


Кормандони нашрияи "Пайк" дар беруни бинои Бахши ҷавонони шаҳри Кӯлоб
Кормандони нашрияи "Пайк" дар беруни бинои Бахши ҷавонони шаҳри Кӯлоб

Ҳафтаномаи "Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аз утоқи иҷораи кориаш дар бинои бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб маҳрум шудааст. Масъулини нашрия мегӯянд, баъди як мақолаи интиқодӣ дар бораи бахши ҷавонони минтақа аз онҳо талаб карданд, ки фавран утоқи иҷораро холӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, ин ба мақолаи танқидӣ рабт надорад, балки аз рӯи зарурат, "дар утоқҳои кории ҳафтанома бояд курсҳои омузишии дӯзандагӣ боз шавад."

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00


Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Пайк" рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шумораи як рӯзи пеш дар бораи масъулини Бахши кор бо ҷавонони минтақаи Кӯлоб мақолаи танқидӣ нашр шуда буд. Пас аз чанд соати нашри ҳафтавор, ба гуфтаи ӯ, масъулини бахши кор бо ҷавонон вокуниш карда, ба ҳарчи зудтар холӣ кардани утоқ пойфишорӣ карданд.

Як ҳафта пеш низ, ба гуфтаи сармуҳаррири "Пайк", шаҳрдории Кӯлоб низ барои як мақолаи интиқодӣ онҳоро таҳдид карда буд. Ӯ танқиди кори шаҳрдорӣ ва бахши Кумитаи кор бо ҷавононро сабаби аслии маҳрум шудан аз утоқи корӣ медонад. Иддаое, ки масъулини шаҳрдорӣ ва бахши ҷавонон онро рад мекунанд.

"Баръакси дигар ниҳодҳо Кумитаи ҷавонони ҷумҳурӣ алайҳи ҳафтавори "Пайк" вокуниши оҷилӣ нишон дод. Дар рӯзи дуюми ба савдо баромадани ҳафтавор раиси Кумита ба зердастони худ дар шаҳри Кӯлоб фармон додааст, ки ҳафтавори танқидгарро аз утоқи корӣ маҳрум созанд",--гуфт Аҳмади Иброҳим.

Рӯзи 18-уми сентябр ҳафтаномаи "Пайк" мақолаеро бо номи "Бахши ҷавонон дар минтақаи Кӯлоб бо % (аломати фоиз) қарз мегирад" рӯи чоп овард. Дар мақола аз санҷиши Палатаи ҳисоб суҳбат мешавад, ки истифодаи нодурусти маблағҳо дар бахши ҷавононро ошкор кардааст.

Дар мақола гуфта мешавад, ки Бахши кор бо ҷавонон дар минтақа аз саррофон қарз мегирад. Зайниддин Давлатов, раҳбари бахш сабаби қарз гирифтан аз саррофонро ба он рабт додааст, ки пул аз ҷониби Вазорати молия бо таъхир ба онҳо интиқол меёбад ва онҳо маҷбур мешаванд, ки қарз гиранд.

Ӯ гуфтааст, ки пулро нодуруст истифода набурдаанд ва бо он барои ҷавононе, ки президентро пешвоз гирифтанд либоси саҳнавӣ ва парчам хариданд. Интиқод аз истифодаи нодурусти пул, ба гуфтаи масъулони ҳафтанома, хашми Кумитаи кор бо ҷавононро ба бор овардааст.

Аммо мақомоти бахши ҷавонони минтақаи Кӯлоб иддаои сармуҳаррири нашрияи "Пайк"-ро рад мекунанд ва мегӯянд, ҳафтаномаро барои мақолаи танқидӣ аз утоқҳои иҷора берун накардаанд.

Зайниддин Давлатов, сардори Бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Кумитаи ҷавонон дастур гирифтаанд, ки дар ҷойи утоқҳои ҳафтанома бояд давраҳои омӯзишии дӯзандагӣ боз шавад. Ба ин хотир ҷаноби Давлатов гуфт, кӯчондани ҳафтанома ба мақолаи танқидии нашршуда ҳеҷ рабте надорад.

"Ин ҳеҷ рабте ба мақолаи дирӯза надорад. Пеш аз мақола дастур шуда буд, ки дар ин ду утоқ курсҳои дӯзандагӣ ташкил карда мешавад. Аз ин рӯ Кумита дастур дод, ки утоқҳоро холӣ кунанд. Мо ба масъулини ҳафтанома дастур додем, ки утоқҳоро холӣ кунанд",-афзуд мусоҳиби мо.

Дар шаҳрдории Кӯлоб ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо супориши нахуствазир Қоҳир Расулзода дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ бинои Бахши ҷавонон бояд бозсозӣ шавад ва дар ин утоқҳо пурра масъулини ҷавонони шаҳр ҷо ба ҷо шаванд. Аз идораи амволи шаҳри Кӯлоб гуфтанд, раиси шаҳр онҳоро муваззаф кардааст, масъулини ҳафтаномаро хабардор кунанд, ки утоқҳои кориро холӣ намоянд.

Масъулини ҳафтанома мегӯянд, масъулини шаҳрдорӣ ва Кумитаи ҷавонон ба ҷои ислоҳи вазъи идораашон дар вокуниш ҳафтаномаро аз утоқ маҳрум мекунанд. Бидуни додани мӯҳлат, ки ҳафтанома дар ҷойи дигар утоқ пайдо кунад, маҳрум шудан аз утоқи кориро як навъ фишор унвон мекунанд.

Бори аввал нест, ки ҳафтаномаи "Пайк" ба вокуниши мансабдорон рӯ ба рӯ мешавад. Соли 2014 бо амри додситонии вилояти Хатлон чопи нашрия муввақатан қатъ шуда буд. Дар дастури додситонӣ омада буд, ки нашрия мӯҳлати кори худро дар муддати панҷ моҳ дубора тамдид накардааст. Ҳафтанома 400 сомонӣ ҷарима пардохта буд. Ҳафтаномаи "Пайк" соли 2012 пас аз қатъи кори "Пажвок"-ҳафтаномаи дигари мустақил дар Хатлон сабти ном шуд. Дар вилояти Хатлон, ки беш аз 3 миллион аҳолӣ дорад, "Пайк" ягона нашрияи мустақил аст.

XS
SM
MD
LG