Тамоми бозорҳои бузурги Душанбе субҳи 7 сентябр дубора дари худро ба рӯи муштариён боз карданд. Ҳарчанд масъулони раёсати савдо ва хидматрасонии ҳукумати шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бозорҳои пойтахт "ба хотири гузарондани рӯзи санитарӣ" танҳо як рӯз баста буданд ва имрӯз ҳамаашон ба кор шурӯъ кардаанд, аммо бино ба мушоҳидаҳо бозорҳо таҳти чораҳои шадиди амниятӣ кор мекунанд. Қаблан гуфта мешуд, бозорҳо то анҷоми ҷашни истиқлол баста мемонанд.
Ҳоло ба қавли масъулони раёсати савдо ва хидматрасонии Душанбе бозорҳои пойтахт ба реҷаи кори маъмулии хеш баргаштанд ва дар муҳлатҳои наздик баргузор кардани "рӯзи санитарӣ" дар назар нест. Рӯзи якшанбе, 6 сентябр, бозорҳои “Корвон”, “Саховат”, “Султони Кабир”, “Шоҳмансур” ва маркази тиҷоратии “Панҷшер” ва “Ганҷина” якбора баста шуданд ва дар ин рӯзи истироҳат, ки аксарият ба бозорҳо барои харид мерафтанд, дари онҳоро баста ёфтанд.
Расман сабаби бастани дарҳои бозор дар Душанбе шарҳ дода нашуда буд, аммо масъули яке аз бозорҳои ин шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо бо як қарори шаҳрдор эҳтимол то 10 сентябр кор накунанд. Ӯ гуфт, "ба хотири он ки ҷашни истиқлол ором бигузарад ва дар ин рӯзҳо рафтуомад камтар бошад, одамони зиёд ҷамъ нашаванд, бозорҳо муваққатан баста шудаанд".
Вале тоҷирон мегӯянд, ба онҳо танҳо гуфтаанд, ки рӯзи якшанбе сари кор набошанд, зеро ин рӯз “Рӯзи тозагӣ” эълон шудааст ва бояд атрофу дохили бозор тоза карда шавад. Анвар Камолов, як тоҷири бозори “Корвон” гуфт, “ин як кори маъмулӣ ҳаст, ки дар ду ё се моҳ чунин рӯз эълон мекунанд ва даромадгоҳоро таъмир мекунанду бархе шиорҳо мечаспонанд. Аммо мо аз ин ки се рӯз сари кор намешавем, хабар надорем.”
Қаблан ҳам ба хотири корҳои ободонӣ барои як рӯз бозорҳо дар Душанбе баста мешуданд, аммо хеле кам иттифоқ меафтад, ки дар як рӯз ҳамаи бозорҳо дари худро бар рӯи харидорон бубанданд. Бо ин ҳол, то кунун гуфта нашудааст, ки бастани дари бозорҳои бузурги Душанбе ё ба ҳодисаҳои рӯзи чоруми сентябр дар пойтахт ва Ваҳдат иртибот дорад, ё на.
Бино ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи аксар фурӯшгоҳҳои хурду бузурги Душанбе фаъоланд.