Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирбарҳои Душанбе ба низоми электронии пардохт гузаштанд. ВИДЕО


Шуруъ аз 1-уми апрел кулли нақлиёти калонҳаҷми мусофирбари пойтахт ба низоми пардохти кортӣ гузаштанд.

Дар навбати аввал автобусу тролейбусҳои Душанбе ба низоми пардохтҳои электронӣ гузаштанд. Нархи як корт, ки дар истгоҳҳо фурухта мешавад, 10 сомонӣ аст ва дар ҳисоби он шаш сомонӣ захира дорад.

Фарҳод Исмоилов, ки дар истгоҳе дар баробари рӯзномаву моли хурди дигар, кортҳои роҳ мефурушад, мегӯяд, ҳамарӯза даҳҳо нафар аз вай

Вақте пули майда надошта бошӣ, ин қулайтар аст. Вақте медароӣ, зуд ҳисобу китоб мекуниву меравӣ...

дар бораи ин кортҳо мепурсад, вале кам касон онро мехаранд. Ба гуфтаи Фарҳод, ба суратҳисоби кортҳо ҳарчӣ қадар пули бештар ворид шавад, ҳамон қадар имтиёзаш бештар мешавад.

Фарҳод, ки як масъулияташро дар шарҳ додани қоидаи истифода аз кортҳои пардохти роҳкиро мебинад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: “Аввал (истифодаи аввал аз мусофирбар) 1 сомониву 20 дирам аст, вақте 50 сомонӣ гузарондӣ, тахфиф мешаваду 30-дирамӣ арзон мешавад. Мисли аввала 1 сомониву 20 дирам неву 90 дирам гирифта мешавад. Боз мегӯянд, аз сад сомонӣ боло гузаронӣ, боз имтиёз дораду лекин инашро намедонам ҳоло”.

Баҳси бақияпулӣ фаромӯш мешавад

Ба гуфтаи фурушандаҳои корти нақлиётӣ, ҳамарӯза то 15 нафар аз ҳар як нуқтаи фурӯш корт мехаранд. Бо вуҷуди ин, сокинон ҳанӯз сарфаҳми истифодаи ин кортҳо нарафтаанд.

Амирбек, ки донишҷӯ аст, ҳамарӯза аз нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд истифода мекунад ва низоми нави пардохти кортӣ корашро осон кардааст. Амирбек, ки ба сурат-ҳисоби корти худ маблағ мегузаронд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз ҳама баҳси бақияпулӣ ва набудани пули майда сабаб шуд, то корти пардохтӣ ё худ сити-кард харад.

Амирбек 2-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте пули майда надошта бошӣ, ин қулайтар аст. Вақте медароӣ, зуд ҳисобу китоб мекуниву меравӣ...”

Автобусу троллейбусҳои Душанбе ба корти электронӣ гузаштанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:44 0:00

Шералӣ Неъматов дар баробари ронандагӣ маҷбур аст чунин кортро ҳамеша сари чамбарак дар даст нигоҳ дорад. Бояд пули нақдро аз мусофирон нагиранд, чун аксари мардум корт надорад ва ронанда пулро гирифта аз корти худ ҳисоб баробар мекунанд.

Шералӣ Неъматов дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Ба мо аз корхона гуфтанд, ки карта гиред. Мо аз ҳисоби худамон пул партофтаем. Дар ин корт 200 сомонӣ аст ва ҳангоми ҳаракат, аз мусофирон мегирем. Бегоҳ бо корхона ҳисобу китоб мекунем. Хайр, карта шавад, ба мо хубтар аст.”

Ҳанӯз на ҳама истифода мекунанд

Низоми пардохти кортӣ чанд моҳ боз дар бархе нақлиёти ҷамъиятии пойтахт таҷриба мешуд, вале ба назар мерасад, ки кам касон ба он одат кардаанд. Шодӣ Мираков, ки донишҷӯ аст, мегӯяд, барояш аҳамият надорад, ки пули нақд диҳад ё корт харад. Вале мегӯяд: “Агар арзон мебуд мегирифтем. 4 сомонӣ арзиш дорад ин кортҳо.”

Ҳасан Бобоҷонов, ки ба ҳайси ихтиёрь дар истгоҳ ба сокинон кортҳои нақлиётиро тарғиб мекард, гуфт: “Мо ҳамарӯза ба сокинон мефаҳмонем, ки аз дари яку се ворид шуда аз дари ду берун шаванд. Ҳатман аз корти шаҳрӣ истифода баред. Вале мардум то ҳол ба хости худ кор мекунанд.”

Дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт надодани бақияпулӣ ҳамеша баҳси мусофирону ронандагон буд. Яке аз сабабҳои ба ин низом гузаштани пойтахт ҳамин гуфта мешуд. Мақомот гуфта буданд, низоми пардохти кортӣ на ба буҷаи ҳукумати шаҳр, балки ба як ширкати алоҳида меравад. Вале то ҳол номи ин ширкатро ошкор накардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG