Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ бо роҳсозони Чин дар Панҷакент


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи як занозанӣ байни сокинони маҳаллӣ ва розсозони чинӣ дар Панҷакент 8 шаҳрванди Чин боздошт шудааст.

Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент рӯзи 10 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, муноқиша байни роҳсозони Чин ва ҷавонони маҳаллӣ шоми ҷумъа дар тарабхонаи «Суғдиён», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бархостааст. Ин муноқиша дар ниҳоят ба занозанӣ печида, 8 шаҳрванди Чин боздошт шудааст. Ин хабарро дар сӯҳбат бо Озодӣ дастикам ду шоҳиди айнӣ низ тасдиқ карданд.

Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент гуфт, дар вақти пивонӯшӣ шаҳрвандони Чин бо садои баланд ғавғо мекунанд ва ҳамин сабаби баҳси онҳо бо ҷавонони маҳаллӣ шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷавонони маҳаллӣ онҳоро ба оромӣ даъват кардаанд, вале бинобар надонистани забон байнашон муноқиша бармехезад.

Шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент дар пайи ин ҳодиса 8 шаҳрванди Чинро, ки мутахасисони роҳ будаанд, боздошт мекунад. Баъдан 6 нафар аз онҳо раҳо ёфта, дар ҳоли ҳозир танҳо ду нафар аз шаҳрвандони Чин дар боздоштгоҳ боқӣ мондаанд. "Дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, додситонӣ тафтиши пешакӣ бурда истодааст," - хабар дод намояндаи шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент.

Шаҳрвандони Чин, ки аслан мутахассисони роҳсоз мебошанд, дар доираи тарҳи «Сохтмони роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент» дар маркази шаҳри Панҷакент кору зиндагӣ мекунанд. Ин тарҳ аз сӯи Бонки Осиёии рушд бо тақрибан 100 миллион доллар таъмини молӣ шуда, бахше аз тарҳи бузурги бозсозии шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд –Чаноқ аст, ки бар пояи қариб 290 миллион доллар қарзи боимтиёзи Чин ва тавассути як ширкати роҳсозии он кишвар тармим шуд.

Дар гузашта низ дар бораи чандин мавриди муноқишаи коргарони чинӣ ва сокинони маҳаллӣ дар Тоҷикистон гузориш шуда буд.
XS
SM
MD
LG