Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуфузи Чин дар Тоҷикистон рейтинги забонашро ҳам боло бурд


Устодони забони чинӣ мегӯянд, тоҷикон бо як ташнагии хос ин забони мушкилро аз худ мекунанд. Донишомӯзон мегӯянд, бештар манфиатҳои тиҷорӣ онҳоро ба омӯзиши ин забон маҷбур кардааст.

Бо густариши нуфузи Чин дар Тоҷикистон ва афзоиши тарҳҳои муштараки ду кишвар таваҷҷӯҳи тоҷикон ба омӯзиши забони чинӣ низ рӯ ба афзоиш дорад.

Ҳоло танҳо дар Маркази фарҳангӣ-таълимии "Конфутсий" дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳудуди 250 ҷавони тоҷик забони чинӣ меомӯзанд. Боз 1 ҳазору 200 нафари дигар барои ворид шудан ба давраҳои омӯзишии ин марказ дар навбатанд. Дар дигар минтақаҳои кишвар низ даҳҳо маҳфили омӯзиши забони чинӣ боз шудааст ва он ҳам дар ҳоле ки гуфта мешавад, омӯхтани ин забон хеле душвору сангин аст.

Аксари онҳое, ки ба омӯзиши забони чинӣ машғуланд, пинҳон намекунанд, ки бештар манфиатҳои тиҷорӣ онҳоро ба ин маҳфилҳо кашондааст. Аз ҷумла, Ашӯралӣ Тошеви 18-сола, баъд аз омӯзиши забони чинӣ ҳамроҳи падараш барои тиҷорат ба Чин хоҳад рафт: “Албатта, мехоҳам ҳамроҳи падар ба Чин биравам ва падарам ифтихор кунад, ки дигар фарзанди ӯ тарҷумонаш аст ва он ҷо мушкил намекашад.”

Орзуи модари ин ҷавон комилан дигар аст. Фотима Қосимова, модари Ашӯралӣ мегӯяд, ӯ як писар дорад ва танҳо ба он хотир ӯро ба омӯзиши забони чинӣ ҷалб кардааст, ки ҳеч гоҳ ба муҳоҷират ба Русия наравад: “Намехоҳам, мисли дигарон ба Русия равад. Он ҷо азобаш ба ҳама маълум аст. Мехоҳам, ҳамин ҷо кор кунад. Садҳо корхонаи чинӣ ҳаст ва дар яке аз онҳо кор карда, назди худам бимонад.”

Афзоиши таваҷҷуҳи тоҷикон ба омӯзиши забони чинӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00

Ҳангома, ҷавондухтари дигар мегӯяд, мехоҳад, бо омӯзиши забони чинӣ минбаъд таҳсилоти олиашро дар Чин идома диҳад: “Чин як давлати пешрафта ва ором ҳаст. Волидайнам аз ҳама кишварҳои дигари хориҷӣ бештар барои таҳсил дар ин кишвар розӣ ҳастанд.”

Маркази фарҳангӣ-таълимии "Конфутсий" дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон панҷ сол боз фаъол аст. Дэн Син, раҳбари ин Марказ аз ҷониби Чин мегӯяд, солҳои аввали корӣ таваҷҷӯҳи тоҷикон ба омӯзиши чинӣ камтар буд, вале ҳоло на танҳо ҷавонон, балки бузургсолон низ барои забономӯзӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд. Ҷаноби Дэн, ки ба тоҷикӣ сӯҳбат мекунад, гуфт: "Мо аз 8-сола то 50-соларо қабул мекунем. Дар як ҳафта се бор таълим мегиранд. Бисёре аз тоҷикон ҳатто дар 4 моҳ, бархеи дигар дар 6 моҳ ин забонро ёд мегиранд. Курсҳои моро бештар аз се ҳазор нафар хатм кардаанд, ки қариб ҳамаи онҳо бо ҷои кор таъмин шудаанд.”

Дар Маркази "Конфутсий" таълим пулакист ва хонандагон дар як моҳ 130 сомонӣ, камтар аз 30 доллар пардохт мекунанд. Дар ин марказ ба шогирдон устодони Донишкадаи забонҳои Пекин ҳам дарс медиҳанд. Замоне мо вориди яке аз синфхонаҳо шудем, Ма Юан, яке аз омӯзгорон бо садои баланд тарзи талафузи вожаҳои чинӣ ба шогирдонро меомӯзонд.

Ма Юан, ки баъд аз хатми Донишкадаи забонҳои Пекин ба Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, ӯро шавқи забономӯзии шогирдонаш дар ҳайрат мегузорад: “Вақте хоҳиш аст, омӯзондан осон аст. Аз зуд омӯхтани забони чинӣ ман илҳом мегирам. Забони мо, ки иборат аз йерографҳо аст, воқеан мушкил аст, аммо шогирдони мо аксаран ба зудӣ онҳоро аз худ мекунанд.”

Ҷумҳурии мардумии Чин, ҳамсояи Тоҷикистон аст ва яке аз ду коршарики асосии Душанбест. Аммо нуфузи он дар Тоҷикистон дар ҳоли густариш аст ва гуфта мешавад, ба зудӣ он Русияро иваз хоҳад кард. Худойбердӣ Холиқназаров, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки собиқаи фаъолияти дипломатӣ дар Чинро низ дорад, омили аслии таваҷҷӯҳ ба омӯхтани забони чиниро ба равобити хуби тиҷорӣ ва фаъолияти даҳҳо ширкати чинӣ дар Тоҷикистон марбут медонад.

Худойбердӣ Холиқназаров
Худойбердӣ Холиқназаров

Ӯ мегӯяд: “Тоҷикон эҳсос мекунанд, ки Чин як кишваре ҳаст, ки рушди хуби иқтисодӣ дорад. Рӯз ба рӯз нуфузи ин кишвар дар ҷаҳон боло меравад ва ягона кишварест, ки аз лиҳози доштани захираҳои асъори ва тиллоӣ дар ҳаҷми 4 трилиард доллар дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад. Дар масъалаи рушди иқтисодӣ дар соли 2015 дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад. Оянда ин кишвар хеле пешрафт дорад. Ин кишвар шарики стратегии мо ҳаст. Аз лиҳози субот ва ҳамкории дуҷонибаи тиҷорӣ шаҳрвандони мо ба ин кишвар эътимод бастаанд. Ояндаро бидуни Чин тасаввур кардан номумкин шудааст. Аз ҳамин лиҳоз шаҳрвандони мо ба омӯхтани забони ин кишвар таваҷҷӯҳ кардаанд. Бо омӯхтани забони чинӣ тоҷикон соҳиби кор ҳам мешаванд, зеро ҳоло даҳҳо ширкати чинӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва онҳо ба тарҷумону мутахассиси забондон лозим аст.”

Таваҷҷӯҳи тоҷикон ба омӯзиши забони чиноӣ дар ҳолест, ки бар асоси иттилои расмӣ табодули коло миёни Чину Тоҷикистон дар чанд соли ахир 16 баробар афзоиш ёфтааст. Соли 2000-ум табодули коло миёни ин ду кишвар 37 миллион долар будааст ва дар соли 2014 он ба 2 миллиард доллар баробар шудааст. Ҳоло садҳо ширкати чинӣ конҳои тилло ва дигар маъданҳоро коркард мекунанд. Тақрибан дар Тоҷикистон ягон соҳае нест, ки ҳузури чиниҳо дар он эҳсос нашавад.

Раисиҷумҳури Чин бо ҳамсараш дар меҳмонии хоси Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Ин кишвар ваъда кардааст, ки давоми панҷ соли баъд ба иқтисодиёти Тоҷикистон 6 миллиард доллар сармоя ворид хоҳад кард. Ваъдае, ки аксари сокинон бо собиқаи сармоягузории Чин ба Тоҷикистон дар гузашта ба он бовар доранд ва маҳз бо омӯхтани забони чинӣ мехоҳанд, суди бештару хубтаре ба даст биоранд.

Соли 2000-ум бар асоси шартномаҳои ду ҷониба ҳамагӣ 20 донишҷӯи тоҷик дар Чин таҳсил мекарданд, вале ҳоло ҳар сол бештар аз ҳазор ҷавони тоҷик барои таҳсил ба Чин меравад. Бо афзоиши марказҳои омӯзиши забони чинӣ тахмин меравад, ки шумора боз бештар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG