Пайвандҳои дастрасӣ

Як ширкати чинӣ саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро мехарад


Ширкати чинии “Корпоратсияи роҳҳои оҳани Ҷуннан” изҳори омодагӣ кардааст, ки то 70 дар сади саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”, яке аз ду бонки дучори мушкил дар кишварро мехарад.

Талоши маъмурияти "Тоҷиксодиротбонк" барои дарёфти сармоягузори хориҷӣ дар ҳолест, ки ин бонк се сол инҷониб дучори мушкил шуда, дар пардохти маблағи амонатгузоронаш оҷиз мондааст.

Як мақоми “Тоҷиксодиротбонк” рӯзи 30-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тавофуқи ибтидоӣ миёни раҳбарияти бонк ва “Корпоратсияи роҳҳои оҳани Ҷуннан” ҳосил шуда, "қарори ниҳоӣ рӯзҳои наздик эълон мешавад".

Аммо ҳамсуҳбати мо маблағи хариди 70 дар сади саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” аз тарафи ширкати чиниро ошкор накард.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи расмии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шумораи охирини худ тасмими ширкати чинӣ барои харидории саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро тасдиқ кардааст. Нашрия аз қавли роҳбарияти "Тоҷиксодиротбонк" навиштааст: "Дар ҷараёни мулоқот ва вохӯриҳо... Созишнома оиди тавассути сармоягузорӣ харидорӣ намудани на камтар аз 70 дар сади саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби Корпоратсияи роҳҳои оҳани Ҷуннан ба имзо расид".

Сармояҳо то охири соли ҷорӣ ворид мешаванд

Ҳамсуҳбати мо дар "Тоҷиксодиротбонк" мегӯяд, маъмурияти бонк айни замон бо ду бонки Русия ва “Казкоммерсбонк”-и Қазоқистон бар сари ворид кардани сармоя низ музокирот доранд. Ба қавли манбаъ, қарор аст, то охири имсол ба бонк сармояи хориҷӣ ворид гардад.

Гуруҳи сармоягузории Саудӣ гуфта буд, ки 51 дар сади саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро мехарад
Гуруҳи сармоягузории Саудӣ гуфта буд, ки 51 дар сади саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро мехарад

"Корпоратсияи роҳҳои оҳани Ҷуннан" дувумин ширкати хориҷӣ аст, ки омодагии худро барои хариди саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк" эълон кардааст.

Дар моҳи майи имсол Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) эълон карда буд, ки то 51 дар сади саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ мекунад. Бо гузашти беш аз ним сол ин тасмим амалӣ нашуд ва, ба қавли мақомот, дар сатҳи гуфтушунид боқӣ монд.

Талоши маъмурияти "Тоҷиксодиротбонк" барои дарёфти сармоягузори хориҷӣ дар ҳолест, ки ин бонк се сол инҷониб дучори мушкил шуда, дар пардохти маблағи амонатгузоронаш оҷиз мондааст.

Таҳқиқи суду зиён идома дорад

Дар ҳоли ҳозир як гуруҳи вижа суду зиёни ин бонк ва "Агроинвестбонк"-ро таҳқиқ дорад ва масъалаи мондан ё барҳам хӯрдани онҳоро то аввали соли 2019 маълум хоҳад кард.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, низ рӯзи 23-юми ноябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, "то охири сол вобаста ба тақдири минбаъдаи бонкҳо таклифҳо мушаххас хоҳад шуд. Пас аз қабули қарори дахлдори ҳукумат, Бонки Миллӣ дар доираи ваколаташ чора меандешад."

Даҳҳо муштарии "Тоҷиксодиротбонк" шикоят доранд, ки се сол боз амонати гузоштаи худро гирифта наметавонанд
Даҳҳо муштарии "Тоҷиксодиротбонк" шикоят доранд, ки се сол боз амонати гузоштаи худро гирифта наметавонанд

Раиси Бонки миллӣ дар ин суханрониаш дар порлумон ҳаҷми дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро ҳудуди чаҳор миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.

"Тоҷиксодиротбонк" охири соли 2015 ба мушкил печид ва натавонист саривақт пули муштариёнро дастрас кунад. Ин вазъ ба навбати тӯлонӣ ва норозиятҳо аз бонк сабаб гардид. Ҳоло мақомоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” мегӯянд, вазъи молиашон беҳтар шудааст, вале бархе аз муштариён ҳанӯз аз камбуди пул дар бонк шикоят доранд.

Пешбиниҳои хушбинона

Таҳлилгарон эҳтимоли вуруди сармояи чинӣ ба “Тоҷиксодиротбонк”-ро мусбат медонанд ва мегӯянд, ин тасмим шояд бонкро аз вартаи касодӣ берун орад. Тибқи пешбинии Меҳрубон Бурҳонов, коршиноси масоили бонкӣ, "бо фурӯши саҳмияҳо "Тоҷиксодиротбонк" метавонад маблағи мизоҷонашро бозпас диҳад ва давоми 3-4 соли оянда фаъолияташ низ муътадил гардад".

"Ширкатҳои чинӣ дар баробари дигар кишварҳо захираҳои хуб доранд, ки ба соҳибкорони тоҷик қарз пешниҳод кунанд. Ин шояд як тағйироти ҷиддӣ шавад ва “Тоҷиксодиротбонк” дубора ба бонки рақобатпазир табдил ёбад”, - афзуд ӯ.

Масъулини “Тоҷиксодиротбонк” се сол аст, ки барои пайдо кардани сармоягузор талош доранд. Меҳрубон Бурҳонов мегӯяд, қарзҳои зиёди мушкилситон ва уҳдадориҳои зиёд дар назди мизоҷон ду садде аст, ки сармоягузоронро аз харидани саҳмияҳои бонк бозмедорад. Мушкилҳое, ки ба қавли Бурҳонов ҳатто метавонад тасмими ширкатҳои чиниро дар охирин лаҳза тағйир диҳад.

Қаблан чанде аз созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷиикстон машварат дода буданд, ки бонкҳои дучори мушкилро муфлис эълон карда ва дигар дар фикри наҷоти онҳо набошад.

Соли гузашта, дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон, "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG