Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб 700 кг "косметика"-и чиниро нобуд карданд


Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 700 килограм маводи ороишии истеҳсоли Чин оташ зада шуд.

Номгӯи зиёди маҳсулоти ороишӣ бештар барои занон буда, дар дорухонаҳои шаҳру навоҳӣ дар ҳолати фурӯш қарор доштаанд. Нуриддин Валиев, сардори ин Хадамот дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, маводи мусодирашудаи ороишӣ қисман мӯҳлати истифодаашон гузашта ва қисман иҷозатномаи фӯрӯш надоштанд.

Дар чунин ҳолат, ба гуфтаи ӯ, касе кафолат дода наметавонист, ки пас аз истифодаи чунин маводи ороишӣ чӣ таъсире ба сиҳатии сокинон хоҳад расид.

-Эҳтимол дорад, ки дар чунин ҳолат пӯсти сокинон осеб бинад, зеро бисёре аз ин қабил мавод иҷозатномаи фӯрӯш надоранд ва ё мӯҳлаташон гузаштааст.
Мутааcсифона, истифодабарандагони мо ин тарафи масъала кам аҳамият медиҳанд. Аз ин рӯ хеле хуб мешуд, пеш аз харидории маводи ороишӣ ва доруворӣ , ба санаи истеҳсол ва иҷозатномаи он назар дӯхта шавад,-гуфт, Валиев.

Инчунин, дар пайи як санҷиши Хадамоти фармасевтӣ 22 номгӯӣ дорувориҳо аз дорухонаҳо мусодира шудааст. Валиев мегӯяд, аз ин миқдор 5 номгӯӣ доруворӣ бидуни иҷозатнома дар фурӯш гузошта шудаанд, 17 номгӯӣ дигар мӯҳлати истифодаашон гузашта будааст.

Зимни ин санҷиш ба Хадамоти фармасевтӣ маълум шудааст, ки маводи ороишӣ истеҳсоли Чин хатарнок будааст: «Мо ташхис кардем ва дидем, ки маводи ороиши истеҳсоли Чин зараровар будааст ва баръакс, маводи ороиши истеҳсоли Ирон ва Ҳинд камзарартар будааст, ки мо ба онҳо шаҳодатномаи таҳлилӣ додем. Маводе, ки Ҳинду Ирон ворид мешавад, сифаташон зимни санҷиши мо маълум шуд, баландтар будааст.»

Дар ҳоле, 700 килогарм маводи ороишӣ оташ зада мешавад, ки сокинони зиёде пас аз истифодаи маводи ороиши аз захми пӯст ба беморхонаҳои муроҷиат мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба тозагӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ширкати «Тоҷи Осиё»-и Ҷумҳурии исломии Ирон ба истеҳсоли маводи ороишӣ шӯрӯъ кардааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG