Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар "саммити ҷаҳонӣ" дар бораи Украина иштирок намекунад


Сафири Чин дар Созмони Милал
Сафири Чин дар Созмони Милал

​​​​​​​Чин ба конфронси байнулмилалӣ барои пайдо кардани роҳҳои қатъи даргириҳо дар Украина, ки қарор аст моҳи июн дар Швейтсария баргузор шавад, ҳайати худро намефиристад.

Хабаргузории "Reuters" бо истинод ба чор манбаи худ иттилоъ дод, ки шартҳои гузошташуда барои ширкати ҳайати чинӣ дар конфронс иҷро нашудаанд.

Яке аз шартҳо даъвати ҳайати Русия буд. Вазорати корҳои хориҷии Чин хоста буд, ки барои "иштироки баробари ҷонибҳо ва баррасии одилонаи пешниҳодҳо" Русия ба конфронс даъват шавад.

Қаблан президенти Украина Владимир Зеленский аз раҳбарияти Чин даъват карда буд, ки ҳайати худро ба конфронс фиристад.

Конфронс рӯзҳои 15 ва 16-уми июни имсол дар истироҳатгоҳи Бюргенштоки Нидвалден, дар наздикии шаҳри Лютсерн баргузор хоҳад шуд. Баргузории онро бе иштироки Русия худи Зеленский дархост кардааст.

Маскав борҳо гуфтааст, агар ба гуфтугӯҳои Швейтсария даъват ҳам шавад, иштирок нахоҳад кард, чун Швейтсария ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG