Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин барои Тоҷикистон 300 млн юан грант медиҳад


Президентҳои Тоҷикистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.
Президентҳои Тоҷикистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Чин барои ҳукумати Тоҷикистон 300 миллион юан, баробар ба 40 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт медиҳад.

Лоиҳаи санад миёни Душанбе ва Пекин таҳия шуда, Радиои Озодӣ 15-уми август бо муҳтавои он шинос шуд. Дар санад омадааст, 300 миллион юан "бо дархости ҳукумати Тоҷикистон" аз сӯи Чин ҷудо мешавад.

Бар асоси ин санад, ин маблағ барои амалӣ кардани лоиҳаҳое сарф мешавад, ки қаблан миёни ду ҷониб мувофиқа шудааст. Аммо ин тарҳҳо номбар нашудаанд.

Ин бори аввал нест, ки Чин барои ҳукумати Тоҷикистон маблағи бебозгашт медиҳад. Пеш аз ин бо 220 миллион доллари Чин дар Душанбе бинои порлумон ва ҳукумат сохтанд. Ҳарду бино аввали моҳи июли имсол ва бо ҳузури раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин ифтитоҳ шуданд.

Пекин аз сармоягузорони асосии Душанбе аст ва даҳҳо ширкати чинӣ дар Тоҷикистон кор мекунанд. Аммо нигаронии асосӣ шаффоф набудани фаъолияти корхонаҳои чинӣ аст.

Мақомоти Тоҷикистон аз сармоягузорони чинӣ пуштибонӣ мекунанд.

Бар иловаи маблағҳои грант, Тоҷикистон аз Чин наздики 900 миллион доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG