Пайвандҳои дастрасӣ

“Кӯдакамро ба кӣ бовар кунам – доя ё хоҳару модар?”


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Бо роҳандозии як тарҳ Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мехоҳад, барои модарони коргар дояҳои касбӣ омода ва пешниҳод кунад.

Ҳар замон назорат карда меистам, ки либосаш тунук набошад, сару рӯяш тоза ва кӯдак сер бошад. Моҳҳои аввал кӯдак зуд-зуд касал мешуд, фикр мекардам шояд аз беаҳамиятӣ бошад. Барои ҳамин ба ҳар ҳол пайваста занг мезанам то беаҳамиятӣ зоҳир нашавад
Раъно, як сокини Душанбе

Марҷонаи 20-сола оиладор нест, аммо ба қавли худаш, таҷрибаи дусолаи нигоҳубини кӯдакро дорад. Хоҳари калонии ӯ дар як созмони хориҷӣ кор мекунад ва нигоҳубини ду тифли хурдсолаш бар уҳдаи Марҷона аст. Ин духтари тоҷик мегӯяд, хоҳараш баъди ҷустуҷӯҳои зиёд натавонистааст дояи хубу боварбахш пайдо кунад.

Марҷона дар бахши ғоибонаи донишгоҳ таҳсил мекунад. “Тамоми рӯз бо кӯдакон дар хона бозӣ мекунам, онҳоро мехобонам ва ғизо медиҳам. Хоҳарам мегӯяд, зани бегона, мумкин аст, мисли ман кӯдаконро дӯст надорад ва хуб нигоҳубин накунад”, - афзуд ӯ.

"Занони хонашин соҳиби кор мешаванд"

Мисли хоҳари Марҷона имрӯз зиёданд заноне, ки ҷойи кори хуб доранд ва баъди чанд моҳи таваллуд, барои аз даст надодани он бояд ба кор бароянд. Аммо нахустин мушкиле, ки пеши роҳашон қарор мегирад, ин аст, кӣ кӯдакро ба кӣ бовар кунанд? Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ дояи хуб меҷӯянд, бархеи дигар дар миёни хешу табори наздики худ, ба мисли модару хоҳарон.

Бинои Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон
Бинои Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон

Ҳамакнун Вазорати маорифи Тоҷикистон якҷоя бо Бонки Ҷаҳонӣ мехоҳад, кори модарони коргарро осон кунанд. Дар Душанбе давраҳои семоҳаи омӯзиши барои омода кардани дояҳои касбӣ шурӯъ шуд. Дар даври аввал дар ин гурӯҳ 25 нафар ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Барнома бо пешниҳоди Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Вазорати маориф ва илм ва бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.

Инчунин бихонед: Доя: Кӯдакро бо фармони Аллоҳ куштам

Розия Абдуллоева, ҳамоҳангсози барнома ва муовини ректор дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ мегӯяд, ҳадаф аз ин барнома омода ва пешниҳод кардани дояҳои касбӣ ба модарон дар Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим бо кор таъмин намудани занони хонанишин аст. “Аксари занони мо хонанишинанд, мо меомӯзонем ва онҳо метавонанд кор пайдо кунанд. Аз сӯйи дигар, муроҷиатҳои сокинон ба якдигар барои ёфтани доя кам нест. Дояи касбӣ надорем, заноне, ки ҳоло ба ҳайси доя кор мекунанд маълумоти махсус надоранд”, - афзуд ӯ.

Ташхиси тиббӣ – барои доягӣ

Барои омӯзиши дояҳои касбӣ дар давраҳои омӯзишӣ 6 устод, аз ҷумла равоншиносони оилавӣ, табибон, диэтологҳо ва муттахассисони соҳаҳои дигар ҷалб шудаанд. Дарсҳо бештар ба таври амалӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ сурат хоҳанд гирифт. Розия Абдуллоева гуфт, “онҳо тамоми нозукиҳоро меомӯзанд. Чӣ хел нигоҳубин кардан зарур аст, чӣ хел бояд тани кӯдакро бишӯянд. Дарси эстетика ҳам ҳаст. Донишҳои томактабиро медиҳанд. Мо инҷо тамоми шароитро фароҳам сохтем, як ошхонаи замонавӣ дорем ва дарсҳои амалӣ бештар мегузаронем.”

Фариза Эргашова яке аз устодони курсҳои омодасозии дояҳои касбӣ мегӯяд, давоми 3 моҳи таҳсил тамоми иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ омӯхта ва аз сӯйи худи ташаббускорони барнома ба занони коргар дар кишвар ба ҳайси доя пешниҳод мешаванд. Эргашова мегӯяд, ширкат дар давраҳои омӯзишӣ барои занон ягон маҳдудият надорад, аммо вобаста ба хислату рафтор ва сиҳатии занон онҳо фақат дояҳоеро ба модарон пешниҳод мекунанд, ки боварбахшанд. “Масъулиятро пурра ба зимма мегирем, баъд тавсия медиҳем. Мо давоми 3 моҳ талош мекунем ҳар иштирокдори давраҳои омӯзишии худро омӯзем ва баҳо диҳем. Аллакай рӯйхат дорем, ки кадом ниҳод ё киҳо ба чунин муттахассисон талабот доранд. Яке аз талаботи аслӣ барои кори доя гузаштан аз ташхиси тиббӣ аст”, - гуфт ӯ.

Масъулони давраҳои омӯзишӣ барои дояҳои касбӣ мегӯянд, баъд аз хатми ин давраҳои омӯзишии 3-моҳа ва дарёфти санад метавонанд ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ба вижа дар Русия чун дояи касбӣ қабул ва соҳиби кор шаванд.

Кӯдакбонӣ - ба ивази 100 доллар

Оғози кори давраҳои омузишӣ дар назди Донишгоҳи омӯзгорӣ дар ҳолест, ки баҳс сари интихоби доя дар миёни модарони ҷавон ва шикоят аз кори дояҳое, ки бидуни ягон маълумоти махсус ва аз ночорӣ ба нигоҳубини атфол рӯ овардаанд, дар Тоҷикистон кам нест. Модарони коргар бештар ҳоло аз рӯйи таҷрибаи корӣ дояҳоро барои нигоҳубини тифли худ ба кор мегиранд.

Тамоми рӯз бо кӯдакон дар хона бозӣ мекунам, онҳоро мехобонам ва ғизо медиҳам. Хоҳарам мегӯяд, зани бегона, мумкин аст, мисли ман кӯдаконро дӯст надорад ва хуб нигоҳубин накунад

Маъмулан занони ҷавон ва ҳатто миёнсол ҳам дар Душанбе бар ивази 1000 сомонӣ ё беш аз 100 доллар дар як моҳ кӯдакони модарони коргарро аз субҳ то шом нигоҳубин мекунанд. Раъно, модаре, ки баъди 2 моҳи таваллуди кӯдак, ӯро ба дасти доя супурд, мегӯяд, барои духтарчааш аз миёни ҳамсояҳои худ доя интихоб кард. Бо инки дояро то ҷое мешиносад, аммо мегӯяд, ҳанӯз ҳам дилаш пур нест. “Ҳар замон назорат карда меистам, ки либосаш тунук набошад, сару рӯяш тоза ва кӯдак сер бошад. Моҳҳои аввал кӯдак зуд-зуд касал мешуд, фикр мекардам шояд аз беаҳамиятӣ бошад. Барои ҳамин ба ҳар ҳол пайваста занг мезанам то беаҳамиятӣ зоҳир нашавад”, - гуфт ӯ.

Омори заноне, ки дар Тоҷикистон ба ҳайси парастори кӯдак кор мекунанд, дақиқ нест. Аммо ташаббускорони давраҳои нави омӯзишӣ барои дояҳои касбӣ мегӯянд, талабот ба чунин дояҳо дар кишвар зиёд аст. Ба таъкиди онҳо, ҳанӯз кори давраҳои омӯзишӣ шурӯъ нашуда, аз тарафи модарони коргар муроҷиатҳои зиёде барои тавсияи парастони ҳирфаӣ ва боварбахшро мегиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG