Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дардисарҳои мусобиқаи ҷаҳонии шатранҷ дар Арабистони Саудӣ


Федератсияи ҷаҳонии шатранҷ ба Исроил хабар додааст, ки шатранҷбозони ин кишвар наметавонанд дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо мизбонии Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат кунанд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", муовини раиси ин федератсия якшанбеи 24-уми декабр бо таъйиди ин хабар дар Афина, қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии шатранҷ, афзуд, ки ин мусобиқа тибқи барномаи пешин дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд.

Шуморе аз занони шатранҷбоз аз кишварҳои мухталиф дар моҳҳои гузашта гуфта буданд, агар маҷбур ба риояти пӯшиши исломӣ дар мусобиқаи шатранҷи Арабистони Саудӣ шаванд, ин мусобиқаро таҳрим хоҳанд кард.

Яксаду ҳаштод шатранҷбоз аз рӯзи сешанбеи 26-уми декабр то шанбеи 30-юми декабр дар мусобиқаи шатранҷи сареъ дар Арабистони Саудӣ бо ҳам рақобат мекунанд. Ҳафт шатранҷбози исроилӣ, аз ҷумла ду зан барои гирифтани виза ва вуруд ба Арабистони Саудӣ, дархост дода буданд.

Арабистони Саудӣ зоҳиран Исроилро ба расмият намешиносад ва бо он муносибат надорад. Аммо мақомҳои баландпояи Исроил ба наздикӣ таъйид карданд, ки аз чанд муддат ба ин тараф "бинобар нигарониҳои муштарак аз сӯи Эрон", робита ва ҳамкориҳои пуштипарда байни ду кишвар дар ҷараён аст.

Пас аз ифшо шудани робитаҳои пинҳонӣ миёни Исроил ва Саудӣ ва ҳамчунин бархе ислоҳоте, ки валиаҳди ҷаҳони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ахирин эълон кард, шатранҷбозон ва масъулони Федератсияи шатранҷи Исроил дар рӯзҳои гузашта дар мусоҳиба бо расонаҳои кишварашон ибрози умедворӣ карда буданд, ки шатранҷбозони исроилӣ барои ҳузур дар мусобиқаҳои Арабистони виза бигиранд. Рӯзномаи "Guardian" дар чанд рӯзи гузашта эълом карда буд, ки Арабистони Саудӣ майл дорад ба шатранҷбозони исроилӣ виза бидиҳад.

Дар ҳоле, ки муовини раиси Федератсияи байналмилалии шатранҷ гуфтааст, ки раводиди шатранҷбозони исроилӣ "содир нашуд ва нахоҳад шуд", сухангӯи Федератсияи шатранҷи Исроил ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки кишвараш ҳанӯз аз роҳҳои мухталиф дар талош аст, то шароити мушорикати шатранҷбозони исроилӣ фароҳам шавад. Аммо ба гуфтаи ӯ, адами ҳузури шатранҷбозони Исроил ва чанд кишвари дигар, ин рӯйдоди варзиширо аз ҷаҳонӣ будан хориҷ мекунад.

Эрон гуфтааст, ки шатранҷбозони ин кишвар ба Саудӣ намераванд. Акс аз бойгонӣ.
Эрон гуфтааст, ки шатранҷбозони ин кишвар ба Саудӣ намераванд. Акс аз бойгонӣ.

Як вебсайти хабарии исроилӣ авохири ҳафтаи гузашта навишт, бинобар эъломи се ҳафта пеши президенти Амрико Доналд Трамп роҷеъ ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил, ки бо вокунишҳои мухолифи кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва даҳҳо кишвари дигари дунё рӯбарӯ шуд, "Арабистони Саудӣ аз интиқодҳои сахти ҷаҳони араб дар хусуси гомҳои бесобиқаи дигаре дар оддисозии равобит бо Саудӣ нигарон шудааст."

Шатранҷбозони Қатар низ дар рақобатҳои Арабистони Саудӣ ширкат намекунанд. Қатар гуфтааст, ки Арабистони Саудӣ дар ин замина шартҳои ғайри қобили қабул гузоштааст, аз ҷумла ин, ки парчами Қатар дар канори кишварҳои дигари ширкаткунанда дар ин рақобатҳо барафрошта нашавад. Равобити Қатар ва Арабистони Саудӣ ҳафт моҳ мешавад, ки қатъ шудааст ва ин бӯҳрон ба муносибатҳои онҳо бо бисёре аз кишваҳои минтақа ва ҷаҳон таъсир гузоштааст.

Дар ин миён, расонаҳои Эрон низ хабар додаанд, ки ин кишвар ҳам дар рақобатҳои шатранҷи Арабистони Саудӣ ширкат намекунад. Арабистони Саудӣ ва Эрон дар ду соли гузашта бо ҳам робитаҳои дипломатӣ надоранд.

Шуморе аз занони шатранҷбоз аз кишварҳои мухталиф дар моҳҳои гузашта гуфта буданд, агар маҷбур ба риояти пӯшиши исломӣ дар мусобиқаи шатранҷи Арабистони Саудӣ шаванд, ин мусобиқаро таҳрим хоҳанд кард. Аммо Арабистон эълом кард, ки занон дар ин мусобиқот ба пӯшиши ҳиҷоб маҷбур нахоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG