Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Ҷумҳурии Чех ба Душанбе меояд


Мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Милош Земан дар шаҳри Сочи. 7 феврали 2014
Мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Милош Земан дар шаҳри Сочи. 7 феврали 2014

Милош Земан, раиси Ҷумҳури Чех дар авохири моҳи ноябр бо як сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Дар ин сафар масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор хоҳанд дошт.

Қарор аст тайи рӯзҳои 23-27 ноябри соли ҷорӣ раиси Ҷумҳури Чех Милош Земан аз Қазоқистон ва Тоҷикистон дидан намояд. Ба иттилои Палатаи савдои Ҷумҳурии Чех, дар шаҳри Душанбе ба иловаи гуфтугӯҳои сиёсӣ, ҳамчунин форуми соҳибкорони ду кишвар дар назар гирифта шудааст.

Раҳбари иҷроияи Палатаи савдо ва тиҷорати Ҷумҳурии Чех дар умури кишварҳои ИДМ Франтишек Масопуст дар гуфтугӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир феҳристи ширкат ва фирмаҳое, ки бояд Тоҷикистон сафар намояд, таҳия мешавад. Ба гуфтаи вай, эҳтимолан ҷониби Ҷумҳурии Чехро дар ин форум 60 фирма намояндагӣ кунанд ва ин феҳрист то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст.

Ба гуфтаи вай, ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чех дар сатҳи поён қарор дорад ва ҳадафи асосии онҳо, пайдо кардани роҳҳои нав ва густариши ҳамкориҳо мебошад. Тибқи иттилои расмии мақомоти Ҷумҳурии Чех, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 172 миллион крон, муодили 8 миллион долларо ташкил додааст ва дар 6 моҳи аввали соли 2014 табодули мол миёни Душанбе ва Прага ба 75 миллион ё 3,5 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Милаш Зенан дар даври аввали интихоботи президентии моҳи марти соли 2013 раиси ҷумҳури Чех интихобот шуд. Ӯ дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Сочӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом дода буд. Оқои Земан дар он мулоқот ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, кишоварзӣ таваҷҷуҳ намуда, аз сафарҳои пешини худ Душанбе ёдовар шуда, гуфта буд ки “бо майли том бори дигар аз ин шаҳри зебо дидан карда, ба густариши робитаҳои судбахш асос мегузорад”.

Раиси ҷумҳури кунунии Чех дар авоили солҳои 70-и қарни гузашта ба унвони мутахассис дар бахши сохтмон дар Тоҷикистон кор намуда ва ҳамеша аз ин кишвар ба некӣ ёд кардааст.

XS
SM
MD
LG