Мақомоти Тоҷикистон баъди чаҳор моҳ сабаби қатъи иҷозатномаи як мактаби вобаста ба Шабакаи Оқохонро дар Тоҷикистон шарҳ доданд. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор бахше аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ буд ва дар он зиёда аз 5300 нафар омӯзиш мегирифтанд.
Муҳаммадтоир Саидзода, раиси Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф 14-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, иҷозатномаи ин мактаб ва намояндагиҳояшро дар Душанбеву Хуҷанд ва Бохтару Кӯлоб барои он гирифтанд, ки онҳо гуё "талаботи қонунро дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ риоят накарданд".
Ин мансабдори тоҷик ба роҳ мондани давраи омӯзишии кӯтоҳмуддат дар мавриди соҳибкорӣ ва ташкили омӯзиши забони англисӣ барои хонандагони то 16-соларо аз камбудиҳои дигари Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ номбар кард.
"Муайян нашудани соатҳои академӣ дар донишгоҳи мазкур. Як соати академӣ баробари 40 дақиқа муайян шудааст, лекин дар мо ин нишондиҳанда 50 дақиқа аст. Тибқи талаботу принсипҳои созишномаи Болония ва меъёрҳои зиёди дигар, ки муассиса ба ин чиз мутобиқат намекунад," – гуфт раиси Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф.
Вокуниши намояндагони Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба эродҳои мақомот маълум нест. Радиои Озодӣ 14-уми июл суолҳои худро ба ин муассисаи таълимӣ фиристода, мунтазири посух аст.
Мақомоти Тоҷикистон моҳи марти имсол фаъолияти Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказиро боздошта, иҷозатномаи онро бозпас гирифтаанд. Он вақт фаъолияти мактабҳои ин донишгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб баста шуд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, дарсҳо дар мактаби шаҳри Хоруғ то моҳи июн идома кард.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 17-уми марти имсол эълон кард, ки дар бораи кори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор аз ҷониби Оҷонси назорат дар соҳаи маориф огоҳинома гирифтааст. Он замон Дилбар Рӯзадорова, масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, гуфта буд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки вазъиятро “бо масъулияти баланд баррасӣ намуда, манфиатҳои шумораи зиёди хонандагон, омӯзгорон ва кормандонро ҳамаҷониба ба инобат гиранд.”
Қазияи Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор дар Тоҷикистон аз он сабаб мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки он аз ҳимояти Шабакаи Рушди Оқохон баҳравар буд.
Шабакаи Рушди Оқохон, ки раҳбари куллаш Шоҳзода Раҳим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон аст, аз соли 2022, пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон, аз чанд бинои худ дар Тоҷикистон маҳрум гашт.
Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2023 ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор сар кард. Замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи "Серена" дар Хоруғ низ ба ихтиёри давлат гузаронда шуданд. Ва Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил дода шуд.