Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кароматулло гуфт, ӯро ташхиси COVID-19 доданд, то ба мулоқоти Э.Раҳмон роҳ наёбад


Кароматулло Исмоилов иддао дорад, ки ӯро барқасдона ба мулоқот бо раиси ҷумҳур роҳ надоданд
Кароматулло Исмоилов иддао дорад, ки ӯро барқасдона ба мулоқот бо раиси ҷумҳур роҳ надоданд

Як ҷавони тоҷик иддао дорад, ки барои роҳ надоданаш ба мулоқот бо президент, натиҷаи ташхиси ӯро аз коронавирус мусбат нишон додаанд. Мақомот мегӯянд, Кароматулло Исмоилов танҳо "бо гумони гирифторӣ ба коронавирус" ба мулоқот даъват нашуд. Ин дар ҳолест, ки масъулони Вазорати тандурустӣ аз оғози имсол пайваста мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳеч кас бемор нашудааст.

"Чанд дору доданду гуфтанд, ки табобат гирам"

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта, ҳангоми сафараш ба вилояти Хатлон, бо гуруҳе аз ятимон ҳам мулоқот кард.

Кароматулло Исмоилов, ятими кул аз шаҳри Леваканд, (Сарбанди собиқ) мегӯяд, номи ӯ дар рӯйхати иштирокдорон дар мулоқоти рӯзи 24-уми март бо президент буд. Аммо, ба қавли ӯ, рӯзи 22-юми март ва пас аз санҷидани коронавирус ба ӯ гуфтаанд, “ба ин беморӣ гирифтор шудааст” ва дар мулоқот иштирок карда наметавонаду бояд табобат гирад.

“Ба ман чанд дору доданду гуфтанд, ки бояд табобат гирам. Ман ягон доруро нахӯрдам, зеро медонам, ки дар Тоҷикистон коронавирус нест. Ҷаноби олӣ ҳам гуфта буданд, ин беморӣ нест”, -- нақл кард ӯ рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ.

Мулоқоти раиси ҷумҳур бо гурӯҳе аз ятимон рӯзи 24-уми март дар Бохтар гузашт
Мулоқоти раиси ҷумҳур бо гурӯҳе аз ятимон рӯзи 24-уми март дар Бохтар гузашт

Кароматулло Исмоилов мегӯяд, ӯ бовар дошт, ки солим аст ва пас аз се рӯз дубора ва ин бор дар Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии вилояти Хатлон ташхис супурд. Натиҷаи ин озмоиши ӯ манфӣ ва “тоза баромад”.

Шикояте, ки гуфта нашуд

Ба гуфтаи ин ҷавон, мақомоти Леваканд ташхиси ӯро махсус мусбат нишон додаанд, то ба мулоқот роҳ наёбад ва арзашро ба президент нарасонад.

Кароматулло Исмоилов ятими кул аст ва мегӯяд, мулоқоти рӯ ба рӯ бо президентро хеле боз мунтазир буд ва мехост, ба раиси ҷумҳур дар бораи ғайриқонунӣ ба хидмат бурда шудани бародараш ва шароити вазини зиндагии худ бигӯяд. Мақомот ҳам аз шикоятҳои ӯ огоҳ будаанд.

“Вақте ҳама кӯдаконро ба Бохтар бурданд, гуфтам, ки худам мераваму баромад мекунам. Аз нияти ман раиси шаҳрро огоҳ карданд ва соати 6-и бегоҳ ба хонаи мо нозири минтақавӣ бо либоси мулкӣ омад ва гуфт, “баромад накун”. Мо дар назди ҷаноб баромад кунем, гунаҳкорем? Ҳозир коғазҳо дар дастам ҳаст, ба куҷое равам, гӯш намекунанд”, -- шиква кард ӯ.

Посухи мақомот

Мақомот дар шаҳри Леваканд гуфтанд, Кароматулло Исмоилов, дар воқеъ, бо гумони гирифторӣ ба коронавирус ба мулоқоти президент даъват нашуд.

Карим Ҳалимзода, мудири шуъбаи ҳуқуқи кӯдак дар Леваканд, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз онҳое, ки бояд ба мулоқоти президент мерафтанд, ташхиси коронавирус гирифтаанд. Ба қавли ӯ, “Кароматулло Исмоилов бино ба гумони бемор будан ба коронавирус натавонист, дар вохӯрӣ ширкат кунад."

"Дар Тоҷикистон беморӣ нест, вале ӯ танҳо гумонбар буд. Ташхиси ду нафар чунин буд, вале мо тамоми тӯҳфаҳои президентро, ки ба ятимон дода шуд, ба Кароматулло ҳам расондем”, -- илова кард ӯ.

Хулосаи пизишк

Кароматулло нусхаи натиҷаи ҳарду ташхисашро ба Радиои Озодӣ фиристодааст. Дар яке, ки аз санаи 22-юми март аст, натиҷаи санҷиши ӯ (Антитела ё подтани IgM) мусбат ва (Антитела IgG) манфӣ ишон дода шудааст. Натиҷаи ташхиси дубора, ки аз рӯзи 26-уми март аст, аллакай пурра манфӣ аст.

Як пизишки сироятшинос дар шарҳи ин ҳуҷҷатҳо гуфт, манзур аз Антитела IgM иммуноглобулин аст, ки пас аз 7 то 10 рӯзи гирифторӣ ба коронавирус дар бадани инсон пайдо мешавад ва далели он аст, ки шахс бемории COVID-19 дорад ва Антитела IgG далели он аст, ки шахс дар гузашта ин бемориро аз сар гузарондааст.

Ба ин тартиб, ду ташхис бо ҳам мувофиқ нест, чун агар ӯ коронавирус медошт, ҳатман IgG-аш низ мебоист мусбат мебуд ва агар ӯ дар гузашта бемор шудааст, ин антителаҳо дар хунаш мемонд ва дар ташхиси дувум низ мусбат мебаромад.

Мулоқоти самимӣ ё саҳнасозӣ?

Роҳ наёфтани ҷавон ба мулоқоти презедиент ба гуфтаи масъулин "бо гумони гирифторӣ ба коронавирус" дар кишвар дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, аз моҳи январи имсол то кунун ҳеч мавриди сирояти сокинон ба коронавирусро сабт накардаанд.

Бори аввал нест, ки як нафар барои роҳ наёфтани худ ба мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон шикоят мекунанд. Маъмулан президент дар ҷараёни сафарҳояш ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо сокинон суҳбат мекунад.

Мунтақидон мегӯянд, ба мулоқоти президент аксаран онҳое роҳ меёбанд, ки аз пеш омода шудаанд. Мақомот инро рад мекунанд ва мегӯянд, ҳадаф аз сафарҳои раиси ҷумҳурӣ ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум аст ва касе монеи мулоқоти сокинон бо ӯ намешавад.

XS
SM
MD
LG