Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ тавр духтари ятим дар Панҷакент ба дасти президент нома дод?


Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент. Акс аз Хадамоти матбуотии президент

Хосият, толибаи синфи 10-и яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент пеши роҳи корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишварро гирифта, номаи додашро ба ӯ расонидааст.

Зоҳиран, аксари онҳое, ки ҳангоми сафари президент ба минтақаҳо бо ӯ сӯҳбат мекунанд, аз пеш омода шудаанд ва хеле кам иттифоқ меафтад, ки як нафар бидуни тавсияи мақомот ба мулоқоти президент роҳ ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар доираи ҷашни 5500 солагии Саразм, як шаҳри қадимӣ ба Панҷакент сафар кардааст.

Хосият Олишова, сокини шаҳри Панҷакент субҳи 12-уми сентябр ҳангоме, ки корвони мошинҳои ҳайати давлатӣ бо ҳамроҳии президент Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рудакии шаҳри Панҷакент ба самти бинои панҷошёнаи “Саразм плаза” ҳаракат мекард, бо садои баланд “президент дар кадом мошин ҳаст” гуфта, худро ба мошинҳои сиёҳшиша наздик мекунад.

Тавре шоҳидони айнӣ гуфтанд, муҳофизони президент пеши роҳи ӯро гирифтанӣ мешаванд, вале президент аз дохили мошин ишора мекунад, ки "монед биёяд".

Хосият номаашро ба президент супурдааст ва баъди он, ӯро ба ҳукумати шаҳри Панҷакент мебаранд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан чунин ҳолат пеш омад ва "президент ба ман гуфтанд, ки духтарча ятим будааст, мушкилот доштааст”.

“Ҳоло нома дар дасти президент ҳаст. Вақте вай ба тарафи корвони президент ҳаракат кард, президент мошинро манъ карда, даст аз оинаи мошин берун кард. Даъваташ карданд ва номаашро гирифтанд”,-гуфт ӯ.

Мақсуда Аҳророва, директори мактаби рақами 71-и шаҳри Панҷакент, ки Хосият дар он таҳсил мекунад, гуфт “бо Хосият ва модараш суҳбат кардам”.

Ӯ гуфт, ки Хосият дар номааш хоҳиши манзили зист кардааст, зеро ӯ бо модараш дар иҷора зиндагӣ доранд.

Ба гуфтаи директори мактаб, падари ин духтар 3 моҳ пеш фавтидааст ва онҳо бесарпаноҳ мондаанд.

"Хосият аз хонандаҳои фаъол аст ва таҳсили хуб дорад",-гуфт ӯ.

Як намояндаи ҳукумати шаҳри Панҷакент ба шарти наовардани номаш гуфт, ки бо ин духтар сӯҳбат кардаанд ва арзи ӯро шунидаанд.

Ин корманди ҳукумат гуфт, ки ба ӯ 10 ҳазор сомонӣ ва равғану шакару орду биринҷ кӯмак кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҷлил аз 5500 солагии Саразм, ки аз тарафи аҳли илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги кишоварзиву ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эътироф шудааст, дар Панҷакент қарор дорад.

Маъмулан, президент дар ҷараёни сафарҳояш ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон бо сокинон сӯҳбатҳо анҷом медиҳад, вале дар бештари маврид онҳо танҳо аз мадҳу сано иборатанд.

На ба ҳама сокиноне, ки ҳарфи гуфтанӣ доранд, имкон даст медиҳад, то ҳарфи дили худро ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бирасонанд. Соли 2013 ба Гулсунбӣ Акрамова, як сокини Кӯлоб имкон даст дод, то арзашро ба президенти кишвар бирасонад. Ӯ ҳам барои расонидани арзаш беш аз сад километр роҳро тай карда, ба ҷамоати Шуғнови ноҳияи Ховалинг рафта буд.

Президенти Тоҷикистон ҳамасола ба минтақаҳои Тоҷикистон сафар мекунад. Мақомот ҳадафи сафарҳоро мулоқот бо сокинон ва "шиносоӣ бо вазъияти кишвар" унвон мекунанд. Дар ин мулоқотҳо аксаран онҳое роҳ меёбанд, ки аз пеш омода шудаанд ва сӯҳбаташон ҳам бештар аз васфи президент иборат аст.

Шарҳҳоро бинед (45)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG