Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акнун 30-солаҳо дар Тоҷикистон метавонанд президент шаванд. ВИДЕО


Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи интихоботи президентиро тасвиб карданд, ки бар асоси он синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз 35 ба 30-солагӣ поин оварда шуд. Инчунин, маблағгузорӣ аз тарафи кишвар ва афроди хориҷӣ ба номзади интихоботи президентии Тоҷикистон манъ гардид. Акнун ин қонун барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон, фиристода мешавад.

Бисёриҳо тахмин мезананд, ки ҳадаф аз ворид кардани ислоҳот шояд ҳамвор намудани роҳи Рустами Эмомалӣ - писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон барои нишастан ба курсии президентист. Рустами Эмомалӣ моҳи декабри соли 2017 - 30-сола шуд

Зуҳуров: Қонун ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалист

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 7-уми февралҳангоми муаррифии иловаҳо ба тарҳи қонун “Дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон” гуфт, гурӯҳи корӣ муваффақ шудааст, бандҳои ин санадро мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ дуруст кунад.

Абдуғаффор Раҳмонзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, нуктаҳои тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президентро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, бар асоси тағйироти нав, агар номзад дар лаҳзаи содир кардани ҷиноят боздошт шуда бошад, “ҳабс намудан, боздошт кардан, кофтукоб намудани номзад ба мақоми президент бидуни иҷозаи Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон манъ аст”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Акнун 30-солаҳо дар Тоҷикистон метавонанд президент шаванд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:13 0:00

Бар асоси тағйироти дигар, “ширкати мустақим ва ғайримустақими кишварҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва дигар навъҳои дастгирии моддии номзадҳои мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.”

Абдуғаффор Раҳмонзода
Абдуғаффор Раҳмонзода

Раҳмонзода афзуд, дар қонуни мазкур бандҳо ва моддаҳои нав илова карда шудаанд, ки бар асоси он мақом ва ваколатҳои нозирони байналмилалӣ ва дохилӣ дар корзори интихоботӣ мушаххас карда шудааст. “Ҳамчунин, ба ҳизбҳои сиёсӣ имкон дода шудааст, ки номзадҳои худро пешбарӣ кунанд ва нисбат ба феҳристе, ки аз тарафи КМИР тартиб дода мешавад, шикоят намоянд”, - афзуд Абдуғаффор Раҳмонзода. Ӯ гуфт, ки ин ҳама ба хотири шаффоф сурат гирифтани маъракаи интихоботӣ фароҳам оварда шудааст.

Назари ҳизбҳои сиёсӣ ба эътибор гирифта шуд?

Зимни баррасии банду моддаҳои Қонуни мазкур вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, поин овардани номзад имкон медиҳад, ки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъол шаванд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, гуфт, дар баррасии тарҳи қонун дар бораи интихоботи президент намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ширкат доштанд. Вай гуфт, дар қонуни нави интихоботи президент аз чигунагии варақаи раъйдиҳӣ то ҳавзаҳои интихоботӣ ва ширкати нозирони дохилию хориҷӣ барои мунсифона ва демократӣ сурат гирифтани маъракаи сиёсӣ ба эътибор гирифта шудааст.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

Вай гуфт, “ба ҳизбҳои сиёсӣ имкон дода шудааст, ки дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ намояндаҳои худро дошта бошанд ва ҳуқуқи онҳо ба ҳуқуқи аъзои ҳавза баробар мебошад. Инчунин, дар қонун зикр шудааст, ки дар шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ барои таблиғу ташвиқи номзадҳо ройгон истифода кунанд”.

Вале Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳизбе, ки ҳеч гоҳ натавонистааст вориди порлумон шавад, рӯзи 7-уми феврал гуфт, дар баррасиҳои тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ намояндагони ин ҳизб даъват нашуданд. Ба гуфтаи ӯ, ба гурӯҳи кории баррасии тарҳи қонун танҳо аҳзоби порлумонӣ ворид шуданд ва ҳизбҳои расмии берун аз Маҷлиси намояндагон даъват нашуданд.

Аз ин пеш референдум буд

Пойин овардани синни номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ду сол пеш ин амр бо ислоҳи Қонуни асосӣ имконпазир шудааст. Дар тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ, ки бар асоси референдум дар таърихи 22 майи соли 2016 сурат гирифт, зикр шудааст: " Шахсе ба номзадии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад."

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо баъди ислоҳот ба Қонуни асосӣ,ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."

Намунаи Беларус, Озарбойҷон...

Доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ворид шудани тағйирот дар қонуни интихоботи президентӣ аз сӯе шояд таваҷҷӯҳи ҷавононро ба корзори сиёсӣ фаъол мекунад, вале паёмадҳои дигар ҳам ба бор меорад: “Вақте ки мо ҷавонтарҳоро интихоб мекунем ва ба таҷрибаи ҷумҳуриҳои мисли Беларус, Озарбойҷон ё Чеченистон назар мекунем, вақте дар синни 30 ва 40-сола президент мешаванд, мебинанд, ки ҷавонтар ҳастанд ва кӯшиш мекунанд баъди анҷоми давраи президентӣ ваколати худро бо баргузории референдумҳо боз тамдид кунанд, ки ин кишварро ба як давлати худкома мекашад”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, дар Тоҷикистон дар шароити феълӣ рӯи саҳна омадани сиёсатмадорони ҷавону боистеъдод мушкил аст. Ба гуфтаи ӯ, “бо назардошти сатҳи поёни таълим дар донишгоҳҳо, сатҳи заифи маорифу таълим, набудани рақобати сиёсӣ номзадҳои шоистаро ба саҳнаи интихобот намеорад”.

Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ
Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

Президент ҳанӯз дар бораи иштирокаш дар интихоботи соли 2020 изҳори назар накардааст

Ҳоло, ки масъалаи то 30-солагӣ поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пеш омадааст, бисёриҳо тахмин мезананд, ки шояд ҳадаф аз ворид кардани ислоҳот - ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ - писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон барои нишастан ба ин курсист. Рустами Эмомалӣ декабри соли 2017 - 30-сола шуд ва то интихоботи ояндаи президентӣ 33-сола хоҳад шуд. Соле пеш Рустами Эмомалӣ баъди собиқаи чандинсолаи раҳбарӣ дар Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук, ба курсии шаҳрдори Душанбе таъин гардид.

Аммо ҳамзамон пешниҳоди лағви маҳдудиятҳо барои ширкати раиси ҷумҳурии кунунӣ ба ҳайси "Пешвои миллат" дар интихоботҳои президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ин имконро низ боқӣ мегузорад, ки дар интихоботи соли 2020 боз ҳам худашро пешбарӣ кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG