Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

З.Абдурашидов дар мақоми раҳбари "Имон Интернешнл" Г.Маҳкамоваро иваз кард


Навруз Валиев, намояндаи Бонки миллӣ дар Хуҷанд (аз чап) ва Гулбаҳор Маҳкамова, раҳбари пешини созмони қарзии "Имон Интернешнл". Акс аз 16 июли соли 2017
Навруз Валиев, намояндаи Бонки миллӣ дар Хуҷанд (аз чап) ва Гулбаҳор Маҳкамова, раҳбари пешини созмони қарзии "Имон Интернешнл". Акс аз 16 июли соли 2017

Масъулини Бонки миллӣ дар вилояти Суғд гуфтанд, тағйирот дар сатҳи раҳбарияти бонки "Эсхата" ва ташкилоти қарздиҳии “Имон Интернешнл” бо тавсияи намояндагии минтақавии Бонки миллӣ сурат гирифтааст. Раҳбарии бонки "Эсхата"-ро то чанде қабл Хуршед Носиров ва аз ташкилоти хурди қарзии "Имон Интернешнл"-ро Гулбаҳор Маҳкамова​ ба дӯш доштанд.

Ҳоло зимоми раҳбарии бонки “Эсхата” ба дасти Акбар Назаров ва “Имон Интернешнл” ба Зокир Абдурашидов, корманди собиқадор ва узви Шӯрои нозирони ин ниҳодҳои молӣ гузаштааст. Ин тағйирот то кунун расман эълон нагардида, баҳсҳоеро ба дунбол дошт, ки он “маҷбурӣ ва зери фишор” ҷараён гирифтааст.

Намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, ки бонки “Эсхата” ва ташкилоти қарзии “Имон Интернешнл” бояд дар саҳифаҳои интернетии худ тағйироти кадриро ба муштариёнашон эълон мекарданд.

Наврӯз Валиев, раҳбари намояндагии минтақавии Бонки миллӣ дар вилояти Суғд дар нишасти хабариаш рӯзи 5-уми феврал гуфт, ки раҳбарони бонки “Эсхата” ва созмони қарздиҳии “Имон Интернешнл” на бо роҳи иҷборӣ, балки танҳо бо тавсияи Бонки миллӣ иваз карда шуданд. Вале ба қавли ӯ, ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки чанд санҷиш дар фаъолияти ин ниҳодҳои молӣ камбудҳоро дар паҳлӯҳои гуногуни фаъолияташон ошкор кард.

Ӯ афзуд, саҳҳомони худи ин ниҳодҳои молӣ ба хотири ҷалби кадрҳои наву ҷавони худ ба вазифаҳои раҳбарӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта, раҳбарони худро иваз карданд: “Имрӯз ба фаъолияти ин бонкҳо ягон гуна маҳдудият нест. Ягон мушкил надорад. Бонки миллӣ ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекунад ва бо пули нақд таъмин мекунад. "Эсхата" як бонки асосии низомсоз дар вилоят ба ҳисоб меравад ва ҳиссаи он дар хидматрасониҳои бонкӣ хеле зиёд аст.”

Хуршед Носиров, раҳбари пешини бонки "Эсхата"
Хуршед Носиров, раҳбари пешини бонки "Эсхата"

Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, наздики 60 дарсади интиқоли маблағҳо тавассути ин бонк сурат мегирад ва ҳудуди 40 дарсади қарзҳои муштариён ва ҳамин қадар пасандози сокинон ба “Эсхата” тааллуқ дорад.

Ҷаноби Валиев вале ба далели “ҳифзи сирри бонкӣ” аз камбудҳои фаъолияти бонкии “Эсхата” ва ташкилоти қарзии “Имон Интернешнл” умумӣ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, аз ҷумла ин бонкҳо дар интиқоли маблағ ба камбудиҳои ҷиддӣ раҳ додаанд. Ҳамчунин "ҳафт ҳолати тасарруфи маблағ ва молу мулки бонки “Эсхата”ошкор гардидааст. Кормандони 2 маркази хизмарасонии “Имон Интернешнл” ба ивази асъор дар “бозори сиёҳ” даст задаанд. “Мо ба масъулони ин бонк ва ташкилои қарзӣ тавсия додем, ки нисбат ба ин кормандони худ чора бинанд.” – гуфт Наврӯз Валиев.

Раҳбари намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд ҳамчунин хабарҳоеро, ки ахиран миёни сокинон мечархад ва гӯё раҳбари раёсати бонки “Эсхата” ҳамроҳи чанд мақоми дигар “бо маҳрум шудан аз ҳаққи фаъолият дар бонк” аз кор барканор гардидаанд, рад кард. Ӯ гуфт, танҳо тавсия дода шуд, ки нафарони дар камбудиҳо дастдошта, “ба кори дигар гузаронида шаванд.”

Акси Зокир Абдурашидов аз вебсайти www.imon.tj гирифта шудааст
Акси Зокир Абдурашидов аз вебсайти www.imon.tj гирифта шудааст

​Зокир Абдурашидов, иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли ташкилоти қарзии “Имон Интернешнл” “шаҳрванди хориҷӣ” ва “корманди собиқадор ва узви собиқадори Шӯрои нозирони ин ниҳодҳои молӣ муаррифӣ гардид. Дар нишасти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд вале ҷаноби Абдурашидов ҳузур надошт.

Дар вебсайти "Имон Интернешинл" гуфта шудааст, ки Зокир Абдурашидов (Закир Абдрашитов), хатмкардаи коллеҷи Гвинедд Мерси, Пенсилвания (ИМА) буда, собиқаи корӣ дар мақомҳои раҳбарии созмонҳои ҷамъиятӣ дар Қирғизистонро доштааст.

Дар нишасти хабарӣ исми раҳбарони пешини бонки “Эсхата” ва “Имон Интернешнл” - Хуршед Носиров ва Гулбаҳор Маҳкамова гирифта нашуд. Худи онҳо низ аз замони пеш омадани мушкил дар фаъолияти кориву барканор шуданашон аз вазифаҳои раҳбарӣ, то кунун бо расонаҳо сӯҳбат намекунанд.

Намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, ки бонки “Эсхата” ва ташкилоти қарзии “Имон Интернешнл” бояд дар саҳифаҳои интернетии худ тағйироти кадрӣ дар ин ниҳодҳои молиявиро ба муштариён эълон мекарданд ва шарҳ медоданд.

Муассисаи “Имон интернешнл”, ки соли 1999 арзи ҳастӣ кардааст, яке аз ташкилоти қобили эътимод ва мувваффақи молӣ ба ҳисоб меравад, ки аз пуштибонии шарикони байналмилалӣ бархӯрдор аст ва дар шӯрои нозиронаш намояндагони муассисаҳои хориҷӣ шомил ҳастанд.

Бо шурӯи кор ба ҳайси як барномаи иҷтимоӣ соли 2008 ин ширкат ба ҳайси ташкилоти хурди молиявӣ фаъолияти худро идома дод. Дар оғози таъсисаш сармояи оиинномавии “Имон интернешнл” 100 миллион сомонӣ буд. “Имон Интернешнл” айни замон бо муҷаввизи Бонки Миллӣ ҳуқуқи ҷалби амонатҳои мардумро низ дорад.

Дар миёни саҳомони байналмилии ин муассисаи молӣ ташкилоти хурди қарзии Triple Jump (Ҳолланд) ва ташкилоти хурди молиявии Alternative Fund (Люксембург) низ мебошанд.

XS
SM
MD
LG