Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири кадрӣ дар ниҳодҳои қудратӣ. Ҷойивазкунӣ ё ислоҳот?


Коршиносон мегӯянд, тағйири бесобиқаи кадрӣ дар вазорати умури дохилӣ дар се рӯзи пеш, аз як сӯ ротатсия ё ҷойивазкунии маъмулӣ бошад, аз сӯи дигар як бахши мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ришвахорӣ низ ҳаст.

Барканории раҳбарони 5 раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, раҳбари раёсати корҳои дохилаи Душанбе, раҳбари раёсати минтақавии раёсати Кӯлоб ва ҳамчунин тағйироти кадрӣ дар 10 шаҳру ноҳияи дигар дар як рӯз таҷрибаи бесобиқа дар фаъолияти ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ будааст. Ҳамзамон Маҳмудзода Ҳалим Ҳабибулло аз мақоми муовини раиси Оҷонси назорати маводи мухаддир барканор шуд.

Маъмулан бо чунин тағйири доманадор давлат ё ҳукумат барномаҳои нави худро эълон мекунад ва вориди марҳилаи нав мешавад, агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки ба ҷуз аз сохторҳои вазорати дохила, дар Додситонии Кулл, Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ ва зидди ришвахорӣ ва Кумитаи гумруки вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон низ чунин тағйирот пеш омад.

Коршиносони соҳа ин тағйири кадриро ротатсияи навбатӣ ё ҷойивазкунӣ арзёбӣ мекунанд. Вале раиси ҷумҳури Тоҷикистон 17 феврали соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз фаъолияти ин ниҳодҳо сахт интиқод кард ва дар бораи зарурати мубориза бо фасоди молӣ, суистифода аз мақом ва ришвахорӣ дар ин ниҳодҳо сӯҳбат карда буд.

Генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибов, ки таҷрибаи ғании кор дар ниҳодҳои вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонро дорад мегӯяд, ки иваз кардани кормандони раҳбарии ин ниҳод аз як сӯ ротатсия ё ҷойивазкунии маъмулӣ, вале аз сӯи дигар як бахши мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ришвахорӣ низ ҳаст:

Абдулло Ҳабибов.
Абдулло Ҳабибов.

«Фикр мекунам, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон қатъиян вазифа гузоштааст, ки бо ришвахорӣ муборизаи шадид бурда шавад. Барои ҳамин аз тамоми воситаҳо истифода мебарад. Аз он ҷумла, дар бораи кадрҳое, ки ба раиси ҷумҳур аз гӯшаҳои гуногун ва воситаҳои гуногун ахбор мерасад, албатта вай аз ҳамаи чиз хабардор аст. Барои ҳамин иваз кардани баъзе аз раҳбарони сохторҳои қудратӣ ҳам албатта ба ҳамин вобастагӣ дорад».

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳабибов, раиси ҷумҳур дар мулоқот бо раҳбарони навтаъйин таъкид кардааст, ки онҳо бо мардум наздик шаванд, аз мардум ахбор гиранд, зеро мардум дар ифшои ҷиноятҳо метавонанд ба ниҳодҳои корҳои дохила ҳамкорӣ кунанд.

Шоҳусейн Коров, собиқ муовини сардори Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ яке аз шахсони барканоршуда аз мақом аст, вале вайро билофосила ба мақоми поинтар, яъне сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таъйин карданд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ба ҷои кори наваш нарафтааст ва дақиқан намедонад, ки ин ноҳия бештар чӣ мушкил дорад. Аммо вазифаи навашро медонад, ки бояд аз ҷиноятҳо дар ин ноҳия ҷилавгрӣ карда, содиқона вазифаашро иҷро намояд: “Ҳамин ки шӯъбаро қабул кардам, баъд дақиқ гуфта метавонам, ки корро аз чӣ бояд шурӯъ кунам. Аммо мақсади асосиям танҳо кам кардан ва пешгирӣ аз ҷиноятҳост.”

Вазифаи Шоҳусайн Коров ва мисли вай 5 корманди раёсат ва 10 нафаре, ки дар шаҳрҳову ноҳияҳо ба курсӣ менишинанд, дар марҳилаи кунунӣ чӣ хоҳад буд?

Амирқул Азимов дар гузашта дар мақомҳои Котиби Шӯрои Амният ва раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти парлумони Тоҷикистон фаъолият кардааст. Вай дар посух ба ин суол мегӯяд, ки баъд аз баргузории интихоботи парлумонӣ раҳбарияти сиёсии кишвар бо барномаҳои нав вориди марҳилаи баъдӣ мешавад ва «дар ин марҳила яке аз масъалаҳо ва вазифаи асосӣ мубориза бо порахӯрӣ ё ришвахорист. Дар ду соли охир барои тақвияти мубориза бо ришвахорӣ дар қонунҳои Тоҷикистон 8 бор тағйир ворид шудааст ва кадрҳо дар иҷрои ин қонунҳо нақши аслӣ доранд. Тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои интизомӣ ба ҷуз аз ротатсия ё ҷойивазкунӣ бахше аз мубориза бо ришвахорӣ низ ба шумор меравад».

Амирқул Азимов.
Амирқул Азимов.

Ба гуфтаи Амирқул Азимов, масъалаи дигар имкони дучор шудани Тоҷикистон бо чолишҳои тундгароӣ дар минтақа аст ва раиси ҷумҳур мехоҳад шахсиятҳои содиқтарро дар мақомҳои масъули ҳамаи ниҳодҳои интизомӣ, аз ҷумла дар Вазорати корҳои дохила, Додситонии Кулл ва Оҷонси мубориза бо фасод ба кор биёрад.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати умури дохилӣ, ки нахост аз худ ном бибарад, аз чунин гуфтаҳо ҷонибдорӣ мекунад, вале мегӯяд, чунин тағйири доманадори кадрӣ дар сохторҳои ин вазорат чанд сабаби дигар низ дорад. Ба ақидаи вай, агар ин тағйирот сурат намегирифт, «аксари мақомдорон корашон аз имрӯз ҳам бадтар мешуд, на беҳтар. Бинобар ин агар мунтазам тағйироти кадрӣ нашавад, раҳбарони раёсату шӯъбаҳои корҳои дохилӣ вазифаи худро хуб иҷро намекунанд».

Ин корманди вазорати дохила низ боварӣ дорад, ки дар бораи кори шӯъбаву раёсатҳои вазорат ба раиси ҷумҳур иттиллои “хуб” расидааст ва дар «боло» медонанд, ки баъзе аз сардорони раёсату шӯъбаҳо бо чӣ корҳо машғуланд. «Президент мехост, ки раҳбарони раёсатҳову шӯъбаҳо бар зидди ришва мубориза баранд, бо ҷомеа кор кунанд, аммо ин корро накарданд.”

Дар давоми солҳои истиқлол мунтазам дар ниҳодҳои интизомӣ раҳбарон иваз шудаанд ва ҳар вақт интизориҳо ин буд, ки авлавияти қонун риоят ва нуқсонҳо дар фаъолияти худи ҳамин ниҳодҳо аз байн меравад. Вале то ҳол мушоҳида мешавад, ки ҳамон камбудиҳо такрор шудаанд ва ниҳодҳои интизомӣ натавонистаанд ба пуррагӣ нуқсонҳоро бартараф ва омилҳои онро решакан кунанд.

Аз ин рӯ суоле пеш меояд, ки сабаби ин «нотавонӣ» чист?

Яке аз омилҳо шояд дастмузди кам ва омили дигар боз набудани роҳ барои мубориза бо ришвахорӣ дар сохторҳои болотари ҳукумативу давлатист. Илова бар ин, бо нишастан ба курсии раҳбарӣ баъд аз муддате ин соҳибмансабони нав соҳиби мошинҳои гаронбаҳо мешаванд ва ба фикри сохтмони хонаҳои муҷаллал меафтанд ва табиист, ки нафс онҳоро ба сӯи ришва мекашад. Ҳоло мардуми Тоҷикистон ҳам бо ин одатҳо хӯ гирифтаанд, ки бояд барои анҷоми коре ё дарёфти ҳуҷҷате ба курсинишинон ришва диҳанд. Оё «кадрҳои нав» ин одатҳоро тағйир медиҳанд ва аз ришва рӯ гардонида метавонанд? Баъд аз ин тағирот оё касе замонат дода метавонад, ки назму низоми кори ин кадрҳо, муносибат бо мардум ва роҳҳои мубориза бо ришвахорӣ низ тағир хоҳад ёфт?

Ойниҳол Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва раҳбари созмони иҷтимоии «Перспектива Плюс» аз пешгӯӣ худдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки дар ин бора сухан рондан ҳанӯз зуд аст, чун дар гузаштаҳо низ ҳангоми иваз кардани кормандони масъул ҳамин умедвориҳо падид меомад. Вале иҷрои он ба иродаи раҳбарияти сиёсии кишвар вобаста аст, ки то кадом сатҳу зинаҳо роҳро дар мубориза бо ришвахорӣ барои ниҳодҳои интизомӣ боз мекунад. Хонум Бобоназарова дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин, ки аксаран домангири ришвахорӣ ва таборпарастӣ ҳастанд, Гурҷистонро намуна меорад, ки ҳоло дар раддабандиҳои созмонҳои байналмиллалӣ ин кишвар аз лиҳози мубориза бо ришвахорӣ ва суистифода аз мақом дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин хеле пеш рафтааст.

Раҳбари «Перспектива Плюс» мегӯяд, акнун ки раиси ҷумҳур ба ин вусъату суръат дар муддати кӯтоҳ раҳбарони ниҳодҳои масъули ҳифзи қонун ва ҳуқуқу тартиботро иваз кард, бояд ба онҳо кӯмак ҳам кунад, дар пасашон биистад, то онҳо, яъне кадрҳои нав дар ҳар зинае бидуни дар назардошти шахсият, мақоми давлатӣ ё ҳукуматии шахси қонуншикан ба нафъи давлат ва мардум аз қонун дифоъ кунанд. Дар ин маврид пеш аз ҳама ришвахорӣ, фасоди молӣ ва суистифода аз мақом дар назар дошта шудааст.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ ҳамчунин мегӯянд, дар байни кормандоне, ки аз мақом барканор шудаанд, шахсони таҷрибадор низ ҳастанд. Агар онҳо бо гуноҳи худашон, яъне ба сабаби доштани камбудӣ дар корашон аз мақом барканор нашуда бошанд, аз таҷрибаи онҳо дар бахшҳое истифода хоҳад шуд. Чун ин таҷриба дар ҳамаи кишварҳо ҳаст, дар Тоҷикистон низ ин гуна шахсонро ба фаромӯшӣ намесупоранд.

Эзоҳ:

Торнамои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон феҳристи тағйироти кадрӣ дар сохторҳои вазоратро муфассал ба нашр расондааст, ки онро бидуни тағйир меорем:

-генерал-майори милитсия Рустамов Мустафоқул Кенҷаевич, ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ,

- генерал-майори милитсия Мирзоев Абдухалил Абдулхолович, ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи ВКД ҶТ,

- подполковники милитсия Маҳмадализода Алишер Маҳмадалӣ, ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ,

- подполковники милитсия Исозода Набиҷон Исо, ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ,

- полковники милитсия Қунғуротзода Фотеҳ Қулмурод, ба вазифаи сардори Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе,

- полковники милитсия Фаттоев Абдусаттор Абдуқаҳорович, ба вазифаи сардори Қисми минтақавӣ, ӯ низ муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб,

- полковники милитсия Назаров Толибҷон Ҳакимович, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ,

- полковники милитсия Расулов Зикрулло Ҳукумович, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Қабодиён,

- полковники милитсия Коров Шоҳусейн Шонадирович, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ҷ.Румӣ,

- подполковники милитсия Пиров Файзиддин Абдуллоевич, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ҷиликӯл,

- полковники милитсия Неъматов Алишер Ҷурахонович, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Данғара,

- полковники милитсия Ниёззода Зафар Ниёз, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Норак,

- подполковники милитсия Зуҳуров Шамсиддин Боймуродович, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Спитамен,

- подполковники милитсия Саидов Саидбек Мавлонович, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ҷ.Расулов,

- полковники милитсия Абдуазизов Зикриё Бурҳонович, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт,

- подполковники милитсия Зубайдзода Хайрулло Маҳмуд, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ҷиргатол,

- подполковники милитсия Имомбердиев Гулбек Худомонович, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шуғнон,

- полковники милитсия Худойдодов Бороншо Ҳайдарович, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Мурғоб,

- подполковники милитсия Раҳимов Файзулло Изатуллоевич, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар хати Фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт,

- полковники милитсия Худойқулов Нуралишоҳ Тураевич, ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД ҶТ дар хати истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт,

- подполковники милитсия Маҳмудов Неъмат Холович, ба вазифаи муовини сардор, ӯ низ сардори Шӯъбаи Воҳиди махсуси ВКД ҶТ оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр,

- полковник Умаров Насриддин Эргашевич, ба вазифаи командири Полки алоҳидаи моторикунонидашудаи махсуси милитсияи (қисми ҳарбии 3501) Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ,

- майор Раупов Суҳроб Орзуевич, ба вазифаи командири Полки фаврии таъиноти махсуси (қисми ҳарбии 3502) Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ,

- подполковники милитсия Шарипов Ҷумахон, ба вазифаи командири Баталёни алоҳидаи фаврии таъиноти махсуси (қисми ҳарбии 3503) Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ,

- полковник Акобиров Хуршед Исмонович, ба вазифаи командири Полки моторикунонидашудаи махсуси милитсияи (қисми ҳарбии 5453) Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ таъин гардиданд.

XS
SM
MD
LG