Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали тилои варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар Тошканд

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар риштаи армрестлинг (дастхобонӣ) ва пара-армрестлинг, ки аз 30-юми январ то 8-уми феврал дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, 22 медал, аз он ҷумла чаҳор нишони тило ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа ба ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии Тоҷикистон 16 варзишгар ва 2 мураббӣ дохил буданд. Дар маҷмуъ варзишгарони тоҷик соҳиби 22 медал (4 тило, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ) шуданд.

Медалҳои тилоро варзишгарони тоҷик - Зиёдулло Баротов (65 кг), Фирӯз Шамсуддинов (90 кг) ва Акмал Қодиров (+90 кг) – дар рақобатҳо байни мардон бо дасти чап гирифтанд. Ҳамчунин Акмал Қодиров дар сабқат бо дасти рост низ дар вазни +90 кило бо медали тило сарфароз гашт.

Дар Ҷоми ҷаҳонии армрестлинг ва пара-армрестлинг дар Тошканд варзишгарони 28 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони Узбекистон, Русия ва Тоҷикистон ҷойҳои минбаъдаро ишғол карданд.

Ҷоми ҷаҳон яке аз мусобиқаҳои муҳим ба шумор мерафт. Ҳамакнун варзишгарон моҳи май дар қаҳрамонии Осиё ва моҳи сентябр дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи армрестлинг иштирок хоҳанд кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG