Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Сафаров: «Сарчашмаҳои оромӣ дар кишварро бояд хуб нигаҳ дорем»


Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Масъулони Маркази таҳқиқоти стратегӣ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир оромӣ ва амнияти кишвар дар ҳоли хуб қарор дорад, аммо сарчашмаи онро бояд хуб нигаҳ дошт. Яке аз чунин сабабҳоро дар «боварии бештари мардум ба президент» медонанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки се сарчашма ё омили асосӣ аст, ки таъмини амнияти кишварро дар ҳоли хуб қарор додаст. «Аввал ин ки мардум ба сулҳу субот бовар доранд. Дувум боварии мардум ба президент бештар аст. Севум омил - ин зиндагии мардуми миёнҳол аст, ки агар зиндагӣ хубтаре дошта бошанд, ҳеҷ гоҳ даст ба тазоҳурот намезананд. Ин се омилро мо бояд хуб нигаҳ дорем.»

«ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲО АЙБИ ҲУКУМАТ НЕСТ»

Муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, "гароиши ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ танҳо ба омили иқтисодӣ рабт надорад."

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки "дар ин масъала ҳукуматро гунаҳкор донистан даркор нест, ки маҳз мушкилоти иқтисодӣ омили гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бошад."

Ба таъкиди ҷаноби Сафаров, дар ин масъала ҳама бояд муштарак кор барад ва ҳамкорӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ин падидаҳо метавонад, мушкилотро ҳал кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, ин мушкил на танҳо дар кишварҳои мусалмоннишин, балки ҳатто дар кишварҳои Аврупо низ вуҷуд дорад.

С.Сафаров: "Гунаҳкор будани Содиқовро додгоҳ муайян мекунад"

Масъулони Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар масъалаи боздошти Александ Содиқов, муҳаққиқи тоҷик дар Бадахшон мегӯянд, то эълони ҳукми додгоҳ касе ҳақ надорад касеро гунаҳкор гӯяд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбеи 7 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "Ҳоло ки додгоҳ хукм набаровардааст, хеҷ кас наметавонад аз рӯи қонунҳои худамон нафареро гунахкор кунад."

Сайфулло Сафаров ҳамчунин дар бораи ҷалби ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои хориҷӣ нигаронӣ карда гуфт, ки "ҷавонон набояд фирефтаи баъзе чалласаводон шаванд. Албатта ин ҷавононро фиреб ҳам додаанд, аммо набояд гузоранд, ки касе дар ивази ҷони онҳо пул кор кунанд."

НАШРИ АХБОР ДАР БОРАИ МУЛЛОҲО ДАР РАСОНАҲОИ ДАВЛАТӢ

Сайфуллоҳ Сафаров дар робита ба пахши наворҳо дар нисбати бархе аз рӯҳониён дар расонаҳои давлатӣ гуфт, ки он барои огоҳ кардани ҷомеа аз фиреби ин гуна афрод аст.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7 июн зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки он чӣ дар расонаҳои давлатӣ дар мавриди бархе аз рӯҳониёни нашр мешавад, зидди ислом набуда, балки ба мақсади огоҳ кардани ҷомеа аз хилофкории ин афрод мебошад.

XS
SM
MD
LG