Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси обу энержӣ ва кӯмак ба Афғонистон дар ҳамоиши Душанбе


Анҷумани иқтисодӣ ва даҳумин нишасти шӯрои раҳбарии Барномаи вижаи СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Анҷумани иқтисодӣ ва даҳумин нишасти шӯрои раҳбарии Барномаи вижаи СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ, оғоз ба кор кард.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 таҳти шиори “Дастгирии иҷроиш ва мониторинги Рўзномаи рушди устувор то соли 2030 дар минтақаи кишварҳои узви СПЕКА” ва Ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА муддати ду рӯз бо ширкати 70 нафар, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ ва муассисаҳои байналмилалии молии муқими Душанбе, сурат мегирад.

Ба гуфтаи манбаъ, баррасии масоили марбут ба густаришу тақвияти равобиту ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди устувори иқтисодӣ миёни кишварҳои узви СПЕКА, аз ҷумла кӯмак ба иқтисоди Афғонистон дар меҳвари нишасти Душанбе қарор дорад.

Нишасти Душанбе фарогири панҷ ҷаласаи корӣ, аз ҷумлда рушди савдо, инкишофи ҳамкорӣ, об, энержӣ ва муҳити зист, омор ва маблағгузорӣ барои рушд, мебошад ва интизор меравад бо тасвиби санаде дар мавриди рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узви СПЕКА, ба поён бирасад.

Ин нишаст дар ҳоле, дар пойтахти Тоҷикистон доир мешавад, ки бӯҳрони иқтисодӣ ва таҳримҳо алайҳи Русия таъсири худро ба кишварҳои минтақа расонида ва суръати рушди иқтисодии бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ коҳиш ёфтааст.

Зимнан, Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА/SPECA - United Nations Special Programme for the Economies of Central Asia) соли 1998 бо ташаббус ва ҷонибдории Комиссияи иrтисодии СММ барои Аврупо ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором ва боз чор кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, таъсис дода шудааст. Баъдтар, ба ин Барнома Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон ҳамроҳ шуданд.

Санади таъсисии СПЕКА - декларатсияи Тошканд мебошад, ки 26 марти соли 1998 аз ҷониби кишварҳои муассис ба имзо расонида шудааст.То кунун ба Барномаи СПЕКА 7 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шомиланд.

Фаъолияти СПЕКА асосан барои инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ дар иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шуда, дар ҷаласаҳои он раванди инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт, обу энержӣ, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва ғайра баррасӣ ва муҳокима мегарданд. Иҷрои Барномаи СПЕКА тавассути дастгирии кишварҳои кӯмакрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва дар асоси усули ҳамкорӣ, ба роҳ монда шудааст.

Бо дарназардошти равандҳои авлавиятноки ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои дахлдор, ҳар як кишвари узви СПЕКА, дар чаҳорчӯби он, гурӯҳҳои кории лоиҳавиро таъсис медиҳад ва ҳамоҳангсозию идоракунии тарҳҳои мушаххаси СПЕКА-ро ба амал мебарорад. Ин аст, ки дар доираи СПЕКА шаш гурӯҳи кории лоиҳавӣ -- захираҳои обию энержӣ, нақлиёт ва убури марз, тиҷорат, омор, рушди иқтисодиёт, масъалаҳои гендерӣ ва иқтисодиёт фаъолият мекунанд.

Аз Тоҷикистон, Сайидраҳмон Нарзиев, муовини вазири рушди иrтисод ва савдо, раиси гурӯҳи кории лоиҳавии СПЕКА дар масоили тиҷорат мебошад. Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсати давраии СПЕКА-ро бар дӯш дорад. Ба ин далел, нишасти солонаи Барномаи СПЕКА имсол дар пойтахти ин кишвар баргузор мешавад.

Баргузории нишасти солонаи СПЕКА дар Душанбен дар ҳолест, ки авоили моҳи июли соли ҷорӣ дафтари СММ дар Женева нишасти кишварҳои узви ин Барнома дар масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG