Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни истиқлол дар "Наврӯзгоҳ"


Шоми 9-уми сентябр, дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе барномаи идонаи таҷлил аз 22 - юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба ин муносибат, базмгоҳи асосии ҷашни истиқлоли Тоҷикистон - Наврӯзгоҳ, қабои идона бар бар карда ва шиору навиштаҳо ва ороишоти он аз роҳи пуршебу фарози мардуми тоҷик дар 22 соли истиқлоли ин кишвар дарак медиҳад.

Сайругашти идона дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00
Линки мустақим


Ҳарчанд ҷашни истиқлол дар муқоиса ба солҳои пешин хоксорона сурат мегирад, аммо шуморе аз донишҷӯён барои таҷлили бошукуҳи он дар "Наврӯзгоҳ" беш аз ду моҳ роҳпаймоӣ карданд.

Хабарнигори Озодӣ дар кӯчаҳои пойтахт назаре чанде аз сокинон дар бораи иди истиқлолро пурсид.


Сайругашти идона дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Имсол ҳукумати Тоҷикистон се рӯз - 8, 9 ва 10 сентябрро таътил эълом кард ва таҷлили ҷашни истиқлол дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоёт ҷараён дорад.

Ба ин тартиб, намоиши театрикунонидашуда бо ширкати устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик соати 7 -и шоми имрӯз дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" сурат мегирад, ки ин маҳфили идона бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти баландпоя ва меҳмонону сокинон барпо мешавад.

Аммо шаҳрдорӣ мегӯяд, вуруд ба "Наврӯзгоҳ" танҳо бо даъватнома имконпазир хоҳад буд.Дастандаркорони ин маҳфил мегӯяд, бозтоби ҳаёти мардуми тоҷик дар 22 соли истиқлол, аз мӯҳтавои аслии ин намоиши театрикунонидашуда хоҳад буд.

Интизор меравад, маҳфили идонаро дар "Наврӯзгоҳ" мушакпаронӣ дар фазои пойтахт, ки ба таҷлил ва истиқболи ҷашни 22 - умин солгарди "Истиқлолияти давлатӣ" ихтисос дорад, ҳусни анҷом бахшад.

Таҷлили ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Таҷлили ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Ҳамзамон шаҳрдории Душанбе ба манзури таҷлили бошукуҳи ҷашни истиқлол дар "Наврӯзгоҳ" тадобири амниятиро пурзур карда, ба ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дастур додааст, ки иқдомот барои ҳифзи ҳуқуқ тартибот ва амният дар пойтахтро тақвият бахшанд.

Аз сӯи дигар ба манзури баргузории таҷлили ҷашни истиқлол дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои иртиботӣ ба маҳалли базмгоҳ, маҳдуд карда мешаванд.

"Наврӯзгоҳи пойтахт", ки дар гузашта бо номи «Ипподром» маъруф буд, дар соли 2011 дар арафаи ҷашни Наврӯз сохта ва ба истифода дода шудааст.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки соли гузашта Тоҷикистон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз гардид, ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи сазовори меҳмонон ва ташкили шароити хуби фароғат ва истироҳати шаҳрвандон, ба маблағи чор миллиону сесадҳазор сомонӣ «Наврӯзгоҳ»-и Душанберо дубора тармим ва навсозӣ кард.

Ин аст, муддати се соли ахир, на танҳор таҷлили ҷашни Навруз, балки дигар идҳои милливу давлатӣ дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" доир мешаванд.
XS
SM
MD
LG