Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони "мӯйсафед". Моро чӣ чунин "пир" мекунад? (ВИДЕО)


Иллати сафед шудани мӯи сарро табибон то ҳол пурра наёфтаанд, вале мушоҳида нишон медиҳанд, ки шумори ҷавонони "мӯйсафед" дар Тоҷикистон торафт бештар мешавад.

Чаро мӯи сари баъзеҳо дар ҷавонӣ ба сафед шудан сар мекунад? Ва оё иллати сафед шудани мӯи сар чист?

Табибон то ҳол ба ин суолҳо посухи комиле пайдо накардаанд. Онҳо мегӯянд, илми тибб то ҳанӯз давои сафедшавии мӯйро ҳам пайдо накардааст.

Бо ин ҳол, ҳарчанд дар Тоҷикистон оморе дар робита ба пеш аз вақт сафед шудани мӯи сари мардум вуҷуд надорад, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шумори ҷавонони ба истилоҳ “мӯйсафед” дар Тоҷикистон солбасол бештар мешавад.

Бархе аз ин “мӯсафедон” дар посух ба ин суол ки чаро мӯи сарашон чунин зуд сафед шудааст?, стресс дар зиндагӣ, бахусус бар сари мушкилоти рӯзгорро муқассир медонанд ва бархеи дигар мегӯянд, ин иллат барояшон “аҷдодӣ”-ст.

Аммо Қосими Сафар, сокини 24-солаи Душанбе, ки 3 сол боз мӯяш бо суръат сафед мешавад, мегӯяд, ҳатто мӯи падари 53-солааш ба ҳадде сафед нашудааст, ки мӯи вай.

Қаҳрамони дигари ҷавон, вале низ “мӯсафед”-и мо мегӯяд, мӯяш вақте ба сафед шудан сар кард, ки шавҳараш аз Русия дер-дер пул мефиристод ва дар рӯзгорашон камбуд доштанд. Ва он ҳам дар рӯзҳое ки ӯ дар батнаш кӯдак доштааст.

Бархеи дигар истифодаи беш аз ҳадд аз васоили электронӣ, аз ҷумла компутару телефонҳои дастиро дар чунин амр муқассир медонанд. Бархе “файласуфона” мисраи шоирро ба забон меоранд ки: “Гардиши айём моро дар ҷавонӣ пир кард...”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG