Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи як сокини Кӯлоб, ки дар Сурия меҷангад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон алайҳи як ҷангии тоҷик дар Сурия дар ғайбаш парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Маҳбуба Гулова, масъули матбуотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои «Озодӣ» гуфт, бар асоси маълумоте, ки шӯъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо мақомоти корҳои дохилии Русия ҷамъ оварданд, алайҳи Фаррухҷон Боронов, мутаваллиди соли 1983 ва сокини шаҳри Кӯлоб дар таърихи 5 сентябри соли равон парванда ҷиноӣ боз шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Фаррухҷон Боронов моҳи феврали соли равон дар Русия қарор дошт ва бо ҳадафи ҷиҳод дар роҳи ислом ба Сурия рафта, ба як созмон террористӣ пайвастааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Фаррухҷон алайҳи ҳукумати конститутсионии Сурия меҷангад ва дар муҳорибаҳои ҳарбӣ ширкат мекунад.

Бино иттилои ВКД, ба ҷуз Фаррухҷон Боронов алайҳи боз панҷ сокини шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои Сурия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар гузашта се сокини ин минтақа бо иттиҳоми ширкат дар низои мусаллаҳонаи кишварҳои савум аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Додгоҳи вилояти Хатлон қарор аст рӯзҳои наздик ҳукми Давлат Чолов, яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва чаҳор ҳамроҳи ӯро низ содир кунад, ки барои истихдоми сокинони шаҳри Кӯлоб ба Сурия муттаҳам мешаванд.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки нафарони бо ихтиёри худ аз Сурия бармегаштаро муҷозот намекунанд. Як сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо хоҳиши худ аз Сурия баргашт ва ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад. Бино ба иттилои расмӣ, 200 ва ғайрирасмӣ, беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон алайҳи ҳукумати Башшор Асад дар Сурия меҷанганд.

Ширкати Нусрат Назаров, сокини дигари Кӯлоб, ки гоҳ-гоҳ бо нашри наворҳои сӯҳбаташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешавад, низ дақиқ шудааст. Аммо дар бораи аксари тоҷиконе, ки дар ҷанги Сурия ширкат доранд, маълумоти дақиқе нест. Мақомоти тоҷик шумораи тоҷикон дар Сурияро наздики 200 нафар медонанд, аммо Нусрат Назаров, ҷавоне, ки бо нашри наворҳо ширкаташ дар ҷанги Сурияро тасдиқ мекунад, ҷангиён аз Тоҷикистон дар онҷо то ба 600 нафар мерасанд.

То ба ҳол дар маҷмӯъ 6 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Аз ин миён Бобоҷон Қурбонов ва Бахтиёр Шеров, ду сокини шаҳри Кӯлобанд, ки ҳалокаташонро наздиконашон эътироф кардаанд. Як сокини дигари ин шаҳр, як зодаи Восеъ ва як сокини Истаравшан то ба ҳол маълум нашудаанд.

XS
SM
MD
LG