Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи зане дар Суғд, ки $1 млн.-ро аз худ кардааст


Дар вилояти Суғд алайҳи як зан, ки бо ваъдаи додани фоидаи зиёд беш аз 50 миллион рубли русӣ (ҳудуди 1 миллион доллар)-и сокинонро аз худ кардааст, парванда боз шудааст.

Мақомоти пулиси Суғд мегӯянд, алайҳи зане, ки бо ваъдаи додани фоидаи зиёд беш аз 50 миллион рубли русӣ (ҳудуди 1 миллион доллар)-и сокинонро аз худ кардааст, бар асоси моддаи 247, қисми 4 - и Кодекси ҷиноӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парванда боз шуда, таҳқиқ идома дорад. Дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Суғд рӯзи 12 май гуфт, ин зани 44-сола зодаи ноҳияи Зафаробод буда, миёнаҳои соли гузашта дар пайи шикояти "муштариён"-и фиребхӯрда боздошт шудааст.

Зулфия, як сокини ноҳияи Зафаробод аз ҷумлаи афроде мебошад, ки фиреби ин занро хӯрдааст. Вай бо ду кӯдаки хурдсолаш дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад ва дар як гурӯҳи ҳунарӣ раққоса аст. Зулфия мегӯяд, чанд сол боз барои харидидани хона пул ҷамъ мекард ва охири соли гузашта 14 ҳазор доллар маблағи ҷамъовардаашро ба дасти он зан дод. Вай мегӯяд, ин муомилоти онҳо аз боварӣ ба ҳам сурат гирифт:

“Чунки ман ба он зан бовар кардам. Вай ба як ҳамсояам, ки пулашро бовар карда дода монда буд, ҳар моҳ фоидаашро медод. Ин ҳамсояам баъдан ҳамаи пулашро гирифт ва автомобили нав харид. Ман ҳам гуфтам, биё, пулам аз даруни ҷогаҳу таги сандуқ истодан дида, дар дасти он зан истад, беҳтар, гардиш хӯрда зиёдтар мешавад. Фақат як моҳ фоида гирифтам. Аммо сари ҳамин сол гуфт, ки банкрот шудааст, пуламонро гардонда наметавонад. Ман он маблағро ба сад азоб ба умед ҷамъ карда будам, акнун дар дасти он зан монд.”

Мусоҳибам мегӯяд, ҳоло аз муомилоти пулии онҳо танҳо як коғаз бо имзои худашу он занро дорад. Дар ин ҳол умеди асосиаш аз худи он зан аст, ки сари инсоф ояду пулашро баргардонад. Аммо яке дигар аз сокинон, ки маблағашро аз даст додааст, мегӯяд, дигар умедашро аз он зан кандааст ва ба пулис шикоят бурдааст, то пулашро рӯёнад.

Дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, ҳамин тавр давоми тақрибан як моҳ ҳар рӯз 6-7 кас ба пулис муроҷиат мекунанд ва тақозо менамоянд, ки мақомот пулашонро аз дасти он зан баргардонанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, он зани 44-сола аз ноҳияи Зафаробод ҳудуди 50 миллион рубли русӣ ё 1 миллион доллар маблағи даҳҳо сокинони ноҳияи Зафаробод ва манотиқи дигарро бо ваъдаи додани суди зиёд ба даст оварда, ду моҳ пеш эълон кардааст, ки аз поинравии қурби пули рубли русӣ дар тирамоҳ варшикаста шудаву наметавонад пули сокинонро баргардонад.

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, тибқи тафтиши пешакӣ, маблағҳои аз сокинон ҷамъовардаи он зан 20 миллион рубли русӣ, (ҳудуди 300 ҳазор доллар) буд ва ҳоло ба 50 миллион рубл расидааст.

Манбаъ афзуд, “он хонум ба сокинон ваъда медодааст, ки ба 100 ҳазор рубли русие, ки ба “бонк”-и вай мегузоранд, ҳар моҳ 1 ҳазор сомонӣ фоида медиҳад. Бисёр сокинон ба ин ҳарфҳояш бовар карда, маблағҳои худро ба дасти ӯ медиҳанд. Вале он зан баъди ҷамъ кардани маблағҳои ҳангуфт эълон мекунад, ки қурби пули русӣ паст рафтаву дигар наметавонад ба сокинон пулҳояшонро баргардонад.”

Қаблан низ дар бархе шаҳру ноҳияҳои Суғд чунин ҳодисаҳо рух додааст. Махфират Усмонова, равоншиноси созмони занони “Гулрухсор” мегӯяд, ин гуна ҳодисаҳо аз хушгумонии сокинон сар мезанад, ки аз ҳуҷҷат дида, ба ҳарфу ваъдаҳои одам бештар бовар мекунанд:

“Халқи мо як мақол дорад, ки “камбағала аз болои шутур ҳам саг мегазад.” Бо азобу машаққат дар мардикорӣ пул кор карда меоранд, аммо ба гапу ваъдаҳои ширини як одам бовар карда, бо ду дасти адаб онро бурда ба дасташ месупоранд. Ин гуна занони фиребхӯрда ба созмони мо ҳам муроҷиат мекунанд. Одатан одамони тоҷиру корчаллон кам фиреб мехӯранд. Мардуми оддӣ бештар ба доми фиреби қаллобон меафтанд ва пули худро аз даст медиҳанд. Чунки онҳо хушбовар ҳастанд. Аз тарафи дигар, одамони оддӣ пулашонро худ гардиш додан наметавонанд. Онҳо мехоҳанд, ки ин корро ба ҷои онҳо каси дигар иҷро намояд, аммо дар фоидаи калон онҳоро ҳам шарик кунад.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, умеди зуд соҳиби пулу сарват шудан низ одамони дар муомилоти пулӣ бетаҷрибаро тӯъмаи афроди қаллоб мегардонад. “Бархе одамон гумон мекунанд, ки бе заҳмату меҳнат ҳам одам метавонад зуд пулу сарвати зиёд ба даст орад. Аз рӯи ҳамин ақидаи хато ба муомилоти шубҳаноки пулӣ ҳамроҳ мешаванд. Агар як каси онҳо миқдоре пул ба даст орад, даҳ ё сад каси дигар пули худро аз даст медиҳанд.” - афзуд вай

Бархе аз сокиноне, ки фиреби ин зани зафарободиро хӯрданд, мегӯянд, ин зан қаблан дар намояндагии яке аз бонкҳо дар Зафаробод кор мекард ва сокинон ба вай бовар карданд ва аз ин рӯ ҷамъоварии пул барояш осон афтодааст.

Қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки дар ҳолати ҷуброни зиёни молии даъвогарон ё баргардонидани маблағҳои бо роҳҳои ғайриқонунӣ азхудкарда, одами айбдор бахшида мешавад. Ҳоло сокиноне, ки ба мақомот шикоят бурдаанд, мегӯянд, аз он хонум танҳо маблағҳои худашонро мехоҳанд ва аз баҳри фоида гузаштанд.

XS
SM
MD
LG