Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Покистон барои бознигарии созишномаи CASA-1000


Оғози татбиқи тарҳи CASA-1000 дар шаҳри Турсунзода. Моҳи майи соли 2016
Оғози татбиқи тарҳи CASA-1000 дар шаҳри Турсунзода. Моҳи майи соли 2016

Расонаҳои Покистон гузориш додаанд, ки мақомоти расмӣ аз давлати Тоҷикистону Қирғизистон хостаанд, як банди созишномаи тарҳи CASA-1000-ро мавриди иҷро қарор диҳад, ки роҳро барои тиҷорати дуҷонибаи нерӯи барқ боз мекунад.

Бар асоси созишномаи феълӣ, баъд аз такмил шудани ин тарҳи азим ҳоло фақат Покистон вазифадор аст, дар фасли гармо, яъне аз моҳи май то октябр аз Тоҷикистону Қирғизистон то 1000 мегават нерӯи барқ бихарад. Нархи ҳар киловат соат нерӯи барқро 9.50 сент таъйин кардаанд.

Дар сурати пазируфтани дархости Покистон, ин кишвар ҳақ пайдо мекунад, дар фасли зимистон ба Тоҷикистону Қирғизистон нерӯи барқ бифурӯшад. Аммо ин фақат як пешбинӣ аст, чун Покистон худаш ба нерӯи барқи зиёд эҳтиёҷ дорад ва ҳадафи асосии тарҳи CASA-1000 низ таъмини эҳтиёҷи Покистону Афғонистон ба нерӯи барқ аст.

Нашрияи “The News” аз қавли Васим Мухтор, намояндаи идораи энержии Покистон навиштааст, ҳукумат дар нишасти ояндаи аъзои тарҳи CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон тақозо мекунад, созишномаро бознигарӣ кунанд, то Покистон ҳам тавонад, нерӯи барқи изофиашро бифурӯшад. Ӯ гуфтааст, ҳоло Покистон худкифо шудааст ва имкони содироти нерӯи барқро дорад.

Мусоҳиби нашрия нагуфтааст, Покистон чӣ гуна дар як муддати кӯтоҳ тавонистааст, аз як кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба кишвари худкифо табдил ёбад. Ба ҳар сурат ба навиштаи ”The News”, котиботи тарҳи CASA-1000 дархости Покистонро ба дастури ҷаласаи оянда ворид кардааст.

Тарҳи CASA-1000 як тарҳи байналмилалиест, ки чанд сол пеш иҷрои он бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва арзиши он беш аз 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин тарҳ, хатти баландшиддати барқи 750-километрие сохта мешавад, ки аз тариқи қаламрави Афғонистон мегузарад ва ба Покистон мерасад.

Нерӯи барқи Қирғизистон ба ин шабака аввал аз тариқи Хуҷанд ва сипас аз ба воситаи ҳалқаи ягонаи барқии Тоҷикистон бояд бирасад. CASA-1000 қодир хоҳад буд, 1000 мегават нерӯи барқро ба Покистон ва 300 мегаватро ба Афғонистон бирасонад.

Нашрияи “The News”, чопи Покистон, аз қавли Васим Мухтор навиштааст, дар сурати таъмин нашудани Покистон бо нерӯи барқ аз моҳи май то моҳи октябр, кишвараш метавонад, аз таъминкунандагон, яъне Тоҷикистону Қирғизистон ҷуброн биситонад.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон, ки чанде пеш дуввумин чархаи онро ба кор андохтанд, аз таъминкунандагони аслии тарҳ бо нерӯи барқ мешавад.

Барои иҷрои CASA-1000 Тоҷикистон бояд 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар ҷалб кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун барои иҷрои ин тарҳ бо арзиши 235 миллион доллар бо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Бозсозӣ ва Рушди Аврупо, Бонки Сармоягузории Аврупо созишномаҳо имзо кардааст.

Қирғизистону Тоҷикистон аз ин тарҳ умеди зиёд доранд ва мегӯянд, ки роҳашон ба бозорҳои минтақавии энержӣ боз мешавад. Ду кишвар, ки асосан нерӯгоҳҳои барқи обӣ доранд, дар фасли тобистон бештар аз эҳтиёҷоти худ нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, вале ҳоло ҳам дар фасли сармо қодир ба таъмини муназзами мардум ва корхонаҳо бо нерӯи барқ нестанд.

XS
SM
MD
LG