Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Раҳмон аз суръати кунди иҷрои КАСА-1000 ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши “Чоргонаи КАСА-1000” аз раванди татбиқи кунди иҷрои ин тарҳ, интиқод кардааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раванди татбиқи ин тарҳ, ки интиқоли барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубиро дар назар дорад, аз мӯҳлати пешбинишуда, ақиб мемонад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 6-уми июл дар оғози ҳамоиши “Чаҳоргонаи КАСА-1000” суханронӣ мекард, гуфт, бинобар ба таъхир афтодани ин тарҳ, кишварҳои аъзо ҳар сол дар маҷмӯъ беш аз 500 миллион доллар, зарар мебинанд.

Чун қисмати аслии хутути нерӯи барқ дар ин тарҳ аз қаламрави Афғонистон мегузарад, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки “талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати оғози ҳарчи зудтари сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати доимӣ дар дохили ин кишвар, ки ҷузъи таркибии ин тарҳ маҳсуб мешавад ва расмиёти тендерии он ба анҷом расидааст, ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд”.

Ҳамоиши “Чоргонаи “CASA-1000”, субҳи имрӯз, 6-уми июл дар бӯстонсарои президентии "Пуғус" воқеъ дар дараи Варзоб, оғоз шуд. Дар ин ҳамоиш, ки бо мизбонии Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, раиси ҷумҳури Афғонистон ва нахуствазирони Покистону Қирғизистон, ширкат доштанд.

Коршиносон: Суръат бахшидан осон нест

Ҳамаи раҳбарон аз муҳим будани тарҳ барои минтақа сӯҳбат карданд, вале коршиносони дохилию байналмилалӣ мегӯянд, суръат бахшидан ба тарҳ бо назардошти вазъи ноороми Афғонистон осон нест.

Онҳо афзоиши ҷангу харобкорӣ ва ҳадаф гирифтани зербунёдҳо дар Афғонистонро мисол меоранд, аз ҷумла вайрон шудани хаттҳои интиқоли неруи барқ аз Узбакистону Тоҷикистонро, ки дар гузашта ҳадафи Толибон қарор гирифтаанд.

Нерӯи барқи "Роғун" ба Покистон мерасад, ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Вале Кароматулло Диловарзӣ, раиси ширкати барқи Афғонистон рӯзи 6 июл зимни сӯҳбат бо хабарнигорон ин гуна нигарониҳоро бепоя хонд ва гуфт, аз иҷрои ин тарҳ тамоми қишрҳои Афғонистон бо шумули гурӯҳҳои шурӯшӣ манфиатдор ҳастанд.

“Мо бо калонҳои қавм дар қарияҷот ва ҳама ҷо тамос дорем ва аз гурӯҳҳое, ки дар ин ҷо нуфуз доранд, мулоқот мекунем. Ин гурӯҳҳо низ дарк кардаанд ки ин як барномаи миллӣ аст. Бо гурӯҳҳои шӯришӣ дар ин замина мулоқотҳо анҷом медиҳам ва умедворем, онҳо аз гуна тарҳо, ки ба манфиати тамоми мардуми Афғонистон аст, пуштибонӣ мекунанд”. гуфт, Кароматулло Диловарзӣ.

Хати барқ аз манотиқи ноороми Афғонистон ҳам мегузарад.
Хати барқ аз манотиқи ноороми Афғонистон ҳам мегузарад.

Оғои Диловарӣ гуфт, ки феълан давлати Афғонистон барои иҷрои ин тарҳ дар ҳудуди ин кишвар озмун ё тендер эълон кардааст ва ду ширкати Ҳиндустон асноди худро пешниҳод кардаанд. Пас аз анҷоми ин озмун номи паймонкорон, ки бояд хати барқро дар дохили Афғонистон бисозанд эълон мешавад.

Сартоҷ Азиз, мушовири вазири хориҷаи Покистон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кишвараш дар истиқрори сулҳу субот дар минтақа, бахусус, Афғонистон манфиатдор аст.

“Феълан дар Афғонистон нерӯҳои Амрико мустақар ҳастанд, ки дар таъмини амният ба нерӯҳои Афғонистон кӯмак мекунанд. Аз сӯи дигар, Покистон аз бунёди хати интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ манфиатдор аст ва аз лиҳоз ин кишвар дар ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа барои истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва бунёди ин хати барқ талош хоҳад кард” - гуфт Сартоҷ Азиз.

Тоҷикистон мегӯяд, ки корҳои тадоркуотӣ барои бунёди хати интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон дар моҳи майи соли ҷорӣ шурӯъ шуда, аммо раванди ин корҳо дар маҷмӯъ дар ин пружа кунд аст.

Умедвории зиёди Тоҷикистон аз тарҳ

Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон, ки аз тавлидкунандагони аслии нерӯи барқи обӣ дар минтақа аст, барои пайдо кардани бозорҳои фурӯши нерӯи барқ талош мекунад.

Ба ин далел, ин кишвар ба бунёди ҳарчи зудтари тарҳи “КАСА-1000” ниёз дорад.

“Мо метавонем аз тариқи интиқоли неруи барқ ба кишварҳои хориҷӣ сармояи зиёд ба даст орем ва бо ин маблағ бахши энергеткии Тоҷикистон густариш диҳем. Аз сӯи дигар, неруи барқи интиқолӣ ба беҳбуди вазъи итқисодӣ дар кишварҳои Афғонистону Покистон ва густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо мусоидат мекунад" - гуфт, Ҷамшед Шоимзода.

Маросими расмии ифтитоҳи сохтмони хати нерӯи барқи CASA-1000 рӯзи 12 майи соли 2016 баргузор шуд.
Маросими расмии ифтитоҳи сохтмони хати нерӯи барқи CASA-1000 рӯзи 12 майи соли 2016 баргузор шуд.

Тарҳи CASA-1000 1 222 километрро ташкил медиҳад ва қарор аст, аз тариқи хатҳои он солона 1 300 мегават нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол ёбад. 300 мегавати он дар Афғонистон мемонад ва 1000 мегавати дигар ба Покистон меравад. Тарҳи CASA-1000, ки ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯст, тибқи нақша бояд дар соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ин тарҳро Амрикову Британия, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Исломии Рушд сармоягузорӣ мекунанд.

Маросими расмии ифтитоҳи сохтмони хати нерӯи барқи CASA-1000 рӯзи 12 майи соли 2016 дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони расмии Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда буд. Барои иҷрои ин тарҳ 1,7 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG