Пайвандҳои дастрасӣ

"Ман худам манаҳи се нафари онҳоро бастам" ВИДЕО. АКСУ САДО


Пойафзор ва тоқии баъзе аз афроди ҳалокшуда ва ё маҷрӯҳро дар тобутхонаи канори гӯристон гузоштаанд.

“Мошини “Зил” бо суръати баланд аз теппа омад, ба дарахти канори роҳ бархӯрд самти ҳаракаташ дигар шуд ва аз баландӣ ба поён лағжида ба як дарахти дигар бархурду истод. Вақте дар ҷояш истод, аллакай панҷ нафар, ки ҷавонон буданд ҷон доданд. Ман манаҳи се нафари онҳоро бастам. Ин як фоҷиаи даҳшатнок буд”.

Абдуназар Чиллаеви солхӯрда посбони қабристони Роҳатии ноҳияи Ваҳдат, фоҷиаи рӯзи 11 март дар ҳамин маҳалро ба ёд меорад, соатҳои дувуним рух дод. Дар он рӯз пас аз маросими дафн, тормози мошини борбари “ЗИЛ-130”, ки бештар аз 20 нафар савори он буданд аз кор монд ва сабаби мотам гирифтани садҳо нафари дигар шуд.

Абдуназар Чиллаев мегӯяд, худаш манаҳи се нафарро баст.
Абдуназар Чиллаев мегӯяд, худаш манаҳи се нафарро баст.

Абдуназар Чиллаев нақл кард, ки чӣ гуна чанд нафар аз тарс ва бо ҳадафи зинда мондан худро аз болои мошин партофтанд, вале ба замини сахту санг бархӯрда ба ҳалокат расиданд. Чандин нафари дигар аз сару тану гардану пой осеб дидаанд. Мошини “Зил” ҳангоми босуръат поин омадан, як пиёдагардро ҳам зер карда куштааст.

Ман манаҳи се нафари онҳоро бастам. Ин як фоҷиаи даҳшатнок буд.

Вақте мо ба ҷои ҳодиса омадем, дар як гӯшаи анҷомхонаи қабристон пойафзору либосҳо ва мӯзаҳои ҷавонони ҳалокшударо монда буданд. Абдуназар Чиллаев, мегӯяд, вақте мошин меомад, тақрибан 25 нафар савори он буданд. Яке аз онҳо Мирзовалӣ сокини шаҳри Душанбе буд, ки ҳоло дар шифохонаи марказии ноҳияи Ваҳдат дар шӯъбаи шикастабандӣ ҳамроҳи се нафари дигар бистарӣ аст.

Чаҳор маҷрӯҳро ба шифохонаи Ваҳдат овардаанд.
Чаҳор маҷрӯҳро ба шифохонаи Ваҳдат овардаанд.

Мирзовалӣ, ки ҳанӯз ба худ наёмадааст, гуфт, рони пойи чап ва дасташ сахт осеб дидааст. “Вақте аз қабристон баргаштем тормози мошин аз кор баромад ва мошин бо суръат ба дарахт бархӯрд. Бо ҳамин ман дигар ҳеҷ чизро ёд надорам, вақте чашмамро боз кардам, дар бистар будам.” – гуфт ӯ.

Фоҷиа, ки дар тақрибан 20 километрии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, замоне, ки мардум баъди дафни як пирамарди 78-сола аз шаҳри Ваҳдат ба хона бармегаштанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 13-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки дар натиҷаи фалокат 7 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 19 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аксарияти қурбониён ҷавонони то 35 сола будаанд аз Ваҳдат ва Душанбе будаанд ва дар байнашон ду бародар аз як хонавода низ ҳаст. Ронандаи мошин Бахтиёр Маҷидов, сокини ноҳияи Ваҳдат, ки зимни фалокат осеби сахте надидааст, ҳоло аз тарафи мақомот бозпурсӣ мешавад. Вазорати умури дохилӣ сабабҳои фоҷиаро таҳқиқ дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG