Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, барномаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш беш аз сад дар сад иҷро шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки барномаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши кишвар пурра иҷро шудааст. Бахтиёр Бозоров, як масъули дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи душанбеи 24 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нақшаи давъати тирамоҳӣ барои хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар 100, 71 дарсад иҷро шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Бозоров, “дар ин раванд нахустин шуда вилояти Хатлон, ҳанӯз дар даҳаи аввали моҳи ҷорӣ нақшаи давъат ба Артишро иҷро кард ва ҳамин тавр ба дунбол, вилоятҳои Бадахшону Суғд ва шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи марказ низ ин нақшаро иҷро намуданд.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки то поёни раванди давъати тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба Артиш як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, даъвати тирамоҳӣ барои хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар аз 1 октябри соли ҷорӣ шурӯъ гардид.

Мақомот мегӯянд, дар ин раванд аксари ҷавонони манотиқи мухталифи Тоҷикистон довталабона ба сафи ни руҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб шуданд. Аммо хабарҳо аз тариқи “облава” ҷалбшуданиҷавонон ба Артиш дар ин давъат низ кам набуданд.

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз вуҷуди падидаи “облава”барои ҷалби ҷавонон ба Артиши Тоҷикистон борҳо интиқод кардаанд.

Зимнан, дар ҳар даъват ба сафи артиш аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола истихдом мешаванд. Ҷамъи афроди синну соли даъватӣ дар кишвар беш аз 600 000 гуфта мешавад, вале донишҷӯён ва ҳам онҳое, ки саробони ягонаи хонаводаанд, аз хидмати низомӣ озоданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG