Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таъсиси пулиси ахлоқ. Ба шеваи Эрон ё Сингапур?


Маъмурони интизомӣ дар Эрон, занонро барои "бадҳиҷобӣ" ҳушдор медиҳанд.
Маъмурони интизомӣ дар Эрон, занонро барои "бадҳиҷобӣ" ҳушдор медиҳанд.

Ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, зарурати таъсиси пулиси ахлоқ дар ҷомеъа ба миён омадааст.

Ин нуктаро вай дар нишасти хабарии донишгоҳ субҳи имрӯз иброз дошт.

Аслиддин Низомов, ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон мегӯяд, ин донишкада қабл аз қабули Қонун «Дар бораи масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд», ба унвонии парлумони кишвар бо мактуб муроҷиат карда хоҳиш карда буд, ки пулиси ахлоқ таъсис дода шавад.

Вай гуфт: «Ин пулис риояи ахлоқро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ назорат мекунад. Фарз кардем, корманди пулиси ахлоқ дар боғҳо, дар хиёбонҳои шаҳр, дар театрҳо мегардад ва намегузорад, ки ягон нафар бо либоси безеб, ҳақорату дашном машғул шавад. Аз милитсионерҳои мо ин чизро талаб карда намешавад, чунки онҳо аслан бо ҷинояткорон сару кор доранд».

Ҷаноби Низомов афзуд, ки пулиси ахлоқ дар чандин кишвари дунё фаъолият мекунад ва бо назардошти он, ки қариб нисфи аҳолии Тоҷикистон ҷавонони то 30-соларо ташкил мекунанд, таъсиси як ниҳоди алоҳида бо номи пулиси аҳлоқ зарур аст.

Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди тоҷик
Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди тоҷик
Аммо мухолифони ин пешниҳод мегӯянд, дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як ниҳоди махсусе вуҷуд дорад, ки ба ахлоқ ва тартиботи ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Ин ниҳоди Вазорати корҳои дохилӣ бештар ба боздошти майхораву фоҳишаҳо машғул аст.

Барзу Абдуразоқов, ҳунарманди тоҷик мегӯяд, воқеан одобу аҳлоқи шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт хеле коста ба назар мерасад. Дашному ҳақоратҳои қабеҳ дар кӯчаву бозор чунон фаровон истифода мешавад, ки ҳеҷ кас акнун ба ин таваҷҷӯҳ ҳам намекунад. Аз дашном чун пайвандаки сухану ибора истифода мешавад. Аммо ҷаноби Абдураззоқов афзуд, бунёди чунин як ниҳоди алоҳида аз ҳисоби андозсупорандагон дар қатори мақомоти қудратии мавҷуда, бефоида аст:

«То замоне, ки мансабдорони мо худ ахлоқашонро дуруст накунанд, ҳеҷ як чунин ниҳод наметавонад ба ахлоқу одоби ҷомеа таъсиргузор бошад. Ҷавононро намешавад аз мансабдорон ҷудо кард, чун онҳо аз якдигар ибрат мегиранд. Ин ниҳод дар ҳоли ҳозир агар ташкил шавад, боз як ниҳоди пулхӯраки аҳмақона мешавад.»

Ҷаноби Абдураззоқов афзуд, дар ҳоле ки муносибати ниҳодҳои кунунии қудратии Тоҷикистон хеле дағалу тамаъҷӯёна аст, таъсиси боз чунин як ниҳод барои ҷомеа сарборӣ мешаваду халос.

Коршиносони дигар мегӯянд, пулиси ахлоқ дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон барои як муддати муайян самараи хуб додааст ва дар баъзе аз кишварҳо то ҳол вуҷуд дорад. Пулиси ахлоқи Сингапур бештар ба масоили тозагии шаҳр аҳамият медиҳад ва барои дар ҷои таъйинашуда партофтани хурдтарин партоб ҷаримаи зиёд меситонад.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик
Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик
Пулиси аҳлоқи Эрон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бештар мекӯшанд, қоидаҳои шариат дар кӯчаҳо поймол карда нашавад. Дар Фаронса низ пулиси ахлоқ вуҷуд дорад ва соли гузашта пас аз боздошти яке аз олигархҳои рус Михаил Прохоровро бо духтарони 20-сола дар истироҳатгоҳи Куршавел, вирди забонҳо гашт.

Аммо Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, сатҳи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ин кишварҳо сахт фарқ дорад: «Ҳоло мо барои таъсис додани чунин ниҳод бояд чандин давраҳои рушдро бояд паси сар кунем. Чунки ҳукумати мо ҳоло барои тайёр кардани чунин пулисҳо на имконияти молӣ ва на инсониро надорад».

Ҷаноби Қудратов афзуд, чун дар Тоҷикистон солҳои охир дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон зиёд ба чашм мехӯрад, метавон гуфт он ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст, таъсиси пулиси аҳлоқ метавонад ин дахолатро дучанд кунад.
XS
SM
MD
LG