Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти соҳибкор алайҳи раиси бозор


Як соҳибкори бозори «Сафариён»-и пойтахт, ки ду моҳ боз дари мағозаҳояшро роҳбарияти бозор бастаанд, ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ шикоят бурдааст.

Хуршед Чупонов, соҳибкори бозори «Сафариён» воқеъ дар назди маҳаллаи маъруф ба "Автовокзал"-и Душанбе рӯзи 4-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки «аз бедодгариҳои раиси бозор Муҳсин Гулов ба танг омада» имрӯз 4-уми апрел ба додгоҳи Сино-1 ариза навиштааст. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ бояд масъалаи ду мағозаи ӯ дар бозори «Сафариён», ки беш аз 2 моҳ инҷониб наметавонад дари онҳоро боз кунад, баррасӣ кунад.

Хуршед Чупонов мегӯяд, ду моҳ қабл духтараш бемор шудааст ва вай ба зодгоҳаш меравад, аммо то замони бозгашташ бо дастури раиси бозор Муҳсин Гулов дари мағозаҳояшро шикаста, молу колояшро берун мекунанд ва дубора дари мағозаҳоро мебанданд. Вай мегӯяд, ки ҳоло намедонад ҳудуди 9 ҳазор сомонӣ маводе, ки барои фурӯш дар ин мағозаҳо доштааст, куҷо ҳастанд. Хуршед Чупонов ба фурӯши маводи кӯрока ва донагӣ машғул будааст.


Яке аз масъулони бозори «Сафариён», ки нахост номаш оварда шавад, дар ин бора гуфт, «Хуршед Чупонов 1000 сомонӣ аз маъмурияти бозор қарздор аст. Вай ду моҳ натавонистааст иҷорапулиашро супорад ва то замоне, ки баргардонида нашавад, дубора фаъолият карда наметавонад.»

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки агар ин маблағро тавонад супорад, маъмурияти бозор метавонад таҷдиди назар кунад.

Соҳибкор Хуршед Чупонов мегӯяд, дар ҳақиқат қарздор ҳаст, вале роҳбарияти бозор ба вай иҷозат намедиҳад, то дари мағозаҳояшоро боз кунад ва аз фурӯши мол худ қарзро баргардонад: «Ман ду моҳ аст, ки наметавонам дари мағозаҳои худро боз кунам ва ночор ба Додгоҳ муроҷиат кардам, дар ин бозор беш аз 8 сол аст, ки фаъолият дорам.»

Бозори «Сафариён» дар канори "Автовокзал"-и пойтахт қарор дорад ва раиси он Муҳсин Гулов, бародарзодаи Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG