Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Чароғаки бизнес на барои ҳама сабз мешавад


Тибқи омори расмӣ танҳо дар 3 моҳи соли равон беш аз 18 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардааст, ки аз ин миён танҳо 221 нафарашон шахсони ҳуқуқӣ будаанд.

Омилҳои қатъ шудани фаъолияти соҳибкорӣ баланд будани андоз, фазои номусоиди соҳибкорӣ ва мушкилоти молӣ унвон мешавад.

Бежан Мирзоев, аз ҷумлаи соҳибкоронест, ки 3 соли пеш бо охирин маблағҳои захиравиаш, корхонаи нӯшокиву шарбати мева таъсис дод. Бо умеде, ки битавонад як тиҷорати бузургу муваффақеро дар кишвар ба роҳ монад ва бо ин восила зиндагии худу хонаводаашро пеш барад.

Аммо Бежан бо таассуф мегӯяд, бо гузашти 2 сол аз шурӯи кори худ, натавонист дар ин самт ба комёбӣ ноил шавад ва билохира аз ин фаъолият даст кашид. «Якум ин ки андоз гарон аст ва ба соҳибкоре, ки нав корро шурӯъ мекунад, ягон имтиёз дода намешавад. Дигар ин ки аз мақомот аз зуд-зуд тафтиш меоянд ва беасос, бо ҳар баҳона пул меситонад. Яъне онҳо одамро пайваста дар ҳолати тарс нигаҳ медоранд ва мегӯянд агар мо хоҳем камбудии корхонаатро пайдо мекунем ва онро мебандем. Ҳар бор ман кӯшиш мекардам, ки бо онҳо забон ёбам, аммо билохира хаста шудам ва соли пеш корхонаро бастам.», гуфт Бежан.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим


Бо ин ҳам ба гуфтаи Бежан, расмиёти боздоштани фаъолияти соҳибкории ӯ як сол идома кард. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо машғул шудан ба соҳибкорӣ ба ӯ на даромад, балки дарди сар овард, аз ин хотир мегӯяд, дигар майли баргаштан ба ин майдонро надорад.

Хадича Холиқова, яке аз дигар соҳибкорон, низ ки чанд сол қабл бо гирифтани қарз аз бонк мағоза кушод, натавонист дар қиболи санҷишҳои беохири идораҳои тафтишотӣ ва маблағситонии ғайриқонунӣ тоқат биёрад.

Ин хонум мегӯяд, баҳсу даъвоҳои пайваста ва муносибати дурушти нозирони андоз вайро хаста кард ва ӯ дар ин мубориза ба гуфтаи худаш мағлуб шуду мағозаашро баст.

Хонум Хадича афзуд, «вақте ман бо онҳо даъво мекардам ва за ҳуқуҳои худ дифоъ карданӣ мешудам,онҳо мағозаро мӯҳр зада мерафтанд. Ва ман маҷбур мешудам, ки ҳар бор барои кушодани ин мӯҳр пул супорам. Ман аз ин ҳолат рӯҳан ва ҷисман монда шудам ва дар хона нишастанро авлотар донистам. Гардиши мол дар мағозаи ман то 19 ҳазор доллар буд, вале чун дар фаъолиятам пайваста монеъа эҷод мекарданд, хароҷоти мағоза аз даромадаш бештар буд. Ҳатто қарзи бонкро баргардонида натавонистам, бечора писаронам маҷбур ба муҳоҷират рафтанд ва бо пули онҳо қарзамро пардохт кардам.»

Ҳарчанд таҳлилагарон дар шароити феълӣ, соҳибкориро яке аз роҳҳои хуби сарватманд шудани шаҳрвандон ва рушди иқтисод дар кишвар арзёбӣ мекунанд, аммо шурӯи тиҷорат ва пешбурди бомуваффақи он барои аксари соҳибкорони тоҷик ба осонӣ даст намедиҳад.

Бархе аз намояндагони мардумӣ дар порлумони кишвар дар ҷаласаи рӯзи 19-уми ноябр гуфтанд, истифодаи сиёсати саркӯбкунанда ва фишороварнада дар нисбати соҳибкорони хурд боиси дилсардӣ ва нобоварии онҳо мегардад. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ҳоли ҳозир ҳукумат бештари имтиёзотро ба корхонаҳои бузург, ки аз ҳисоби буҷа фаъолият доранд ва даромад низ ба даст меоранд, медиҳад, аммо соҳибкорони хурду миёна аз ин имтиёзҳо бебаҳра мемонанд, иддаое, ки Кумитаи андози Тоҷикистон онро рад мекунад.

Саидаҳтам Абдуллоев, сардори Раёсати хизматрасонии ин кумита мегӯяд, «баръакс барои соҳибкорони хуруд миёна сабукиҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои онҳое, ки то 100 ҳазор сомони даромад доранд тибқи патент фаъоляташронро ба роҳ мемонад, ҳисоботу эъломия намедиҳад, танҳо андозашро меспуорад ва касе ҳам ба ӯ кордор нест. Онҳое, ки то 500 ҳазор сомонӣ даромад доранд тариқи шаҳодатнома кор мекунанд. Яъне сабуки вуҷуд дорад. Дар нисбати муносибати нохуби нозирон бошад чунин ҳолатҳо баъзан воқеан ҷо доранд ва мо дар нисбати онҳо чараҷӯи мекунем.»

Ба ақидаи ҷаноби Абдуллоев аз қатъшудани фаъолияти баъзе ширкатҳо ва соҳибкорон ҳеҷ зиёне ба иқтисоди кишвар намерасад. Зеро, ба гуфтаи ӯ ин раванд ҳамеша ҷой дошт ва дар оянда низ истисно нест.

Константин Бондаренко.
Константин Бондаренко.
Вале Константин Бондаренко, раҳбараи Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, қатъ намудани фаъолият аз сӯи соҳибкорон барои иқтисоди Тоҷикистон паёмади нохуб дорад. Зеро онҳо аҳолиро бо ҷойи кор таъмин мекунанд, аз даромадашон андоз месупоранд ва ҳамин андоз дар навбати худ асоси маблағи хароҷоти буҷаро ташкил мекунад.Ҷаноби Бондаренко мегӯяд, «давлат бояд дар раванди соҳибкорӣ таъсиргузор набошад ва тартиби иҷозатдиҳоро содатар намояд ва ҳамчунин ба ҳайси як довар бимонад ва муносибати баробар дошта бошад. Дигар мушкил вобаста ба моликият аст. Яъне агар шахс замин, бино ва ё ягон моликият дорад он набояд гирифта шавад, балки дар асоси шартнома ҳакорӣ кардан лозим. Вале ҳоло мо мебинем, ҳама чиз давлатӣ ҳаст. Аммо дар кишварҳое, ки соҳибкорӣ рушд крадааст, ҳамин принсип мавҷуд нест.»

Ҳоли ҳозир аксаран онҳое, ки фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мондаанд ба тиҷорати хурду миёна, аз ҷумла таъсиси мағозаву супермаркет ва марказҳои интернетӣ ё соҳибкорӣ дар самти фурӯши маводи ғизойӣ машғул ҳастанд. Зеро ба гуфтаи бархе аз мусоҳибони мо, дар Тоҷикистон ба роҳ мондани тиҷорати бузург, аз ҷумла тавлиду фурӯши моли саноатӣ ё истеҳсолот серхарҷ буда, ояндаи рушан надорад.
XS
SM
MD
LG