Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бизнес дар "Инстаграм". Зарнигор чӣ гуна пул кор мекунад? ВИДЕО


Зарнигор Ҳусейнова.

Агар кас дар шабакаҳои иҷтимоии "Инстаграм"-у "Фейсбук" пайрави зиёд дошта бошад, пас метавонад аз Душанбе истода, аз ин кор пул ба даст орад. Дар тамоми ҷаҳон шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" барои афроди корчаллон манбаи даромад шудааст. Ин дигар танҳо як вебсайти таблиғкунандаи хӯроку чеҳраҳои зебо нест. Ин як манбаи даромад ва тиҷорат аст.

Ҳанӯз ду-се соли пеш кас тасаввур намекард, ки як шабакаи иҷтимоӣ метавонад ба инсон мояи даромад шавад, вале ҳоло вазъят комилан дигар шудааст.

Дар Душанбе тиҷорату соҳибкорӣ бар пояи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз ду-се соли пеш шурӯъ шуда, ҳоло бештар тавсеа меёбад. Принсипи кор дар ин шабака хеле содда аст: ҳар қадар кас муштарӣ ё пайрави зиёд дошта бошад, ба ҳамон андоза пешниҳоди зиёди ширкатҳои таблиғотӣ ё рекламавиро дарёфт мекунад.

Азиз чигуна моли дигаронро реклама мекунад?

Азиз 23 сол дорад ва дар Душанбе худро ба ҳайси як модели муваффақ муаррифӣ кардааст. Дар "Инстаграм" шумораи ҳавохоҳонаш ба 19 ҳазор нафар мерасанд. Азиз мегӯяд, ки "Инстаграм" барои мисли ӯ корбарони фаъоли ин шабакаи иҷтимоӣ, як бахши муҳими зиндагӣ шудааст. Саҳифаи "Инстаграм"-и худро ӯ ҳар лаҳза пайгирӣ мекунад, дар он ҳамеша аксҳои касбиву сифатан баландашро нашр мекунад ва медонад, ки ин заҳматҳояш натиҷа медиҳад.

Азиз, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ.
Азиз, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ.

Азиз дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Дар асл ҳамон нафароне, ки саҳифаи туро тамошо мекунанд, фармоишгарони ту ҳастанд. Онҳо вориди саҳифаат шуда, телефонатро мегиранд ва баъдан дархост мекунанд, ки моли онҳоро таблиғ кунам. Баъзан маро бо либос таъмин мекунанд ва ин мол, агар аз фурӯшгоҳ бошад, ба ҳайси ҳаққи хизимат дода мешавад".

Азиз гуфт, ки бархе корбарони оддии шабака 100 сомонӣ маблағ пешниҳод карда, аз ӯ мехоҳанд, ки дар саҳифааш моли ӯро муаррифӣ кунанд. Пешниҳоди ширкат дар видео-реклама ҳам бисёр вақт тавассути "Инстаграм" ба ӯ мерасад. Вай мегӯяд, ҳоло бисёр шахсоне, ки ба ҳайси модел, овозхон ва ё ҳунарпеша кор мекунанд, бо истифода аз "Инстаграм" кору ҳунари худро таблиғ ва бо ин роҳ пешниҳодҳои тиҷоратиро қабул мекунанд.

Панҷ роҳи даромад дар "Инстаграм"

Даромад дар "Инстаграм" бештар дар панҷ бахш ба даст меояд. Бахши аввал даромад аз рекламаву таблиғот иборат аст. Як корбари фаъол дар саҳифаи худ аксу навор ҷой карда аз ҳамин роҳ даромад мебинад. Зарнигор Ҳусайноваи 22-сола маҳз аз рӯи ҳамин принсип кор мекунад. Заррина мегӯяд, ки ба замми кори асосии худ, "Инстаграм"-ро ҳам ҷиддӣ арзёбӣ мекунад ва аз даромади иловагӣ тавассути ин шабака хушҳол аст.

​Роҳи дигари дарёфти манфиати молӣ тавассути "Инстаграм", ин гирифтани вокуниши зиёди муштариҳо баъди таблиғи мол дар ин шабака мебошад. Шумораи ҳарчи бештари “лайк” ва назарҳои мардум даромади таблиғкунандаи молро ҳам афзоиш медиҳад. Ҳар қадар навиштаи муаллифи матлаб таваҷҷӯҳи бештари муштариҳоро ҷалб кунад, ҳамон қадар даромади муаллифи он ҳам меафзояд. Ин роҳи даромад дар миёни мутахассисони шабакаҳои иҷтимоӣ (мутахассиси smm) хеле маъмул шудааст. Блогерҳои шинохташуда гоҳо маводи таблиғотиро бидуни иловае дар саҳифаи худ ҷой мекунанд.

Арзиши тахминии як матлаби нашршуда аз 100 сомонӣ шурӯъ мешавад. Агар муаллифи саҳифае бо моли таблиғотӣ дар саҳифаи худ акс нашр кунад, ин маблағ як дафъа пардохт шуда, дар давоми як ҳафта то як моҳ дар саҳифааш боқӣ мемонад.

Зарнигор Ҳусейнова.
Зарнигор Ҳусейнова.

Зарнигор мегӯяд: “Дар гузашта ман барои ҳар як матлаби нашршуда 50 доллар талаб мекардам, вале касе розӣ намешуд. Баъди дидам, ки дар Русия ва кишварҳои дигар ин кор ба кадом шакл сурат мегирад. Он ҷо аз 500-1000 рубл, яъне тахминана 150 сомонӣ шуруъ мешавад. Як дӯстам, ки блогери "Инстаграм" аст, машварат дод, ки 25 доллар ё тахминана 200 сомонӣ талаб кунам. Ин роҳ ҳарчанд даромадро камтар, вале шумораи муштариҳоро бештар мекунад. Ба ин тартиб, нархи реклама дар саҳифаи ман 200 сомонӣ аст. Агар бо моли фурӯшгоҳе акс гирифтан лозим шавад, 300 сомонӣ мегирам, на 200".

Роҳи сеюми даромад дар "Инстаграм" – таъсиси дӯкони интернетӣ аст. Ин шабака барои фурӯши доираи хеле калони молу маҳсулот ба кор меравад. Дар Душанбе тавассути "Инстаграм" ҳам мижаи сохта мефурӯшанду ҳам маҳсулоти сохтмоние, ки аз Чин ворид мешавад.

Чӣ гуна Зарнигор дар Инстаграмм пул кор мекунад?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:27 0:00

"Инстаграм"-пойгоҳи тиҷорат

Ҷамила Камоловаи 20-сола, як донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мегӯяд, ки "Инстаграм" ҳоло бисёриҳоро ба худ кашидааст. “Ин пойгоҳ як тиҷорат ва ҳам муомилаҳои фаъоли байни инсонҳо мебошад. Духтарҳо ба моделҳо нигоҳ карда мехоҳанд, ки монанди онҳо шаванд, мехоҳанд, ки либоси онҳоро ба тани худ биандозанд. Бо ҳамин сабаб ҳам, маҳз дар ҳамон ҷо фармоиш медиҳанд ва он тараф пули зиёд кор мекунад. Аз ин ҳисоб, муаллифони саҳифаву дӯконҳо даромад мебинанд”.

Роҳи чоруми даромад ин таблиғи молу хадамоти ширкати тиҷоратии худ мебошад. Масалан, ҳоло қаҳвахонаҳои зиёди Душанбе саҳифаҳои худро дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ боз кардаанд. Дар ин саҳифаҳо онҳо озмуну аксу намуди ғизоҳоро таблиғ мекунанд. Масалан, як бахши калони даромадро ороишгарони нохуну мижа ва мӯю пӯсти рӯй ба даст меоранд. Онҳо дар ин бахш ба ҳайси тарроҳ кор мекунанд ва беҳтарин намунаҳои кори худро дар ин шабакаҳо таблиғ мекунанд.

Комила дар "Инстаграм" 30400 муштарӣ дорад

Комила Раҳматова худро ороишгару тарроҳи мижа муаррифӣ кардааст. Шумори муштариҳои ӯ дар "Инстаграм" 30400 нафар аст. Комила гуфт, ки дар ҳолатҳои хеле истисноӣ барои рекламаи тиҷоратӣ розӣ мешавад. Вай мегӯяд, "Инстаграм" барои ӯ дар пайдо кардани муштарӣ хеле кӯмак кардааст, аз ин рӯ, ин саҳифаро ҳамчун манбаи кору даромади ҷиддии худ арзёбӣ мекунад.

Роҳи панҷум ва маъруфи даромад дар "Инстаграм"-ро бештар донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт аз худ кардаанд. Кори онҳо аз таъсиси саҳифа дар "Инстаграм" ва фаъол нигаҳ доштани он иборат аст. Онҳо ба ҳайси модератор ё муаллифи саҳифа кор мекунанд ва онро пайваста фаъол нигоҳ медоранд. Аз ин роҳ даромад начандон зиёд аст, вале агар як нафар масъули мудирияти чанд саҳифаро дошта бошад, даромадаш ҳам хуб мешавад.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ иқрор мешаванд, ки тиҷорат аз роҳи "Инстаграм" дар Душанбе бо суръати зуд пеш меравад. Ҳанӯз ду-се соли пеш кас тасаввур намекард, ки як шабакаи иҷтимоӣ метавонад ба инсон мояи даромад шавад, вале ҳоло вазъят комилан дигар шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG