Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мерседес"-ҳои "made in Tajikistan". Дар Душанбе корхонаи мошинсозӣ бунёд мешавад


Корхонаи AKIA-AVESTO таҷрибаи истеҳсоли автобусҳои мусофирбарро ба роҳ мондааст

Дар пойтахти Тоҷикистон то як соли дигар корхонаи нави мошинбарорӣ арзи ҳастӣ мекунад, ки тавони истеҳсоли автобусу мошинҳои боркашро хоҳад дошт.

Барномаи нав, ки дар мувофиқа бо як ширкати туркӣ роҳандозӣ шудааст, ваъда медиҳад, ки корхонаи нав аллакай баъди як сол ба тавлиди маҳсулоти “Сохтаи Тоҷикистон” шурӯъ кунад. Ваъдаи оғози кори

Бо “Мерседес” музокирот ба тундӣ пеш меравад, зеро онҳо маблағи бештар мехоҳанд. Дар умум, вақте тавлиди мошинҳоро роҳандозӣ кардем, он бо тамғаи “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” ба фурӯш бароварда мешавад.

як корхонаи нави мошинбарорӣ дар ҳолест, ки соҳаи саноати Тоҷикистон дучори мушкилоти зиёд аст ва танҳо дар ду соли ахир дар кишвар даҳҳо ҳазор корхона баста шуд. Бархе коршиносон мегӯянд, замонати ширкати сармояи хориҷӣ дар ин пружа умедвориро ба муваффақияти кори корхона бештар мекунад.

Корхонаи мошинбарорӣ бо ҷалби 20 миллион доллар сармояи хориҷӣ

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ рӯзи 1-уми август дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, ки дар рӯзи охири моҳи июл ҳукумати Тоҷикистон қарори таъсиси корхонаи мошинбарорӣ дар шаҳри Душанберо тасвиб кард. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳамрализода, ин корхона бо ҷалби 20 миллион доллари амрикоии як ширкати туркӣ бунёд мешавад. Вай дар бораи ҷузъиёти дигари ин тарҳ гуфт:

"Дирӯз ҳукумати Тоҷикистон қарори махсусеро дар ин замина тасвиб кард. Аз ҷониби Тоҷикистон ширкати "AvestoGRUPP" масъули ин тарҳ мебошад. Дар марҳилаи аввал ин корхона солона то 200 адад автобус тавлид мекунад. Дар марҳилаи дигар тавлиди мошинҳои боркаши иқтидораш аз 3 то 8 тонна ва ҳамчунин микроавтобусҳо пешбинӣ шудааст. Микроавтобусҳо бо тамғаи "Мерседес" тавлид мешаванд. Ҳамаи маҳсулоти ин корхона бо тамғаи "Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст" ба фурӯш бароварда мешавад".

Ба гуфтаи Ҳамрализода, дар корхонаи Душанбе мошинҳо бастубанд мешаванд ва дар навбати аввал истеҳсоли 100 автобуси «Сохташуда дар Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст.

Бо "Мерседес" маҳдуд намешавем...

Асрор Мирзоев, мудири кулли ҶДММ «AKIA-Авесто” мегӯяд, ки сохтмони корхонаи нави мошинсози баҳори соли ҷорӣ шурӯъ шуда, ҳоло коргоҳи насби автобусҳо дар маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳамзамон дар коргоҳи собиқи насби троллейбусҳо ҷамъоварии автобусҳои “AKAI” идома дорад. Вай афзуд:

Асрор Мирзоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 1 август гуфт:

“Бо идомаи раванди сохтмони ин корхона мо бо бархе аз ширкатҳои машҳури мошинсозӣ, назири “Ҳундай”, “Киа”, “Пежо” ва ғайра барои тавлиди мошинҳои боркаш музокиротро идома медиҳем. Бо “Мерседес” музокирот ба тундӣ пеш меравад, зеро онҳо маблағи бештар мехоҳанд. Дар умум, вақте тавлиди мошинҳоро роҳандозӣ кардем, он бо тамғаи “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” ба фурӯш бароварда мешавад. Мехоҳем автобусу мошинҳои боркашро ба Қирғизистону Қазоқистон ва Афғонистон содир кунем. Зеро дар миёни кишварҳои ИДМ корхонаи мо аввалин ширкатест, ки навъи мошинҳои каммасрафи “ЕВРО 5”-ро тавлид мекунад”.

“Евро-5” меъёри аврупоист, ки вуҷуди маводи заҳролудкунандаи ҳаворо танзим мекунад ва мошинҳои дорои ин нишондод ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ ҳастанд.

Аз соли ҷорӣ то ба ҳол автобусҳои тамғаи "AKAI"-и сохти ҷопонӣ дар шаҳри Душанбе насб мешаванд. Бештаре аз автобусҳои пойтахти Тоҷикистон феълан дорои тамғаи AKAI ва ISUZI мебошанд. Дар гузашта дар вилояти Суғд корхонаҳои муштараки тавлиди автобусҳои тамғаи "ЗиЛ"-и Русия фаъол буд, вале ба далели камбуди муштарӣ ин корхона аз фаъолият бозмонд.

Гоми муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон

Султон Холов, як иқтиссоддони тоҷик дар шарҳи мавзӯи сохтмони корхонаи мошинсозӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои баъд аз касби истиқлолият таъсиси чунин як корхона аз пешравӣ ё муваффақияти соҳаи саноати кишвар далолат мекунад. Зеро, ба эътиқоди вай, ҳатто дар замони шӯравии пешин дар Тоҷикистон тавлиди мошинҳо, аз ҷумла автобусу мошинҳои борбар роҳандозӣ нашуда буд. Ба гуфтаи ӯ, “тавлиди ин миқдор мошинҳои мусофирбару борбар дар як сол барои бароварда сохтани ниёзҳои Тоҷикистон кифоят мекунад. Яъне, бештаре аз ин намуди нақлиёт барои содирот пешбинӣ мешавад. Ин барои иқтисоди Тоҷикистон як гоми муҳим мебошад. Ҳамзамон теъдоде аз сокинони Душанбе бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин мешаванд”.

Зимнан, ба гуфтаи масъулони корхонаи «Авасто-AKAI” дар марҳилаи аввали фаъолияти ин коргоҳ дастикам 200 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд. Аммо онҳо нахуст аз сӯи мутахассисони туркӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Чаро корхонаҳои дигар баста мешаванд?

Хабари таъсиси як корхонаи нави мошинсозӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бахши саноат яке аз соҳаҳои дучори мушкили иқтисоди кишвар ба шумор меравад. Ҳафтае пеш Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки аз зиёд будани шумори шаҳрвандони ҷӯёи кор дар Русия сӯҳбат мекард, гуфт, дар ду соли ахир дар кишвар аз беш аз 88 ҳазор корхона танҳо 32 ҳазораш боқӣ мондааст. Яке аз далелҳои рукуди нишондодҳо дар камбуди харидори моли истеҳсолшуда дар Тоҷикистон, ҷавобгӯи меъёрҳои бозори беруна набудани ин маҳсулот, андозбандии сангини корхонаҳо ва дигар масъалаҳо гуфта мешавад.

Бархе коршиносон мегӯянд, дар шароити кунунии Тоҷикистон шумори маҳдуди корхонаҳо тавонистанд пешрафт кунанд ва ин ҳамон ширкатҳое мебошанд, ки аз сармояҳои хориҷӣ муваффақ истифода бурда, ба доираҳои ҳукуматӣ ҳам наздик шуданд. Бархе аз ин ширкатҳо аз имтиёзҳо, ба мисли озод будан аз пардохтҳои гумрукӣ ба ҳангоми воридоти маҳсулот аз хориҷа баҳравар шудаанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии «Avesto GRUPP» ин ширкати тиҷоративу сохтмонӣ ва иҷтимоӣ моҳи декабри соли 2016 таъсис шудааст. Соли гузашта ин ширкат дар воридсозии автобусҳои "ISUZI" ва сипас роҳандозии насби автобусҳои "AKAI" дар шаҳри Душанбе коршарик буд. Дар аввали соли ҷорӣ бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими мавриди истифода қарор додани корхонаи тавлиди оби ошомидании “Сиёма” дар зарфҳои пластикӣ баргузор шуда буд. Ҳамзамон ин ширкат молики чанд сардхонаҳо барои нигаҳдории меваю сабзавот мебошад. Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ин ширкат машғули сохтмони корхонаи тавлиди маводди мунфаҷира мебошад. Аммо дар пойтахти Тоҷикистон “Авасто GRUPP” масъули роҳандозии низоми пардохти ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари Душанбе тавассути кортҳои пластикӣ ва нишонӣ задан дар ҷоддаҳои пойтахт интихоб шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG