Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии бародари Мирзо-Ҷага


Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Сулаймон Зиёев, бародари Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо-Ҷага -- собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик - худро дар Тавилдара ба дор овехтааст.

Саидраҳмон Аҳмадов, як сокини Тавилдара ва аз наздикони Сулаймон Зиёев ба Радиои Озодӣ гуфт, Сулаймони 27-сола ҳанӯз рӯзи 12 апрел худро овехтааст.

Ба гуфтаи Саидраҳмон Аҳмадов, Сулаймон ду моҳ пеш - дар поёни моҳи феврал - аз маҳбаси Ёвон озод шуда, ба Тавилдара омад ва дар ҳоле ки аз саломатияш шикоят мекард, осори шароити маҳбас дар рафтор ва гуфтори вай мушоҳида мешуд. Ин манбаъ мегӯяд, Сулаймон ҳатто то андозае гирифтори шикасти равонӣ шуда буд. Ҷасади Сулаймон Зиёев дар ноҳияи Панҷ вилояти Хатлон ба хок супурда шудаст.

Сулаймон Зиёев ҳамроҳи дигар наздикони генерали собиқ Мирзо Зиёев дар соли 2010 барои ҳамдастӣ дар ошӯбҳои соли 2009 дар Тавилдара, ки Мирзо Зиёев ҳам дар ҷараёни ҳамон нооромиҳо кушта шуд, аз тарафи Додгоҳи олӣ ба зиндон маҳкум шуд.

Аммо пас аз фирори пурсарусадои гурӯҳи 25-нафараи маҳбусони боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ дар таърихи 22 ба 23 августи соли 2011, Сулаймон Зиёев ва Додарҷон Булбулов низ бао ҷурми хабар надодан ба мақомот аз ин ҷиноят дубора ҳукми зиндон гирифтанд.

Дар тобистони соли 2009 мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ноҳияи Тавилдара амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ба роҳ андохтанд. Гуфта мешуд, ки як гурӯҳи ҷангиёни собиқи оппозисиюн ба раҳбарии Неъмат Азизов "бо ташкили як иттиҳоди мусаллаҳи ҷиноӣ қасд доштанд, ки бо истифода аз зӯр ва силоҳ ҳокимият дар Тоҷикистонро ба даст оваранд." Дар ҷараёни амалиёти саркӯби ин нирӯҳо, ки чанд моҳ таҳти чатри амалиёти "Кӯкнор-2009" идома дошт, худи Мирзо Зиёев, ки баъди барканориаш аз мақоми вазири ҳолатҳои фавқулодда тақрибан ду сол боз дар ватани бобоияш - Тавилдара - макон карда буд, ибтидо боздошт ва баъдан дар як шароити мармуз ба ҳалокат расид. Мақомот мегуфтанд, ки ӯ дар як даргирӣ бо ҷангиён кушта шуд. Баъдан гуфта шуд, ки Мирзо Зиёев низ дар ин қасди ошӯб ҳамдаст буд.

Дар амалиёти Тавилдара дар тобистони соли 2009 дар маҷмӯъ 11 нафар кушта, 49 нафар, бо шумули ду писари Мирзо Зиёев - Саидаҳмад ва Муҳаммадризо- ва дастикам 4 бародари ӯ дастгир ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.
XS
SM
MD
LG