Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Бишкек афроди номаълум бародари депутати парлумони Қирғизистон Аида Саляноваро аз тири туфанг ба қатл расонданд. Вазорати умури дохилаи Қирғизистон, ки ин қазияро таҳқиқ мекунад, чанд фарзияи кушторро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳанӯз дар заминаи эҳтимоли иртибот доштани ин ҳодиса ба фаъолияти кории Аида Салянова чизе гуфта намешавад.

Ҳодиса соати 1:30 шаби 6 ноябр рух дод. Ҳамлагарон ба сӯи Улан Салянови 42-сола аз тири туфанг оташ кушода аз ҷои ҳодиса нопадид шуданд. Мушаххас шудааст, ки чанд нафари номаълум бо ниқоб дар рӯй ба хонаи Улан Салянов даромада ӯро ба қатл расониданд. Салянов дар роҳ ба бемористон ҷон дод. Дар лаҳзае, ки ҳамла сурат гирифт, дар дохили манзил худи соҳиби хона, ҳамсар ва писари 17-солаи ӯ қарор доштанд.

Таҳқиқи ҳодиса ва ҳам ҷустуҷӯи ҳамлагарони эҳтимолӣ шурӯъ шудааст. Парванда аз рӯи моддаи “куштор” таҳқиқ мешавад.

Ҳамлагарон ду нафар буданд

Амаки марди кушташуда – Қорибек Салянов дар сӯҳбат бо Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки лаҳзае, ки ҳамлагарон ба хона даромаданд, Улан Салянов намоз мехонд. Қорибек Салянов гуфт, ки ба нақли ҳамсари кушташуда, дар ин ҳодиса ду мард даст доранд. Ба гуфтаи амаки хонадон, дар бораи ин ки Улан эҳтимолан душман дошт, бехабар аст.

Аида Салянова, депутати маҷлиси Қирғизистон аз ҳизби мухолифи “Ота Макон” дар гузашта дар мақоми додситони кулл кор кардааст. Рӯзи 10 октябр додгоҳи ноҳияи Ленинскии шаҳри Бишкек Саляноваро дар сӯиистифода аз мақом муттаҳам кард, ки ба даврони вазири адлия будани ӯ рабт мегирад. Салянова ба 5 соли зиндон ва мусодираи амвол муттаҳам шуд. Мӯҳлати иҷрои ҷазо то замони 14-сола шудани духтарчаи ҳоло 2-солаи Салянова таъйин шудааст. Вакилони дифои Салянова аз болои ин қарор ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG