Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти арӯсрабоӣ дар Қирғизистон шадидтар мешавад


Дар Қирғизистон соле 12 ҳазор ҳодисаи арӯсрабоӣ мушоҳида мешавад.

Парлумони Қирғизистон мехоҳад мӯҳлати муҷозот барои арӯсрабоиро тӯлонитар ва ҷазоро шадидтар кунад. Тарафдорони ин тағйирот мегӯянд, ки қонуни навшуда ҳуқуқи духтарону занонро аз ин одати даврони қадима беҳтар ҳимоят хоҳад кард.
Тибқи қонунҳои Қирғизистон барои дуздии гов 11 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале мардоне, ки духтарони ноболиғро медузданд ва баъдан онҳоро маҷбуран ба никоҳи худ медароранд, дар сурати собит шудани ин гуноҳашон танҳо то се сол зиндонӣ мешаванд.

Ин қонун ҳамакнун бояд каме дигар шавад.Тарҳи қонуне, ки ҳоло дар дасти баррасии парлумон аст, шадидтарин меъёри муҷозот барои рабудани арӯси то 17-соларо дар ҳудуди то 10 соли зиндон муқаррар кардааст. Барои рабудани духтари аз 17-сола боло то панҷ соли зиндон пешбинӣ хоҳад шуд.

Тарҳи ин қонун, ки рӯзи 18 октябр аз қироати дуюм гузаштааст, ҳоло боз як давраи дигари ошноиро гузашта баъдан бояд аз ҷониби президент Алмосбек Отамбоев имзо шавад. Муҷозоти нав ҳамоно аз мӯҳлати муҷозот барои ғорати амвол камтар хоҳад буд, вале, ба қавли фаъолон, ҳамоно аз он чи ки то ҳол амал мекард, бамаротиб беҳтар аст.

Илова ба ҳимояи ҳуқуқи занон, қонуни нав метавонад амалан пеши роҳи издивоҷҳои бармаҳал бо духтарҳои ноболиғро бигирад. Бонура Абдиева,
раҳбари як созмони мудофеи ҳуқуқи занон рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни як раҳпаймоие дар муқобили парлумони Қирғизистон гуфт:

  • Моддаи 155-уми Кодекси ҷиноӣ, ки ба масъалаи рабоиши арӯсони наврас марбут аст, бояд билофосила ба ҳукми иҷро дарояд. Арӯсрабоӣ бо қонунҳои шариат ва қонунҳои давлат мухолифат мекунад.

Дар ин раҳпаймоии эътирозиашон фаъолони ҳуқуқи занон варақеро бо акси духтараки 20-солае паҳн мекарданд, ки даст ба худкушӣ задааст. Ирис Қосимбои 20-сола баъди он, ки маҷбуран ба марди рабояндаи худ расида, бо ӯ равобити маҳрамонаи иҷборӣ доштааст, даст ба худкушӣ задааст. Ин мард баъдан моҳи сентябри имсол дар вилояти шимолушарқии Иссиқкӯл барои дуздӣ ва таҷовузи духтарак ба шаш соли зиндон маҳкум шуд. Ин шадидтарин муҷозот дар таърихи навини Қирғизистон барои чунин навъ ҷиноят будааст.

Мухолифони шадидшавии муқаррарот мегӯянд, ки арӯсрабоӣ ҷиноят набуда, як бахши расму оинҳои бобоии мардуми қирғиз аст. Аз ҳамин хотир, вақте судҳои Қирғизистон ҳар сол садҳо қазияи дуздии амволи хусусиро баррасӣ мекунанд, танҳо чанд қазияи марбут ба арӯсрабоӣ то ба марҳилаи муҳокимаи судӣ мерасад.

Дар бисёр ҳолатҳо, арӯсони рабудашуда ба сарнавишт тан медиҳанд ва ин мардро шавҳар ва падари фарзандон мехонанд. Бо вуҷуди ин ки иттилои дақиқе дар заминаи шумори ҳодисаҳои арӯсрабоӣ ва издивоҷҳои маҷбурӣ дар даст нест, вале тибқи ҳисобҳои баъзе фаъолони ҳуқуқи инсон, соле на камтар аз 12 ҳазор ҳодисаи арӯсрабоӣ ва издивоҷҳои маҷбурӣ ба қайд гирифта мешавад.

Дар як гузориши СММ аз соли 2011 гуфта мешавад, ки дар манотиқи рустову дурдасти ин кишвар дар 80 дар сади ҳолатҳо тӯйҳо дар натиҷаи арӯсрабоӣ барпо мешаванд. Як сабаби аслии роиҷ будани ин анъана дар замони имрӯз ин аст, ки баъди рабудани арӯс домод метавонад аз барпо кардани тӯи бодабдабаи арӯсӣ, доду гирифтҳои пуливу ҷиҳозу дигар хароҷоти иқтисодӣ озод бошад.

Вале тавре занҳои бо ин роҳ оиладоршуда ва ҳам фаъолони ҳуқуқи зан мегӯянд, арӯсрабоӣ ва ҳам равобити маҳрамонаи иҷборӣ бо марди дилнохоҳ ба зеҳни духтарҳои ҷавон осеби амиқи равонӣ мерасонад. Ин масъала яке аз ҷиддитарин мушкилоти марбут ба хушунати занон дар Қирғизистон будааст.
XS
SM
MD
LG