Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин бор барои ҳамеша омадам." Бозгашти Сиёвуш

Сиёвуш Ҷунайдӣ як рӯз қабл аз бозгашт ба Душанбе. Бишкек, 25-уми июли 2026
Сиёвуш Ҷунайдӣ як рӯз қабл аз бозгашт ба Душанбе. Бишкек, 25-уми июли 2026

Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоири навгӯи адабиёти тоҷик, пас аз муҳоҷирати тӯлонӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ дар 30-солагӣ, дар рӯзҳои ҷанги хонагии тоҷикон, аз кишвар рафта буд. Акнун 63-сола аст.

"Албатта, тайи бештар аз сӣ сол борҳо ба Тоҷикистон омадам. Аммо хосият ва вижагии ин лаҳза он аст, ки ин бор барои ҳамеша омадаам," – гуфт ӯ рӯзи 26-уми июл дар Фурудгоҳи Душанбе ба хабарнигорони Радиои Озодӣ.

"Ба мусофират раванд, аммо ғариб набошанд"

Пешвози Сиёвуш Ҷунайдӣ дар Фурудгоҳи Душанбе, 26-уми июли 2026
Пешвози Сиёвуш Ҷунайдӣ дар Фурудгоҳи Душанбе, 26-уми июли 2026

Сиёвуш Ҷунайдӣ дар соли 1993 чун шумори зиёде аз фарҳангиёну рӯшанфикрон Тоҷикистонро дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ тарк кард ва муқими шаҳри Бишкек шуд. Ҳарчанд ҷанги шаҳрвандии панҷсола дар соли 1997 бо сулҳ ба поён расид, ғурбати бархе аз фарҳангиён ба дарозо кашид.

"Хоҳ боваратон бишавад, хоҳ на, сӣ солро ҳамеша бо эҳсоси бозгашт ба ватан зиндагӣ кардем. Тавре мегӯянд, “рӯйи ҷомадон зиндагӣ кардем”. Ман китобҳое доштам, ки солҳо бастабандияшон боз нашудааст. Чаро? Барои он ки мегуфтам, меравам хона, меравам Тоҷикистон ва онҷо сари фурсат мехонам," – нақл кард ӯ.

Сиёвуш Ҷунайдӣ як рӯз пеш аз бозгашташ ба хабарнигорони Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, аз Бишкек бо кӯлбори хотироти хуш бармегардад. Ӯ афзуд: "Мехоҳам пулҳои мавҷудаи миёни ду кишварро зиёду мустаҳкам кунам. Шояд ман назокатҳоеро аз ин ҷо медонам, ки дар Тоҷикистон намедонанд ва ҷанбаҳоеро аз он ҷо медонам, ки дар Қирғизистон намедонанд. Ман дар доираи донишу имконоти худ мехоҳам маҳз равобити адабиро таҳким бубахшам. Зеро дар бахши театр мо аллакай ин ҷо сафири худ Барзу Абдураззоқовро дорем."

Қурбони Собир
Қурбони Собир

Рӯзи 26-уми июл дар Фурудгоҳи Душанбе шоирро шуморе аз фарҳангиёну дӯстони деринааш пешвоз гирифтанд. Ҳунарманди шинохта Қурбони Собир гуфт, “ман бисёр эҳсоси шодӣ дорам. Худоро шукр, дигар паём намефиристем ва худамон барои диданаш меравем."

Шоир мегӯяд, баргаштан ба Ватан баъд аз солҳо “эҳсоси хосест, ки онро бояд таҷриба кард”, зеро тасвири ин ҳолат ҳатто барои касе, ки даъвои шоирӣ дорад, душвор аст. Ривояташ аз ғурбату дарбадарӣ низ мусбат нест.

Сиёвуш Ҷунайдӣ гуфт: “Аз Худованд мехоҳам, ҳаргиз барои ҳеч инсоне, бавижа ҳамшаҳриҳои ман, далеле набошад барои ҳамчунин ғурбате. Мусофират бираванд, барои таҳсил, барои тамошо, барои кор, вале ғариб набошанд, муҳоҷир набошанд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Шоири тоҷик Сиёвуш Ҷунайдӣ ба ватан баргашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:59 0:00

"Иттифоқи нохушоянд" бо бастаи китобҳо

Шоир худ аз роҳи ҳавоӣ ба Ватан баргашт, китобҳои дар ғурбат ҷамъ овардаашро аз роҳи заминӣ фиристодааст. Аммо дар марзи шарқии Тоҷикистон бо Қирғизистон китобҳо аз сӯйи марзбонони тоҷик ба далели будани китобҳои форсию арабӣ барои ташхис мусодира шудаанд. Ҳоло мегӯяд, ин “иттифоқи нохушоянд” ӯро нигарон кардааст.

“Як иштибоҳе кардам, ки аз қабл аз он созмонҳои муртабит нома нагирифтам, дар ҷараён нагузоштам, ки ман дорам китоб меорам. Албатта, китобхонаи хусусии худам ҳаст. Ва ин сӯйитафоҳум пеш омад. Дӯстон маро умедвор мекунанд, ки мушкили хосе дар миён нест,” – афзуд ӯ.

Ҳоло Сиёвуш Ҷунайдӣ аз доштани нақшаҳои зиёде ҳарф мезанад: "Дар робита бо шаби шеъру инҳо. Чаро на? Агар хонанда аз ман ҳамчунин интизоре дошта бошад, ба ҷону дил омода ҳастам, ки посухи ин интизорашро бидиҳам."

Ҷумъаи Мирзо
Ҷумъаи Мирзо

Ҷумъаи Мирзо, рӯзноманигор ва аз дӯстони шоир мегӯяд, Сиёвуш дар ин 33 сол маҳсули фаровони эҷодӣ дорад.

“Имрӯз вақти он расидааст, ки бо ибтикору дастгирии масъулин ва ҳаводорони эҷодиёти Сиёвуш онҳо бояд ба дасти хонанда бирасанд, набояд архив шаванд. Ҳам драма, ҳам тарҷума, ҳам девони ғазал, ҳам девони шеърҳои кӯтоҳу сафед, ҳам он тарҷумаҳои олие, ки кардаанд. Ҳам он сафарномаҳо, ки гумон мекунам барои чандин ҷилд басанда аст.”

Шоири фирорӣ аз ҷанг акнун ба ин суол посух медиҳад, ки барои як эҷодкор чӣ фазое бояд дар кишвар мусоид бошад, ҳарчанд ба ин пиндор нест, ки бояд ҳатман ба шоирон имтиёзи хосе дода шавад.

Сиёвуш Ҷунайдӣ гуфт, “мисли ҳар касбу кори дигар як шоир метавонад барои худаш як шароити хубе аз ҳар роҳе эҷод бикунад. Вале ин ки мо аз ватан чизи хосе бихоҳем, имтиёзи хосе бихоҳем, шароити хосе бихоҳем, то як шеъре барояш бигӯем, ба назари ман, комилан иштибоҳ аст.”

Пеш аз Сиёвуш Ҷунайдӣ чеҳраҳои дигари маъруф ба Тоҷикистон баргаштанд ва ҳам бархе аз онҳо пас аз чанд сол дубора роҳи ҳиҷратро дар пеш гирифтанд.

Навор дар Инстаграм:

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG